Бахшҳо
23 авг 2014 13:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Худдории Tajik Air аз овардани ҷасади Почомуллоева аз Деҳлӣ ба Душанбе

Халабонҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз интиқоли ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба Ватан худдорӣ кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон Манзура Почомуллоеваи 46-сола буда, бар асари бемории “гепатити С” дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷон додааст.

Анора Самадова, духтари марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 22 август халабонҳои “Тоҷик Эйр” ҷасади модари ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ аз дохили ҳавопаймо ба замин дубора фароварда, гуфтаанд, имкони интиқоли он ба Душанберо надоранд. Ба қавли ӯ, халабонҳои “Тоҷик Эйр” далели ин иқдоми худро ба бӯй кардани ҷасади Почомуллоева ва рафтани об аз дохили он рабт додаанд.

Самадова, ки дар ин сафар модари беморашро танҳо ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, яке аз халабонҳои ин ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, капитан Нодиров, ба ӯ гуфтааст, “от запаха у меня глаза режут, возьми труп и выходи!” Самадова дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова кард, халабонҳо гуфтаанд, ҷасади модарашро дар тобути махсус ҷой кунад ва баъдан имкони интиқоли он ба Ватан вуҷуд дорад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани тобути махсус дар Ҳиндустон аз имкон дур аст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо шарти ифшо нашудани номаш ин гуфтаҳои капитан Нодировро рад карда, гуфт, шояд ба далели он ки ин амал бояд ройгон сурат мегирифт, халабонҳо аз интиқоли он худдорӣ карданд. Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, халабонҳои Тоҷик Эйр дар ҳоле аз интиқоли ҷасади шаҳрванди кишвар худдорӣ карданд, ки онҳо ҳангоми интиқоли дубораи он ба яке аз сардхонаҳои шаҳри Деҳлӣ на бӯйеро эҳсос кардаанду на рафтани оберо дидаанд.

“Мурда тибқи талабот дар кафани махсус печонида шуда буд. Ман шахсан ба сардхона (морг) рафта ба даст қапидам. Тарсидам, лекин ин корро кардам. Ҳамааш қоқ (хушк) буд, бӯй набуд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ростӣ, ба фикрам фурудгоҳи Деҳлӣ бори аввал шоҳиди ин гуна қазия шуд, чун халабонҳо ҷасади ҳамватани худро дар як кишвари бегона аз ҳавопаймо ба замин дубора мефароранду ба дасти духтари 26-солае месупоранд, ки дар он ҷо ҳеч кас надорад”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, қарор аст, шоми 23 август ҷасади Почомуллоева аввал аз Деҳлӣ ба Маскав ва баъдан ба Ватан интиқол ёбад.
Мӯҳр
Ақлак
Чанд вақто буд, ки хоҳише чизе гуфтан аз димоғомон бурафта буд.
Ин хаварро хондан шармам омаде. Муред ТоҷикЭйр ми ТоҷикҚавр ми шумоҳон!!! Ин капитана ба ҷавобгари кашетон. Пурократура як аз ақоби ҳамин гап шавадо чи мешуда бошадо, ин худеш делаи таёр дия.
Муред капитан ми шумо, генерал ми шумо, хар ки набошед!! Барои ду танга пули хароматон шуда тоҷика дар Дели партофта омадияна!!
Сафорати мо унҷа чо карда гаштосдиян?

сайёра
ту нодиров намемурда боши,ин мурдароку бе ту низ меоранд аммо туи буйгурези беор,як умр хамон мурдаро дар хобат мебини туро дигар мурдаи ин зан намемонад.хайфи номи точик!

Халабон Нодиров ро суд кардан даркор. Фардо рузи киёмат чи чавоб медода бошад? Гурат сухт Нодиров.

МУХОЧИР
НОДИРОВ ТЫ ШАКАЛЬ

НОДИРОВ ТЫ ШАКАЛЬ

Деваштич
Рости аз шунидани марги нобахангоми як тан модари точик дар гурбат бо номи Манзура Почомулоева хеле норохат ва аз амали ночавонмардонаи халабони хавопаймои марбут ба ширкати овозадори Чумхурии Точикистон, "Точик Эйр" "чаноб"-и Нодиров хеле нафратам омад. Маълум аст, ки ин мард, вокеан агар мард гуфтан чоиз бошад, аз руи маколи точиконаи "Аз мурда кафан талаб кардан" кор гирифтааст. Чи илоч "Гур сузаду деги каландар чушад" гуфтаанд. Ин амалкарди "мухтарам" Нодировро сирф хислати тамаъкори метавон унвон кард, агарчи натавонистаст ошкор гаразашро гуяд. То чое маълумам гашт, часади мархум бояд ба Ватан шоми чумъаи 22-юми август соати 17:30 ба вакти Душанбе ройгон ба Ватан интикол меёфт ва бинобар сабаби се руз кабл даргузаштанаш худи хамон руз то намози шом ба хок супурда мешуд. Вале афсус, ки як бахонаи беасоси Нодиров, ба иллати бенасиб монданаш ба ин кор монеъ шуд. Ахиран пас аз сарсону саргардонихои чавондухтари якаву танхо, ки хамаги 26 сол дорад, карор аст, бо мусоидати мардуми гайримусулмон, ки дар рахму шафкат аз Нодирови мусулмонтабор авлотаранд, бо тай кардани масофаи дуру дароз, тарики хатсайри Дехли- Маскав ва Маскав- Душанбе ба Ватан интикол ёбад. Фикр мекунам, халабон Нодиров бо ин кирдори зишташ натанхо сангдил будани худро нишон дод, балки ба имчи ширкати "Точик Эйр" латма зад. Бошад, ки ин мушкили эшон хар чи зудтар рафъ шавад, ва турбати ин модари аз бемори ранчкашида ба хонаи охират гуселонида шавад. Худованд рухи ин модарро шоду хонаи охираташро обод гардонад. Омин.
Аз кормандони мухтарами "Озодагон" хохишмандам, то ин фикри бандаро чоп кунанд. Каблан сипосгузорам.

точик
Ин Нодирови мурдани надорад магар бар зоти ин наълат

капитан как хочешь так принимай эти слова что бы ты сдох на небе что бы тебя бросили с самолета

Дар хакикат бояд ин духтаракро дастгири мекарданд.Агар хамватани худ аз ин даст кашад набошад аз бегонагон чи гила.Бар сари хамаи мо ин рузхо мебиёд .

NAFRAT BA TU, KAPITAN NODIROV VA TUF BA RUI KHALABONHOI HAVOPAYMOI "TAJIK AIR"! KHUDOI BUZURG JAZOI CHUNIN NOKASONRO DIHAD, OMEEN!!!

Какой кошмар!!! Что стало с людьми! Неужели не осталось страдание и сочувствие в людьях ? Боже мой, как можно было так поступить с бедной девушкой у которой такое горе ? Пусть Аллах воздаст этим нелюдям по заслугам и пусть они ответят за каждую слезинку пролитую этой бедной девушкой!!!!

Как так можно. Не люди. Сколько родным и близким людям пришлось пережить. А об этой девочке вы не задумались , когда оставили в чужой стране с трупом на руках , у вас есть дочь . Просто слов не хватает на вас.

Kapitan Nodirov, vi chelovek ili kto? daje zveri ne brosaut svoih. kuda katitsa etot mir, vernee moy narod. vi postupili bezdushno, bezchelovechno, no ne mne vas sudit, asudit vas budet Bog, poverte za kajdiy postupok nujno otvechat. kto znaet mojet cherez neskolko let vi sam ili chleni vashey semie okajutsa v takoy je situatcie. hotela bi ya togda posmotret na vas. chto bi vi skazali v takoy situacii???????

сауд
вой бар холи капитан буи мурдаи точик ай хиндуи зинда хушбутар хаст

Мусульманка
Что происходит?! Отчего люди такие безжалостные стали?! Мы ведь мусульмани, мы должны друг друга поддерживать,помогать друг другу! Если наши земляки своим же не помогают,чего ждать от посторонних?! Господин Халиков! Куда же ваш взор был обращён когда всё это происходило? Как вы могли допустить чтобы наша молодая 26 летняя гражданка которая так нуждалась в вашей помощи осталась там одна?! Неужели сейчас никого из тех кто отказал бедной девушке в помощи не мучает совесть???? Пусть Аллах простит Вас....Мне вас жаль!!!!!!!

кош модарат туро намезод Нодиров

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)