Бахшҳо

"Фурӯхтани як ваҷаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст"

Луқмон Бойматов, муаррих

Агар Худованд бихоҳад мардумро бузург намояд онро аз бахшиш ва покдоманӣ баҳраманд гардонад ва агар бихоҳад қавми ӯро нобуд созад, роҳи хиёнатро ба рӯи онон бигшояд. (ҳадиси Паёмбари Ислом)


Чанд рӯзи ахир, дар сафаҳоти нашрия ва сомонаҳои интернетӣ баҳси бурду бохти истиқлоли ҷумҳурӣ дубора доғ шуд. Иддае аз рӯшанфикрон ва коршиносони кишвар дода шудани бахши кӯчакеро аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба Чин яке аз намунаҳои боризи бохти истиқлоли миллӣ маънӣ кардаанд. Ва ин дидгоҳ дер боз аст, ки дар афкори умум ҷо гирифтааст.

Мавзӯи мазбур ҳанӯз ба гунае, ки комилан илмӣ бошад, мавриди баррасии коршиносони дохилу хориҷ қарор нагирифта ва мусаллам аст, бо далоиле ба ин зудӣ қарор нахоҳад гирифт. Дар зимн, баррасӣ ва таҳқиқи қазияи пешомада кори осоне нест, чун ҳеч як аз мутахассисон асноди асл ва лозимро дар ихтиёри хеш надоранд ва гузашта, заминаҳо, далоилу шароити қабули ин тасмим ва мавориди бисёре ҳастанд, ки ба касе маълум нест. Вале арзёбии ин иттифоқ аз диди фалсафаи таърих ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ биёр муфид ба назар мерасад.

Қабл аз ин ки ҳамчунин рӯйдоди сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ кунем, нахуст бояд посух ба ин суол бидиҳем, ки хоки Ватан мутааллиқ ба кӣ аст? Ба давлат ва ё миллат? Агар ба давлат аст, пас дар тасмими анҷомшуда усули демокросӣ мутлақо риоят нашуда. Ва агар авлавият дар тасмим бар миллат бошад, пас эҳтироми миллат ба ҷо оварда нашудааст. Аммо ҳақиқати маҳз ин аст, ки хоки Ватан амонати миллат бар гардани давлат аст ва ҳеч давлате (шахсе ва ё гуруҳе бо ҳар ном), бидуни машварат бо миллати хеш ҳаққи «буридану пора кардан»-и амонати аҷдодро надорад. То замоне ки ҳукумат дар ҳоли машварат бо миллат бошад назараш дуруст аст, вале он гоҳ, ки бо толибону муддаъиён машварат намояд, хиёнат бар миллат ва хидмат бар толибон аст. Он гоҳ, ки эҳтиром нест, андешаи саҳеҳ аз миён бардошта мешавад.

Ҳамагон шоҳидем, замоне ки мавзӯи "пас додани хоки Чин" барои Чин ошкор шуд, миллат ба ғафлат буд ва ҷомеаи ноогоҳ бо сабаби гирифториҳои худ, ба он чӣ ки дар бахши сиёсат сурат мегирифт, беаҳамият буд. Он ҳангом, ки доду фарёди чанде аз рӯшанфикрон перомуни аз даст рафтани ганҷи миллат, ба гӯши ҳеч касе нарасида ва бо камоли таассуф ҳанӯз ҳам миллат тибқи усули "фақат домани ман насӯзад" аксуламал менамояд. Аммо бехабар аз он ки домани номусаш сӯхтааст!

Аз рӯи ахлоқи иҷтимоӣ қазияи "пас додани хоки Чин" фавқулодда шармовар аст ва ба ҳеч мантиқ ҳамоҳанг нест, магар ба манофеи гуруҳу гуруҳакҳо. Бо ин амал арзиши гаронмояи ахлоқии бузургони адаби хешро низ зери суол бурдем. Чунончӣ, бо ин ки худро бузург мепиндорем ва ба фарзандон аз ғояҳои ватандӯстии "Шоҳнома"-ву осори дигари ҳакимону адибони гузашта мегӯем, вале дар баробари аъмоли ватанфурӯшии ҳамватанон, оҷизем. Аз садоқат ба ватан мегӯем ва бо ҳарфҳои поку муқаддас савганд мехӯрем, вале хиёнатҳоро наметавонем ошкор созем.

Гуфторамон дигар асту кирдорамон дигар. Чӣ гуна тааҷҷуб наметавон кард, бо ин ҳама маниятҳои академикҳои фалсафафурӯш ва худбартарбиниҳои донишмандони ҳамадон, ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам ба дурустӣ ба маънии садоқату хиёнат даст пайдо накардааст. Ин ҷост, ки ба хато бар ин гумонем, ки хиёнату фарор аз масъулият фақат хӯйи қишри пойини ҷомеъа аст ва бар онем ки гӯӣё болонишинҳо ҳаргиз хиёнат намекунанд! Ин дар ҳолест, ки сахтарин зарбаҳо бар ниҳоди ватан аз болонишинон фурӯ мерезад.

Дуруст аст, гуфтаанд, аз зиёдии маллоҳон, киштӣ ғарқ мешавад. Дар ҳақиқат, аз зиёдии "раҳбарони мутафаккир" тавоноии тафаккури миллӣ низ хушк мешавад! Маддоҳони ҳарзагӯ ва холибандони олӣ миллатро то ба ҳадде гӯлу гумроҳ карда ва бо камоли пуррӯӣ ҷароиму хиёнатҳоро айни «посухи мантиқиву дипломосии сари вақт» донистаанд.

Шармандагист, ки ҳамагон Ватан-Ватан гӯён бо хулқи хеш бар домани покаш хиёнат мекунем. Дурӯғ мегӯем, риё мекунем ва мехоҳем, ки дигарон тасдиқ кунанд, вале бо ин амали хеш хиёнати бузурге бар виҷдони хеш мекунем. Ҳатто бо сукутамон дасти ҳамкорӣ ба хиёнат медиҳем. Пок аз ёд баровардаем, ки "хиёнати бузург он аст, ки дигарон туро тасдиқ кунанд, вале ту дурӯғ бигӯӣ." (ҳадиси Паёмабари Ислом). Ҳақиқати талх ин аст, ки мо ҳама хоини рӯзгори хешем.

Шояд дар маҳдудаи собиқ Шӯравӣ ҳеч кишвареро наметавон ёфт, ки дар қазияи ватанфурӯшӣ аз тоҷикон пештар бошад. Имрӯз, ба ҷои ин ки аз аъмоли ношоиставу ноҷавонмардонаи хеш пеши наслҳои оянда маъзарат пурсем, бо ҳам ҳатоҳои хешро аз ношоистарин роҳҳо дифоъ мекунем, ки гӯӣ кори хуберо барои саодати ояндагони хеш анҷом дода бошем.

Бо сабаби ноогоҳӣ, дар ин бозиҳои бузург ва касифи сиёсат мо бахтаем. Барандагонро маҳкум нест ва бозандагонро ҳамеша маҳкум аст. Фаҳмидани онҳоеро, ки ҳамакнун хиёнатҳоро бо як сафҳа коғаз, ки номи онро "қарордод" ва ё "мувофиқатнома"-ҳо номиданд, сипар мекунанд, бисёр сахт аст ва низ сахтар аст дарки онҳоеро, ки аз кадом як роҳе тасмими ғалатро дифоъ мекунанд ва мегӯянд, ки он пораи хок арзиш надошт, чун рӯяш чизе намерӯид! Ба ин идда аз олимон ва коршиносони якшаба суоли тамсилӣ ин аст: Кадоме аз узви солими ӯро аввал қатъ кунанд хуб аст? Аввал дасти чап ё дасти росташро? Ё худ интихоб кунад кадоме аз узви солимаш изофа дар сиришташ аст? Ӯ чӣ посухе хоҳад дод?

Ва суоле ҳам ба маддоҳон ва ҳомиёни кӯрсират ин аст, ки чаро онон бидуни ин ки дуруст бияндешанд, ба ҷои масъулини давлат ҳозирҷавобӣ мекунанд? Ба фарз, агар масъулин он пораи хоки ватанро бар толибонаш намедододанд, ин ду иддаъ аз коршиносон, ба мардум чӣ мегуфтанд? Дирӯзҳо аз душманон менолидем, ки сарзамини падаронамонро "табартақсим" карданд, вале акнун аз худ чӣ нолем, ки амонати аҷдодро ба бегонагон муфт додаем! Эй кош, ҳушёр мебудем ва мефаҳмидем, ки фурӯхтани як ваҷаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. Оқибатҳои ин тасмими ғалат ва иқдоми боаҷаларо ҳеч кас наметавонад пешгӯӣ кунад, чун наслҳои оянда наёмадаанд ва ҳукми онҳоро нисбати ин қазия касе нахоҳад донист. Ҳар насл ҳокими асри хеш аст!

Ҳадисе ҳаст, ки амонат боиси афзоиши рӯзӣ ва хиёнат боиси ниёзмандӣ мешавад. Акнун, ки амонат аз даст рафта ва касе нахоҳад донист, ки чӣ ниёзмандиҳое мардуми тоҷикро дар пеш интизор аст?

Чӣ касе метавонад гӯяд, ки бо ин тасмими хеш тухмаҳои хусумати ояндаро миёни миллатҳои бузургу кӯчак напошидаем? Чӣ касе метавонад посух бидиҳад, ки наслҳои оянда ба хотири ҳаққи хеш равонҳои падаронро сарзаниш нахоҳанд кард? Чӣ касе метавонад рад намояд, ки рӯзе фаро хоҳад расид, ки ояндагони мо аз қаҳрамонони имрӯзи падаронашон муҷассамаҳои ибратомезе дуруст хоҳанд кард, ки як рӯяшон сафеду рӯи дигарашон сияҳ бошанд? Чӣ касе метавонад пешгирӣ намояд, ки насле, ки аз хиёнати мо дилхӯр мешавад, хоку устухонҳои моро бар бод нахоҳанд дод? Кадоме аз зиндаҳои имрӯз посухгӯи ҷиноятҳову хиёнатҳоямон дар назди фардоиён хоҳад шуд?

Фардое, ки ҷудо аз имрӯз бошад, нест ва ҳеч ояндае нест, ки ҳукми имрӯзро надиҳад. Рӯшан аст, насле, ки ин қазияро ҳукм мекунад, дур аз мо нест. Аммо бояд бар он лаҳза бияндешид, ки мабодо фарзандон тару хушкро ба ҳам сӯзанд!

Бо ин ҳама нигаронӣ, ба унвони як муаррих мегӯям: Бояд бар рӯи андешаҳоямон бияндешем, рӯи хатоҳоямон тафаккуру таъаммул намоем ва назди ин миллати мазлуму ноогоҳ, пеши фарзандони хеш сари маъзарат фурӯ ниҳем ва бипазирем, ки қазияи пораи кӯчаки хоки Тоҷикистон бо тамомии буъдаш дар сафҳаи рӯзгори миллат нанговар аст! Ин санад - мӯҳри сиёҳест дар пешонаи сафеди сарнавишти миллат! Ин бешарафтарин санадест, ки дар сафҳаи таърихи истиқлоли меҳан мондагор хоҳад монд!


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Мусо аз Масчох
Мо аз Душанбе,
О 1100 км кучову 300-400 км ва 12 км Киргизистрон кучо?Чи хел мегуи дуруг нагуфтаам?Вакте 1100 км,ки 300 км кариб 4 маротиба зиёд аст!Россияе,ки бузургтарин давлати дунёст хамаги 400 км дод,Точикистони кучак 1100 км.Хангоме,ки Руссия аз Хитой садхо хазор гектар заминхои Хитойро дар гузаштаи наздик гирифта буд!Магар Точикистон аз Хитой замоне ягон пора заминеро гирифта буд?ё ин,магар мешавад киёс кардан бо 12 км пораи замини Киргизистон ,ки Хитой гирифт,ки ин 91 маротиба аз пораи аз Точикистон гирифтааш кам аст!Суханхои ту дар ягон чое гуфта нашудаанд ва дуруги махзанд.

Сугди
Ин чо як тоифа, ки аслан душманони мардуми кухистонанд, мехоханд бо хамин рох, яъне кисм-кисм, пора-пора ин мулкро фурушанду аз ин кор ду бурди бузург ба даст оранд - 1. душманони худро - мардуми сарбаланду ориёаслро беному нишону парокандаву бечора созанд. 2. сарвату манфиати муайяни моливу пули ба даст оваранд.
Дигар чизе нест.

