АКСУ ВИДЕО: Дарёфти санге бо "навиштаи Аллоҳу Муҳаммад" дар Ҳисор
Як сокини ноҳияи Ҳисор иддао дорад, сангеро бо навиштаи Аллоҳу Муҳаммад пайдо кардааст, ки беш аз панҷ ҳазор сол таърих дорад.
Бадриддин Сафаралиев, сокини ноҳияи Ҳисор имрӯз, 12 май сангеро ба дафтари “Озодагон” оварда гуфт, рӯи он калимаи “Аллоҳ” ва “Муҳаммад” навишта шудааст. Ӯ мегӯяд, сангро рӯзи 12 апрел замони чидани занбуруғ дар доманакуҳ пайдо кард: “Санг лойолуд буд, онро хона оварда шӯстам, ки ҳарфҳои арабӣ дорад. Бегоҳӣ онро гирифта, пеши домуллои масҷид бурдам, ӯ гуфт, дар санг калимаи “Салаллоҳ” навишта шудааст”.
Ба гуфтаи Бадриддин, субҳи рӯзи дигар сангро ба идораи муфтиёт овард. Як масъули ин ниҳод баъди аз назаргузарондани он гуфтааст, навиштаҳои санг - Муҳаммад (с), Салаллоҳ ва Аллоҳ аст. Оқои Сафаралиев мегӯяд, дар Шӯрои уламо ба ӯ маслиҳат додаанд, беҳтар аст, онро ба мутахассисон нишон бидиҳад. Баҳриддин ба қалъаи Ҳисор, ки онҷо археологҳо кор мекардаанд, меравад: “Ба онҳо нишон додам, гуфтанд, биё 1000 сомонӣ медиҳем сангро деҳ, дар қалъа монему гӯем, ки аз ҳаминҷо ёфтем. Аммо дар бораи таърихаш гуфтанд, ҳеч чиз намедонем”.
Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барои фурӯхтани санги ёфтааш розӣ нашуду онро бо маслиҳати чанд нафар ба Геология тоҷик овард: “Ин ҷо баъд аз як санҷиш гуфтанд, санг таърихи 270 миллионсола ва навиштаҷоти он таърихи беш аз панҷ ҳазорсола дорад”.
Ба қавли Бадриддин, баъди овоза шудани хабари пайдо кардани санг даҳҳо нафар ба хонааш омада, онро аз назар мегузаронанду фикри худро атрофи он мегуянд: “Масалан, яке аз онҳо гуфт, 1400 сол пеш номи пайғомбарро дар ҳар куҷо навишта партофтаанд”.
Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, Геологияи тоҷику Осорхонаи Бостоншиносӣ аз ӯ хостаанд, сангро ба онҳо бидиҳад. Инчунин масъулини ҷамоати Ҳисор тақозо кардаанд, онро ба осорхонае таслим кунад, ки бахшида ба сеҳазорсолагии Ҳисор бунёд мешавад. Аммо Бадриддин мегӯяд, то таърихи дақиқи сангро муайян насозад, онро ба ягон ҷой намедиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |