Бахшҳо
15 авг 2014 12:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

"Бо кандани танӯрҳо шикамамон серу шаҳрӣ мешавем?"

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, кандани танӯрҳо дар назди биноҳои баландошёна ба зарари онҳо тамом шудааст.

Соҳиба Каримова, як сокини пойтахт, гуфт, танӯрхонаашонро чор ҳафта пеш бо “булдозер” чаппа кардаанд ва ҳоло маҷбуранд нонро ё аз бозор бихаранд ва ё дар хонаҳояшон бо истифода аз барқ бипазанд. “Пеш дар танӯр нон мепӯхтем, баракат дошт. Рости гап, агар даҳ нони бозорро хӯрӣ ҳам, сер намешавӣ. Алъон аз барқ истифода мекунем, то нони хонагӣ пазем”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо дар идома аз Шӯравии пешин ҳам ёдоварӣ намуд. Ӯ гуфт, “вақте, сӣ соли пеш, ба Душанбе омадем, заводҳои нонпазӣ кор мекарданд ва ҳар субҳ гарм бо 15 тин нони гарм мехаридем. Ҳоло як “хлеб”-и серӯзаро бо нархи 2-3 сомонӣ мефурӯшанд. Ин барои баъзе оилаҳои камбизоат хеле гарон аст”.

Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, мегӯяд, танӯрҳо вазъи экологии шаҳрро вайрон мекунанд ва ба ҳамин хотир шикаста шудаанд. Ӯ афзуд, “шикастапораи танӯрҳо то 31 августи соли ҷорӣ аз ҳудуди шаҳр берун бароварда мешаванд. Ин набояд боиси нигаронии сокинони пойтахт шавад. Мо ҳамаи кӯчаҳоро аз шикастапораҳои танӯрҳо, ки фазои шаҳрро вайрон мекунад, тоза мекунем”.

Шикастапораи танӯрҳо, ки як моҳ пеш боиси баҳс дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет буд, тарафдорони ин қарори раиси шаҳр ва зидди онро ба баҳс водор кард. Саидбек, ки соҳиби хонаи заминӣ дар маҳаллаи «Зарафшон» мебошад мегӯяд, аз шикастани танӯрҳо дар хонаҳои заминӣ ягон фоидае нест ба ҳукумати шаҳр: “Чаро худи кӯчарӯбҳо дар тобистону тирамоҳ баргҳои чинорро бо партовҳои партовгоҳҳо месӯзонанд? Магар бӯи ифлос ва дуди сиёҳи баргу партовҳо ҳаворо заҳролуд намекунанд? Ҳамаи ин корҳо бар зарари аҳолии ин шаҳр аст, чун дар бозорҳо як нон ки қиматаш 1 сомонисту як нафарро сер намекунад”.

Дигар сокини шаҳр, ки нахост номи худро ифшо кунад, қарори мазкурро дастгирӣ кард ва гуфт: «Шаҳр бояд шаҳр бошад, на ин ки деҳа. Чаро барои шиками дигарон ҳама ғам хӯрад? Ман дар шаҳр бузург шудам ва мехоҳам ки ҷои таваллудам монанди дигар шаҳрҳои мутамаддин бошад. Тирезаро кушода дуди танӯрро нафас накашам”.

Ба ҳар ҳол, баҳси будану набудани танӯрҳо дар пойтахт ҳанӯз ҳам гарм боқӣ мондааст.Онҳое ҳам, ки аз иқдоми шаҳрдорӣ пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, дар баробари кандани танӯрҳо ҳукумат бояд ғами бо ҷои кор таъмин намудани сокинонро низ хӯрад. Чун, ба гуфтаи онҳо, ҳеч кас аз сари орзуву ҳавас дар танӯр нон намепазад. “Мушкили молӣ ва камбизоатист, ки занҳои пойтахтро ба ин амал маҷбур месозад”,-мегӯянд онҳо.
Мӯҳр
Мухаммад
Ба Салим! Эй бародар, хамун занхои сатрпуш ва мардхои ришдоре ки ба гуфти ту шахрамонро бадбуй кардаанд, онхо сатр ва ришро мувофики фарз (Амри Аллох) ва суннат ичро кардаанд!!!
Ингуна шахсхо дар як руз панч маротиба тахорат карда аз худ буи бадро хорич мекунанд. Шахр аз ту барин бе Имон бадбуй мешавад ки агар поятро аз пойафзолат берун куни ва дахонатро кушои аз буи арак ва дуруг одамонро норохат мекуни...
Дар охират бошад, буи гализи ту барин инсонхо аз даруни дузах меояд...Салим,

Чавоб ба салим:ту бадбахт боз кадом яхуди ё насорои,наход зидди одамхои мусалмон хаминхел гапхоро истифода бари аз кучо медони,ки зиндагии мардум дар шахр чи хел аст.Дигар хизмати одамхои ришдору сатрдор ин хел гапхои ночавонмардонаро раво набин.

Тирезаро кушода дуди танурро нафас накашам дуди мошинхо ва партовгоххо басанадааст...(Нафас кашидан бгир)

mmmmmkj
тамоми шахроне ки мераванду бад то охири умр меган ки рафтем ба монанди ДУБАЙ ИСТАМБУЛ ТЕХРОН МАШХАД ДЕХЛИ ва гайра хамин хел сатру ришай бу накашену ба шаъншон нарасен бомжам бисёрай лекин барои тандур дар шахр иш кори хубай барои хамин шахру деха меган бояд 100 дар 100 фарк боша дар шахр хона харида тони ё ичора гирифта бад чиба нонша харида наметони дар нархи як хона дар шахр з хона дар деха месози бо зёти мекна бад бахазур нони хонаги мехури мегарди Ман тарафдори хамин ки шахр шахр боша деха деха ба хичка сахт нараса ин фикри шахси ман!

Тирезаро кушода дуди танурро нафас накашам дуди мошинхо ва партовгоххо басанадааст...(Нафас кашидан бгир)Салим,

Шох
Салим! Ту фаромуш карди, ки дар соли 1930 Душанбеи мегуфтагии ту аз дурдастарин кишлокда дида безебтар буд. Онро ки обод кард? Магар точикои ин шахр аз дигар давлатхо омад? Ба фикрам порахуре хасти ки шикамат серу танат либоси зебо дорад? Боре дар хона нон наёби ва линчаеро бини, ки каме орд мондааст ва хохи ду нон пухта ба зану фарзандат дихи, вале барк нест, орзуи чи мекуни? Орзу мекуни ки тануре мебуду дар он нон пухта ишками фарзандонатро сер мекарди а не? Точики маро буйин нагуй. Ба фикрам узбаки ё аз миллати дигар? Сатру риш, ки яке фарз ва дигаре сунат аст, дар ин масъала чи дахл дошт. Беимони магар? Худо хидоятат кунад.

Мухаммад
Кучо шуд навиштаи ман?

Шахрии асил
Салими "шахри", делоятро тагу ру кунем, ту хам кадоми кишлоки узбаки аз Хисор ё Шахринав омадаи. Таърихи Душанберо хон, он хам каблан як дехача буд. Ва хама душанбегихо дар хамон солхо аз кишлокхои гирду атроф мухочир шуда буданду имруз забони наберагонашон дароз, ки мо шахрием. Ё кадом нонфуруше хасти, ки аз
кандани танурхо савдои ту гарм мешавад. Бисёр шахси ифлосзабон будаи. Фууу, "шахри"-и бетарбия!

Dev
Салим,
Tarafdoram, garchande hudam dehotiyam, vale shahr boyad shahr boshad

мирзо
Ба Салим.Модари ту чи гуна бошад?Камарборики бебуй?

ба чи табдил додед шахри Душанберо. танур як тараф, чомашуитон дар балкон, кудакотон мисли бехона дар берун, занхоятон барои 50 дирам, касами аз хама вазнин, мардхоятон барои 1 сомон, очам ба чои занум, короче, як руз не як руз, хамата ба хаму кишлоктон рои мекнан. Ича хар гап меген, ба хаки шахрвандон, равен аз хаму бузу индуктон
Озодагон, илтимос чоп кун, барои хотири ояндаи насли Душанбе.

шоир
Салими бадбахт сатрпушу ришдорохо тахкир накун.

Muslim
Салим,
Ту ба ин дахони бадбуят гапхои бемаданият мезани хушёр шав вагарна дар балое гирифтор мешави,ки дигар касе домангират намешавад. Аз Худо битарс ....

салим
Шахбоз,

мантикан каме фикр кун! як бор хамон духтарони берохагард ва писарони макасинипушро пурс аз кучоен. ба бовари гуфта метавонам, ки 99/9 % аз дехот хастанд. щахро щумо ба ифлоси расондед.

салим
мирзо,

модари ман як зани одди точики аст, ки хазорон нафар студентон аз донишгохи милли шогиридони у мебошанд, на ин ки мисли "модарони" баъзехо рузи дароз дар двор нишаста семечка хоидаву гайбати хар рахгузаро кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)