Мусо аз Масчох
Дусти БЕСАВОД зери тахаллуси "мо аз Душанбе"гуфти русхо каждый рассуждает по мере своей испорченности!Боз хунат,ки вайрон асту бугз нисбати мардуми шимол дори,инчо хам масъалаи махалчигиро миён оварди!якумаш,ин ки ман аз кухистони Масчох хастаму дар ягон замона аз кухистони ман на вазир омадаасту на ягон мансабдори калон!На дар замони шурави ва на дар замони хозира!Ва шукр хам мекунам,ки чунин шудааст!Зеро тамоми Точикистон ба гайр аз ду се нафар косалеси дарбори медонад,ки дар замони хозира одами халолу покиза дар ин системаи давлати кард кор карда наметавонад!Зеро ин система аз поён то ба боло ба фасод гута задааст.Чанги шахрванди масъалаи алохидаест.Лекин он шахсе,ки ту гуфти он чангро бас накардааст!Ин чангро Руссия бо хамрохии Ирону Ахмадшох бас карданд.Ин мавзуи дигар аст.Пораи ВАТАН-МОДАРРО шумо фурушеду пас Ватанфуруш мо хастем?Ачоиб!!!!Ман як точики оддиам ва фарзандонам холо кудаканд ва ягон чое намехонанд.Лекин фарки ману ту дар он аст,ки ман ГУРУРИ МИЛЛИ дорам ва ранги ту косалесаку хушомадгуй НЕСТАМ!

Цитата: Саид...
..хиенат ин коррупция аст..ватанфуруши ин махалгарои аст...
Хиёнат ин коррупция бошад,махалгарои бошад ПАС ЯК маротиба НАЗДИ вичдони ХУД мард бошеду руирост бигуед,ки холо дар Точикистон ,ки махлгарои мекунаду 70 фоизи хукуматро аз як нохия мондааст?коррупция яъне пораву ришваро КИХО мегиранд?Агар аз АЛЛОХ заррае тарс дори росташро бигуй!Хакикат хамин аст,ки хамон шахсоне,ки пораи ВАТАНРО ба Хитой "бахшиданд"махалгарову коррупционеранд..Пас аз ин мебарояд суханхои ман хаканд!.Вахдату якпорчаги хамон замон мешавад,ки дар Точикистон адолат бошад.

Сугди,
Мачои, бо худата Мусо аз масчох карди? Диди, ки Россия чи хел Крымро гирифт, ягон кас гап зада тавонист, натавонист. Барои чи , барои он ки Россия зур аст, хол он ки Крым минтакаи бахси набуд ва моли Украина буд. Боз Россия кораша давом дода истодаасту маълум нест ки Луганску Донетск чи мешаванд. Агар Хитой хам хамин хел зада даромада то Хоруга гирад чи? Гуфтании ки ту наметарсиву мехези? Ана ту мехези, ман мехезам, аз Россия точико омада мехезан, занако, кампиро, муйсафедо, кудако мехезан, хама чамъан хашт миллион шудем баъд чи? Хашт миллион дар мукобили яку ним миллиард? Боз Точикистон кучову Хитой кучо. Як бор худата дар харита нигох куну баъд Хитойро нигох кун. Барои хамин - хамончаатро бо шохи гов чанг наандоз. Дигар ин ки як бор харитаи чопи шуравиро ва то соли 2008 ро нигох кун, ончо он сархадо навишта шудааст:- в споре. Яъне хати асосии сархад маълум набуд. ( Устод Лукмон Бойматов яке аз бехтарин олимони точик ба шумор меравад, дуруст аст, ки бо ин маколааш наонкадар хамфикрам, лекин ин маънии онро надорад, ки ман ба ин шахси муътабар эхтиром надошта бошам.)

Мусо
Мо аз Душанбе,
Мухтарам муаллиф талаб кард,ки ман номамро нависам,барои хамин номамро навистам!Он 5-ум точкаатонро шумову хочагонатион бо мардуми точик чанг андохта истодаед!Шумо курсаводон ба чузъ аз 2-3 ибора дигар чизе намедонед,ки якеаш хамин суханхои аблахонаи ТУ АСТ!Ба ютюб дарою ахволи КАДДАФИРО тамошо кун,Саддомро,Муборакро,Бен Алиро.Магар ба шумоён ин ходисахо дарс нашуданд?Бо мегуямат БЕСАВОДИ!Каме омуз,сипас инчо сухан кун!Крым хануз то соли 1954 аз Россия буд ва Хрущев онро ба Украина тухфа кард.Ахолии Крым 60 проценташ РУСХО хастанд.Магар помир замоне аз Хитой буд?Магар хатто як нафар Хитои дар ПОМИР таваллуд шудаасту зиндаги мекунад???Магар Афгонистонро ягон давлати абаркудрат гирифта тавонист!?Курсавод боз такрорат меунам,дар кучо В СПОРЕ НАВИШТА ШУДААСТ?))))))

