Бахшҳо

САДО: Суруди бадахшии Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров

Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров, овозхонҳои маъруфи тоҷик сурудеро сабт кардаанд, ки қисмате аз он бо забони рушонӣ иҷро мешавад.

Ин тарона, ки аз “даргилак” оғоз шудааст, дар ҳоле вориди бозор шуд, ки имсол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз нақшаи баргузории Фестивали мусиқии “Даргилак” дар Душанбе хабар дод.

Дар шарҳи Вазорати фарҳанг омадааст, “дар Бадахшон сурудҳои мардумӣ хеле маъмул буда, жанрҳои фалак, мадҳияхонӣ, дафсоз (хонишҳои гуруҳии доирадастон), Даргилак, лалаик, булбулик, нанаик ва лапархонӣ ҳамчун падидаи нодир дар мусиқии суннатии мардум маҳсуб ёфта, то имрӯз мавқеи худро дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардум нигоҳ доштаанд”.

Вазорати фарҳанг ҳадаф аз баргузории Фестивали “Даргилак”-ро “ҳифзи суннатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва эҳёи мероси суннатии ниёгон, арзишҳои фарҳангии ғайримоддӣ, ҷонибдорӣ аз асолати фарҳангии ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон” хондааст ва мусиқии суннатиро яке аз заминаҳо ва шаклу намудҳои фарҳанги Тоҷикистони муосир донистааст.

Зоҳиран, ин аввалин таронаи якҷои Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров аст. Дар чанд соли ахир бо забони бадахшӣ иҷро кардани тарона миёни овозхонҳои маъруфи попи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст. То имрӯз Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова ва Нигина Амонқуллова сурудҳоеро бо ин забон пешниҳод кардаанд.


Мӯҳр
Кандота бзан апаи Шабнам. 1таи. Шабнама да хама чо дуст медоран. Аз руи Шабнами сурайё моро дар тамоми дунё мешиносанд, ки мо чунин овозхони зебову дилгарм дорем. Мувафакият ба апаи Шабнам

Супер.От души спели молодцы.

Pamir
Nobovar Shabnam Molodtsi. Priezzhayte na Pamir s gostrolyami PLeeease!!!!!

Ai veroda bazmat chuj. Maren Dil Dil Ay Diluma

Хайфи он рузхое ки бо хичоб буданду хофизи намекарданд, касметик, намекарданд, фахшу фоишагари намекарданд вой бар холи он касоне ки ин амалро дидаву дониста ичро мекунанд...

бо Нигина Амонкулова хондани шухрат сайнаков ба дарачаи оли буд. лекин бо шабнам маъкул нашуд. ин чи раксу ин чи либос. МАСХАРАБОЗИ Нобовар бубахш лекин хонданат бо ин бону нашуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)