Бахшҳо

(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...

Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи мухолифин ва як гуруҳ имомхатибони масоҷиди минтақаи Рашт имрӯз, 27-уми феврал тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон баромад карда, аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки дар интихобот аз Ҳизби Ҷаноби Олӣ пуштибонӣ кунанд.

Руҳониёни Рашт бо раҳбарии сархатиби худ ҷонибдории хешро аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) эълон карда, таъкид намуданд, ки рӯзи 1 марти соли равон дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдорӣ аз ин ҳизб овоз хоҳанд дод. Ин гуруҳи руҳониёни минтақаи Рашт, ки дар даст аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон доштанд, афзуданд, ки ба нерӯ ва тавоноии ин ҳизб барои наҷот додани онҳо аз ҳар гуна хатару чанги камбағалӣ бовар доранд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов зимни ин гузориш баромад карда, изҳор дошт, ки тавре Ҷаноби Олӣ дар паёмашон ба парлумон, гуфтанд, “вақте ҷойнамозро гузоштед, дар ҳаққи тинҷию оромӣ дуо кунед. Ман ҳам даъват мекунам, ки мусалмонони кишвар дар ҳаққи оромӣ дуо кунан. Мо дида истодаем давлатҳои абарқудрате, ки дар гирду атрофи мо ҳастанд, мехоҳанд моро ҷангу ҷидол андозанд. Аммо чун зӯри мо ба вайҳо ба ҳеч тариқат намерасад, мо мусаламонони тоҷик беҳтарин силоҳ дорем. Мо дуо мекунем, ки Худо вайҳоро ба мақсадашон нарасонад, мамлакатро моро тинҷ нигаҳ дорад. Ман аз ҳамаи сархатибони Тоҷикистон, илтимосу хоҳиш мекунам, ки беҳтарин силоҳи мо назди Худованд дуо аст ва дар ҳаққи миллати тоҷик, тинҷии Ватан ва дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуои нек кунед, ки Худованд моро аз ин балоҳо нигоҳ дорад”.

Мирзохӯҷа Аҳмадов



Яке аз онҳо, ки худро Сархатиби минтақаи Рашт муаррифӣ намуд, таъкид кард, ки 1 марти соли равон ҳамаи онҳо ба тарафдорӣ аз ҲХДТ овоз хоҳанд дод: “Вазифаи сархатибии ноҳияи Раштонзамин бар дхши ман аст ва дар ин минтақа 6 масҷиди ҷомеъ ва 143 масҷиди панҷвақта фаъолият дораду дар ҳамаи онҳо вохуриҳо анҷом додаем. Бо итминони қалб гуфта метавонем, тамоми намозгузорони онҳо ваъда додаанд, ки ҷонибдори сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмону сиёсатҳои пешгирифтаи ӯ мебошанд ва ба ҳизби таҳти раҳбарияш овоз медиҳем ва бовар дорем, ки ин ҳизб қудрату тавоноӣ дорад, ҳамаи моро аз вартаи камбағалӣ ва таҳдидҳои дигар наҷот диҳад. Аз ин рӯ, мо бояд овози худро ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон диҳем.”

Сархатиби минтақаи Рашт дар идома низ хост, калимаи Ислом аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар гирифта шавад. Ӯ гуфт, “Исломи мо ба ҳизб ниёз надорад ва мо мардуми Раштонзамин таклиф дорем, ки калимаи “Ислом” аз номи ҲНИТ берун карда шавад ва ин ҳизб, Ҳизби наҳзати Тоҷикистон номгузорӣ шавад”.

Сархатиби минтақаи Рашт




(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...

(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...


Садоҳо аз гузориши Шабакаи аввал сабт шудааст
Мӯҳр
шарм накyнед шyмо муллоҳо, дируз ба мо мегуфтед сурат гирифтан ҳаром аст ва касе сурати одамро кашад ё дар хонааш овезон кунад фардо рузи қиёмат бояд ба y руҳ диҳад вале имруз ҳар яки шyмо суратро дар баробари дилатон бардоштаед. Хyдо хайр кунад, нафармидем ҳечизро....