Мусо
Ман хушбахт мешудам агар замоне ягон рохбари точик мисли ПУТИН мешуду Самарканду Бухороро ба мисли Крым бе ягон тирандози ба мо бармегардонд.Крыму,Новороссияро украина аз ФР замоне гирифта буд, ба мисли Самарканду Бухоро,ки дар замони Шурави аз мо гирифта буданд..Помир бошад тамоман масъалаи дигар аст беакл.Хулоса чи бахонае пеш наори,чи суханхои подархаво нагуи.Додани пораи ВАТАН ин МЕХАНФУРУШИСТ-МОДАРФУРУШИСТ-ХОИНИСТ!Ва ин назди миллат,назди ТОЧИКОНИ ХАКИКИчавоб дорад Ва дар таърих хамчун ХОИНИ ёдовар хохад шуд!

Спор шел о 944 кв. км. казахстанской территории. Лишь в сентябре 1997 года было подписано дополнительное соглашение о границе, а 10 марта 1999 года парламент Казахстана его ратифицировал. Тем самым был завершен процесс делимитации. В соответствии с соглашением, 407 кв.км. спорной территории отошли Китаю, а 537 кв.км. – остались у Казахстана. известный эксперт из Казахстана К.Сыроежкин, не случайно, что в ряде современных китайских учебниках по истории в качестве территории Китая обозначено 510 тысяч кв.км. современного Казахстана.

На основании данного соглашения, касающегося отдельных участков границы, было достигнуто следующее: от спорного Бедельского участка площадью 2840 кв.км. Китаю отошло около 900 кв.км.; от участка, прилегающего к пику Хан-Тегри – 161 кв.км. из 450 кв.км.; участок Боз-Амир-Ходжент площадью 20 гектаров отдан полностью.

Мачоии курсавод китоб бисёр хон, бори дигар мегуям харитаро нигох кун, чашмота калон - калон кушода нигох кун, ончо ба забони англиси навишта шудааст: - in dispute - яъне :- в споре.
Точикистон обод шуда истодааст, боз хам бехтар мешавад.шумохо дигар наметавонед мардума саргардон кунед. Хамон кишвархои хоричи аз шумо. Лекин фаромуш накунед чи кадаре хам ки дар хорича зиндаги кунед дар охир орзу мекунед ки дар хоки Ватан гуронантон. Бо нону намаки точик калон шудаеду одам шудед, имруз продажны-хо аз дур худро миллатпарасту Ватанпараст гирифта ба кишвари худ санг мепартоед! ( Озодагон барои чи хама суханхои маро чоп намекунед? Ин мачоии бесавод дашном мекунад, чоп мекунеду ман мегуям ки дашном накун мисли мард бахс кун шумо бошед чоп намекунед, барои чи? Аз ин маълум мешавад ки ин мачоии дар Озодагон кор мекунад. Озодагон хохиш мекунам суханои маро набур, хамаашро чоп кун.)

Мусомо хама хушбахт мешавем.....аммо..поятона ба калуши худамон монда ба пеш равем....мегуям хаелпарастхо....аксариятатон...имкониятро нигох намекунед..ва хакикатро набинед. Хайр мехнат кунед..бузург шавед..Точикистонро обод кунед..майнаатонро аз махалбози ва коррупсия озод кунед....миллатро ва давлатро сарпарасти кунед.....Гап гапи холи...гуфтана камтар кунед......

