Бахшҳо

Ёрдамчии Президент дар бораи “мулло”-ҳои ноогоҳ, ифротгароӣ ва танбалии олимони тоҷик

Академик Абдуҷаббор Раҳмонов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз камфаъолиятии уламои дину олимони дунявӣ дар муқобили салафиҳою ифротгароён интиқод намуд.

Раҳмонов, ки имрӯз, 27-уми май зимни конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ” суханронӣ мекард, аз уламои кишвар даъват намуд, ба матлабҳои ифротгароён посух диҳанд. Ӯ афзуд, дар баробари мақомот, ки барои пешгирии ифротгароӣ дар кишвар талош мекунанд, имрӯз вақти он расидааст, ки олимон низ дар ин самт фаъол бошанд.

Раҳмонов аз уламои тоҷик даъват кард, ба он матлабҳое, ки зидди мазҳаби ҳанафӣ ва зидди муносибати дину давлат дар Тоҷикистон навишта мешаванд, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ, дини мубини Ислом ва сиёсати давлат ҷавоб диҳанд.

Ёрдамчии президент оид ба робита бо ҷомеа инчунин аз он нигаронӣ кард, ки бархе уламои ноогоҳ дар кишвар ҳадиси оятҳоро ғалат шарҳ медиҳанд ва ин низ боиси гаравидани ҷавонони ноогоҳ аз асли Ислом ба ҳаракатҳои ифротӣ шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов барои решакан намудани ифротгароӣ дар Тоҷикистон зарур хонд, ки уламои кишвар дар масоҷид хавфи хатари чунин ҳаракатҳоро шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Конфронси “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ” феълан дар Душанбе идома дорад ва “Озодагон” аз ҷараёни он дар зудтарин фурсат матолиби дигарро нашр хоҳад кард.
Мӯҳр
хакгу1505
Озодагон! барои чи комментарияи маро дчоп намекуни? ман вакт сарф карда онро навиштаам. Ё ягон гапи хато навистагиям? комментарияи каблан навиштаи маро чоп кун, вагар на дигар ягон ахбората хакикат хисоб намекунам!

Одил
Бародар Абдучабборр ман Фикр кардам ки дар барои каблукхои занхои ДОИШ-и чаласа ташкил кардед шумо сапоЖник ку Дар донишгохи Омузгори то кафшхои дониш чуён кордор будед на ба илми дониш чуён Ман читавр башумобарин Академикзо ифтихор кунам намедонам

кадушо
ин Абдужаборро саллара биёр гуи, сад фоиз каллара меорад, хело эхсосоти ва мансабталошу беандеша аст, шиораш гур сузаду дег чущад аст!

Мирон
Сад сад рост ва сари вакти аст. Хама чавонон рафта мурда хайф шуда истоданд, дар мулкхои бегона. Он чо чанги давлатхои абаркудрат рафта истодаст...Магзои сари чавононро мешуянд ба зомби монанд мешаванд. Пешниходи хуб аст, ман тарафдор хастам. ..

Кулябец
Хама андешахоро тахлил карда ба чунин хулосае омадам,ки дар хакикат патриотхо бисёранд ва ободии Ватанро мехоханд! Аммо сад афсус, ки аз чониби хукумат дастгирие нест. Дастгириро дар бозгашти мухочирини дар азоб, бо маблаги карзи имтиёзнок таъмин намудани сохибкорон, ба по хезонидани агрария мебинем . Лекин барномахо ва маблагхо хасту ба кучо сарф мешаванд номаълум. Ба кариби Чин барои дастгирии сохибкорони точик маблаги муайяне чудо карданд. Кучо мешавад ин маблагхо??

Jonik
Ey beshuxi man namefahmam charo president hamin rahmonovro dar barash kapida istodaast. Bovar kuned hamin akademikiro ham hayf kardaast. In ki hud hub suhbat karda nametavonad. fakat laganbardori janob hast. Hamin kas bud ki dar vakti vaziri maorif budanash satro dar donishgohho man kard.

Собит
ки сухана ба и бесавода додаст...гушм кн...

хакгу1505
Озодагон. Аз ту илтимос кунем ки суханои моро яоп кун. Е худи ту агенти давлатии? Барои онки сухани хака яоп накарди! Ниятат нопокаст озодагон! Вз бовари баромади!!!!