Дуруг наген мо рози, агар дуруг бген тавакалтон ба Аллох

MAN HAIRONAM IN MULLOHO OYO NAMEBINAND, KI TAMOMI MADRASAHOI ISLOMI BASTA SHUDAND

Бародари вахеи ман гарми хастам чаро Хамаи громихоро тухмат мекуни дар гарм шерони нар буданд ва мемонанд Ман мефахмам шуморо ки як хелаш шери мода шуд ай лекин на хама Мо иншоолох доимо тарафдори хизби нахзад будем ва мемонем

Дахшат
ИН ЧИ ШУРЕСТ ДАР ИН ДАВРУ ЗАМОН МЕБИНАМ
ХАМА МАХЛУКУ ПИРОНРО БА ИН ГУМУ ГУМРОХИ МЕБИНАМ
НЕ ИМОНДОР ВА НЕ БОТАКВО МОНДААСТ ДАР ИН ЗАМОН
ХАМА ДУРУЯВУ ДИНДОРИ БЕДИН МЕБИНАМ!!!

Ахмадхуча,

хаму кати муллохо омада як дар пеши хайкали Сомони раксу бози мекарде, артист ташкил мекнан.
Сталин бо хаму куватуш, и хел набуд!
Астагфируллох, Парвардигор!

ШАРАФ
АКУ ЧИБА СУИСТИФОДА АЗ МАНСАБУ АЗ ФАЗИФА БАРОИ ХИЗБИ ХАЛКИ ДЕМОКРАТИ МУМКИН БУДААСТУ??
АММО АЗ ИСЛОМ ГАП ЗАДАНИ ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИ ТОЧИКИСТОН МУМКИН НАБУДААСТ ??????

мусулмон
салом ва дуруди бепоен ба мардуми рашт вакто ки дар вакти мактаб усодам ба ман гуфт ки китоби нависандаи киргиз чингиз айматовро хон ман хондам ва нав ба фикри у нависанда рози шудам бо кашфи МАНКУРТ бо чашми худ дидайсодем ва шунидайсодем... ман шахсан худам тарафдори сулху амони будам ва хастам ..ман зиди он хастам ки дар хаки ягон кас тухмат мезана ва сиех мекунан ислом як дини рост ва аз тарафи парвардигор пазируфта модоме ки аз ислом сухан мекуни хакро гуй ва аз худо мадад хох на аз ягон хизби дигар наход ки шумо эмомхатибони нохия худро эълон мекунед аз хизби дигар умед доред ки шуморо ягона хизби чаноби оли дастам наменависад чунинро охир муло нашуда дехкон мешуди вай бехтар будаз номи тамоми нохияй рашт сухан накун ислом ки ба хизб мухточ набошад чаро шумо мусулмоно ба хизби эмомали мухточе модоме ки ислом ба хизб мухточ нест и н суханони ман маънои онро надорад ки ман зиди чаноби оли не ман зиди чунин мулохои динфруши дуруя охир худован мухточи рузаву намозу рафтори мо нест by мо мухточи худовандем мо мухточем ки бандагии моро кабул кунад

саид
Ман хайронам охир ин хукуматдорони мо мегуянд мувофики конун дин аз давлат чудо аст. Пас агар чунин бошад чаро аз мулохову минбархои масчид истифода мебаранд ин хукуматдорон?! Аз мардум шарм накардед аз Худо шарм кунед

Гап нест Мирзохуча, Ита мени ута мени, фардо рузикиемат чи мени?

чавоб ба озодагон
як матолиби дигар дар бораи дуздинаи маводхо навишта будам чоп нашуд. гуфта будам ки Озодагон як камера ру ба руи тв мондаги чизе ки дар тв рафт дархол сабт карда, як маводи дузди омода мекнед ана бад сар мешава сиёхкунии Хукумат. ами хел не Озодагон????

икром
Мирзохуҷа Аҳмадов.....кори худата кун бисёр воима накун...ва худата ширинхам накун , тра ба сад солам вазифа намедиханд .....рав аз кафои кишту корат ва бечорахолиат шав.....

Хамадони,
Din az siyosat ,boyad judo boshad

мухочир,
Бародари азиз "мухочир" ман ба фикри шумо 100 дар 100 розиям!!!

Асад,
Сийосатхам аз дин дур бошад дин аз сийосат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)