бадахшони
Мо аз Душанбе,
Шумо аз дунё хабар доред ё не? Кучо даъвогии Хитой?...Худудро Бадахшонро ба ивази пули калон хариддори намуданд. Баъди он фуруши боз як парчаи дигарро хам фурухтанд.Дар навбат фуруши худуди дигар аст ,ки ба ивази карзхои калони гирифтаги барои ки бошанд,амали мешавад. Миллат аз кори ин кавми пулдуст дараке хам надорад.Мачлиси оли(холи) хамагон хешу таборашон-дар савдои худуди Бадахшон хурсанди доранд.Шумо истиклолу ,ватанпарастиву,миллатдустиву дигар сафсатахониро доред.Бас будагист аз барои пул шуда давлат тамом шуд. Наход Шурави натавонист худудро савдо намояд,ки аксарашон руссхо рулит мекарданд-НЕ. Барои Хатлонихо пул бошад,...............савдо мекунанд

Мусо
Мо аз Душанбе,
Беном аз Душанбе,Боз мегуям Шумо ВАТАНФУРУШ ва ХОИНИ миллат хастед.Ва ватандориву Ватандустии шумо танхо дар суханхои болохонадори шумост.Дар асл бошад хоини миллат хастед ва рузе барои хоиниатон назди МИЛЛАТ чавоб хохед дод.Чи бахонае пеш наоред,мардум кайхо бахои шуморо баъди фурухтани пораи ВАТАН-МОДАР ба шумо аллакай додааст.Шумо хуни миллати точикро макида шохона зиндаги доред.Бокимонда Точикон тарки Ватан кардаанд.агар ту заррае аклу заковат МЕДОШТИ,танкиди ВАТАНУ танкиди фасодзадаву хоинони миллатро хамчун як мафхум намефахмиди. Намедонам дар бораи кадом ободи гап мезани ва ободи гуфта ту курсавод чиро мефахмида боши???

Мо аз Душанбе,
Афсус,ки ранги ту бесаводхо холо курсихои давлатиро сохиб гаштаву фарзандони босавод ва лоики МИЛЛАТ тарки Ватан кардаанд.Магар Точикистон бо чунин шахсон ба мисли ту ПЕШ хоханд рафт???Не албатта!Зеро шумо ба чузъ аз пур кардани кисаи худу хушомадгуи ва косалеси дигар аз ухдаи коре намебароед.Барои хамин Точикистони азиз дар ТАМОМИ СОХА аз тамоми давлатхои СНГ окибмондатарин аст!
Пасттарин маош,пасттарин нафака,пасттарин дарачаи зиндаги,пасттарин рушди иктисод,бебарки дар асри 21,рохи пулаки,фасоди дарачаи оли,махалчигиву хешутаборбозие,ки мисолаш дар таърих набуд,фурухтани заминхои давлати...ана ин аст натичаи хукмронии 22 солаи шумобаринхо....

Мусо,
Мачои ки номатро кардаи Мусо, ту мисли мард бахс кун дашном надех, хамаи ин бадбахтихое ки мебини аз дасти Махкамову Набиев сар зад дар солхои 90-ум , баъди бархам хурдани ссср аз ухдаи рохбарият набаромаданд, шояд ту он замон нинича буди, агар нинича буди пас аз очачонатон ходисахои он давраро пурсон шавед. Ва махалчигиро хам шумохо мачоиову ленинободихо овардед, яъне асосгузори махалчиги дар Точикистон шумохо хастед ва ман мисли ту аз осмон гап намезанаму бароят далел меорам. Аз соли 1946 то соли 1991 рохбарии давлат дар дасти шумохо ленинободихо буд, яъне ним аср , то хун рехта нашуд аз сари давлат нарафтед: дар интернет навис: Первые секретары Тадж ССР хамаашро мебини, инро ман придумат накардаам :))) бефахм!
Аз соли 1946 то соли 1956 - бобочон гафуров ( ЛЕНИНОБОД )
Аз соли 1956 то соли 1961 - улчабоев (ЛЕНИНОБОД )
Аз соли 1961 то соли 1982 - чабор расулов ( ЛЕНИНОБОД )
Аз соли 1982 то соли 1985 - Рахмон набиев ( ЛЕНИНОБОД )
Аз соли 1985 то соли 1991 - кахор махкамов ( ЛЕНИНОБОД )
Чи аку дар ним аср на аз Бадахшону на аз Кулобу на аз Хисору турсунзодаву кургонтеппаву .... ягон каси бо савод пайдо нашуда будаст ми?
Ё инашам не миги ми? Э рав китоб хон, калон шав баъд биё бахс куне!

ако Лукмон бисьере хубе навиштед биеед турб хурем ки хаво гарм шушодаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)