Точик
Аз ин бар меояд, ки "Академик" Абдучаббор Рахмонов пайрави кадом мазхаб будани чомеаи Точикистонро медонистаст. Вале дар пурра талаффуз намудани ному насаб ва кунияти пешвои ин мазхаб эхтимол очизи кашад. Намедонам чаро огои Рахмонов ин кадар ба арзишхои исломи часпидааст. То чое медонам, замони устоди факултаи филологияи Университети давлатии Точикистон буданаш аз чониби майдоншинхои майдони Озоди дар зери таххонаи Шурои Оли лату куб шуда буд, ки голибан мардуми вилояти Кулоб буданд, ки баъдан устодаш мархум Худойназар Асозода дар чонаш даромада буд. Агар хамин гуна муносибатро нисбати у майдондорхои Шахидон раво медиданд, пас, ин хама кинаву адоват чун оина равшан мебуд.
Фикр мекунам, агар уламои хукуматии Точикистон дар киболи ин падида ба эхсосот дода шаванд. муътакидам, ки ба зуди чанги лафзии шадиде ба вучуд хохад омад.
Барои гурез аз ин мусибат бояд фархангу маданияти динию мазхабии миллатро боло бурд, ки ин кор танхо ба воситаи мавъиза даст намедихад. Зеро дар чахони имруз дар шакл гирифтани миллатхо бештар арзишхои мазхаби низ таъсиргузоранд.
Озоди илтимос чоп куне. Каблан сипосгузорам.

кулоб2020
саолм
ман гуфтанияюм ки танҳо мазҳаби шиа ҷаҳонро кифоят мекунад, ва метонад ҳукмат кунад, дагар мазҳабҳо тавоноии ҳукумат карданро надорад. мазҳаби ҳанфи ин қудратро надрад ва аҳкомаш кифоят намекуанд. марҳамат рафта хонеду таҳқиқ кунед. Аммо бе ғараз.

ман гуфтания ки ҳар кас дар кишвар маулияташро худ хуб анҷом бидиҳад на факре пайдо мешавад на ихтилофе. Аксарияти масулону мансабдорон аз тариқи тағабози ва одамдори ба мансаб расидаанд. пас то ин хешутаборбози тамом нашавад на кишваре обод мешавад на ҳатто қишрлоқе.

far hukumat kor mekunad. Bo ittihom az vazifa barkanor shuda,,kursii mushoviriro sohib shud

каричмон аз восе
ту худат барои пешрафти ҷомеа ва миллат чи кор карди, ва инчунии ҳар як масули кишвар ин саволро ҷавоб диҳад.
ки бо дини мардум душмани кард ва ҷавононро бо ин кор маҷбур кард ки ба давлати дуруғи исломии дииш, илом ва давлати исломи гуфта рафатаанд.

Сабаби гаравидани ҷавонон ба сафи исломиёни ифротӣ на танҳо сатҳи пасти саводнокии онҳост. Банда шоҳиди онам, ки мардони дуруст саводнок, дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла яке донандаи забони англисӣ низ мафтуни ҷарёни салафия мебошанд. Барои онҳо ин дунё арзише надорад ва ҳастии воқеӣ он дунё аст. Ин афрод зери таблиғу ташвиқи қавии мутахассисони салафӣ қарор доштаанд ва ҳозиранд барои ислом ҷони на танҳо худро, балки аҳли оилаи хешро низ қурбон бикунанд. Орзӯи шаҳид шуданро доранд. Алъон ягона роҳи биҳиштро дар шаҳид шудан дар ҷабҳа (ҷанг) мебинанд. Ҳар гуна вазъияти бади иқтисодӣ баҳонае беш нест. Фактори асосӣ фанатизм аст. Ин фанатизми исломӣ ҳоло дарди сари тамоми дунё шудааст. Ҳамин аст, ки дар бисёре аз кишварҳо тазоҳуроти зиддиисломӣ зиёд шуда истодааст. Европоиё метарсанд, ки ҳамсояи мусулмонаш мусулмони сулҳомез аст ё террористи ашад. Охир размандагони ДИИШ нафрати хешро нисбат ба аҳли ғайриддин ошкор баён карда, бо қатлу таҷовуз ба номусу амволу нобуд кардани ёдгориҳои таърихии пешазисломӣ собит сохта истодаанд. Тоҷикистони мо, ки ҳамчун давлати соҳибистиқлол як тифли хурдро мемонад, дар баробари ин чалишҳои динӣ хеле ноустувор аст. Мардум, ки аз фасодкориҳои иҷтимоӣ ба дод омадаанд, фардо вазифаи хешро дар пур кардани сафи лашкарони муллоҳо хоҳанд дид. Пас аз он на макотиб хоҳад монду на донишгоҳу донишкада ва на ёдгориҳои таърихӣ. Тавре мегӯянд: ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)