Посухи Абдуғаффор Юсуфов ба нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон
Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон тавсия додааст, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накунад.
Нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон рӯзи 16 майи соли равон дар матлабе унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишварро ба баҳс кашида, навишт, мақомоти давлатӣ аз баҳсҳои ришу ҳиҷоб канор истода, ба рушди иқтисод рӯй биёварад, ки роҳи наҷот аз гуруҳҳои ифротист.
Абдуғаффор Юсуфов бо навиштани посух ба ин нашрия гуфтааст, “чунин “дилсӯзиҳо” танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам эҷоди тафриқаву иғво, ба гуруҳҳо ҷудо сохтани мусулмонону бадном сохтани миллати сулҳпарвар аст”.
Дар ин матлаб, ки торнамои расмии Кумитаи дини Тоҷикистон нашр кардааст, муаллиф аз масъулини “Ҳашти субҳ” мепурсад, “оё шумо ҳамаи масоили марбут ба мушкилоти дохилии худро ҳал кардаед, ки ҳамакнун ба мушкилоти кишварҳои дигар “расидагӣ” мекунед?”
Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита дин дар идома мегӯяд, “агар нашрияи “Ҳашти субҳ” қобилияти мумтози таҳлилиро доро бошад, чаро вазъи ҳолии Афғонистонро таҳлилу баррасӣ намекунад, то бо ин амал ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию амниятии кишвари ба мо ҳамсоя мусоидат кунад? Оё маҳз чунин иғвогарӣ ва мазҳабталошии баъзе гуруҳҳои ифротӣ набуд, ки мардуми шарифи афғон то имрӯз дар вазъи нохуби амнияти басар мебаранд? Мебоист, нашрияи мазкур ва мутахассисону коршиносони зархариди хоҷагони беруна аввал ба мушкилоти дохилии худ таваҷҷўҳ намуда, дар пайи ислоҳи ҷомеаи Афғонистонмешуданд. Зеро амну суботи Афғонистон барои мо ҳамчун як кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ниҳоятан ҳамдин басо муҳим аст”.
Муаллиф дар идома ба давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистон таъкид намуда, мегӯяд, “ба маслиҳат ва тавсияҳои чунин “коршиносон”, ки бар асоси маълумоти нодурусту иғвоангез таҳия гардидаанд, эҳтиёҷ надорад”. Абдуғаффор Юсуфов мегӯяд, “ба маълумоти нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон ва дигар зархаридони хориҷӣ, ки мехоҳанд мардуми шарифи тоҷикро низ ба шӯр оварда, дар ватани азизамон тухми кинаву адоват коранд, мерасонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама саъйу кушиши худро ба он равона сохтааст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳоли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ гирифтор нашуда, мусулмонони ҷумҳурӣ дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву амният умр ба сар баранд”.
Дар поёни матлаб ӯ аз нашрияи “Ҳашти субҳ” ва дигар коршиносони масоили динӣ ва руҳониёни маъруф хоҳиш кардааст, “ба корҳои дохилии давлати соҳибистиқлол дахолат нанамуда, бар он бикушанд, то аввал худро ислоҳ кунанд, ватани худро ободу ором кунанд, сипас ба ҳамсоя назар намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |