Бахшҳо
05 авг 2014 16:28Тоҷикистон / Сиёсат

Академики узбак хостааст, Тошканд "Роғун"-ро бомбаборон кунад

Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад.

Абдуллоев дар матлаби худ, ки дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”

Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.

Ба гуфтаи Абдуллоев, Узбакистон бар ин аст, дар раванди интихоби ҳайати коршиносон ва мутахассисон барои гузарондани ташхиси Роғун, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ дар давоми чаҳор соли охир анҷом дода шудааст, аксари меъёрҳои байналмилалӣ нақз шудаанд: “Барои чӣ ба хотири анҷоми ин ташхис коршиносон аз Узбакистон ҷалб нашуданд, дар ҳоле ки ҳама медонанд, ин кишвар дорои мутахассисон ва донишмандону академикҳои варзида мебошаду зилзилашиносони узбак бо таҷрибаву маҳорати худ дар ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо кардаанд. Барои чӣ дар рафти гузаронидани ин ташхис чеҳраҳои маъруфи амрикоӣ аз қабили Маркус Парвиҷ ва Фредерик Старр даъват нашуданд?”

Академики узбак дар идома далели аслии мухолифати кишвараш бо сохтмони Роғун, аз ҷумла баланд бардоштани садди обанбори онро то ба 300 метр шарҳ дода, гуфтааст, дар оянда Тоҷикистон метавонад, аз он ҳамчун фишанг барои ба зону шинондани ҳамсояҳояш истифода кунад: “Агар Шумо, рафиқ Каримов ба гуфтаҳои мо гӯш надиҳеду хостаҳои моро иҷро накунед, як қатра об ҳам намегиред ва мо барқро ба касе хоҳем мефрӯшем. Яъне ин маънои онро дорад, ки баҳри Арал воқеан хушк мешаваду дар ҷумҳурии автономии Қароқалпоқистон хушксолии маргбор меояд. Оё ба ин коршиносон боре савол шудааст, ки агар дар минтақаи наздик ба садди Роғун аз 9 то 10 ё 11 бал заминҷунбӣ шавад, чӣ ҳодисае рух хоҳад дод.”

Рустам Абдуллоев сухани Амир Темур “барои тило не, барои об мубориза баред!”-ро иқтибос оварда, таъкид кардааст, озодии узбакро об таъмин мекунад, агар об нест, озодӣ ҳам барои узбакон нахоҳад буд: “Таҷриба нишон додааст, ҳоло дигар ҳукумати Тоҷикистон, ки ташнаи қудрат аст, бо ҳар роҳе набошад, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро анҷом медиҳаду ба эҳтимоли зиёд дар ин бора ҳатто аз хориҷ низ кумак дарёфт хоҳад кард. Дар як мижа задан мебинем, чӣ тавр паси садди баландиаш 335 метр об захира мешавад. Аз ин рӯ, набояд вақтро беҳуда гузаронем.”

Академики узбак ба Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон тавсия додааст, ки дар ин гуна ҳолатҳо аз таҷрибаи Валадимир Путин, ҳамтои русаш кор гирад: “Аз ҷасорати бемисли Владимир Путин ибрат гирифтан даркор, ки дар лаҳзаи ҳассос тарс аз чораҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, накард: Ҷасорат ҳамеша дар таърих сафед мешавад!”
Мӯҳр
Бехтарин дифоъ ин хамла аст ва душман вакте, ки заъфи худро дар арсаи байналмилали дид, ки СММ, кишвархои аврупои ва Русия аз неругохи Рогун химоят карданд . Аммо торикбинони кишвари хамсоя даст ба икдомоти ночавонмардона мезананд ва харгуна тахдид ва блуфи сиёсиро бар худ раво мебинанд.Миллат точик дар таърихи хеш хамеша ободгар, тамаддунофар, сулхпарвар, дурбин ва муттахидсози миллатхо ва халкхо буд, хаст ва боки мемонад! Ин иншоот ба манфиати минтака ва тамоми кишвархои осиёи маркази ва осиёи гарби буда, аз торики ва чахлу зулумот сокинони ин минтакаро бо неруи барк ва рушанои равшан месозад. Хатархои терроризм ва густариши шабакахи чосусиро ошкор ва амниятро дар ин минтака фарохам месозад. Хакки хамсоя бо хакки худо баробар аст! Мо точикнои кишвари хамсояро хамеша фикр мекунем ва дар мачмуъ тамоми хамсоягони Афгонистону Покистон ва кишвархои Осиёи миёнаро низ дар назар гирифтаем. Пажухиши коршиносони байналмилали нишон дод, ки неругох ба стандартхои СММ ва кишвархоим аврупои ва русия мутобикат мекунад ва дар даврони Шурави накшаи сохтани неругох дар худи Тошканд рехта шуда буд. Пас, хонандагони азиз! худ казоват кунед! Об аз кучо лой мешвад!!!

Shahboz
Мухтарам Шерали Мирзо мо чавонон ба чанг таёрем. Хохиш менамоем ки агар як ракета аз суи Узбакистон ба Точикистон зада шавад эълони чангро бардоред. Мо то хуни охир мечангем. Танхо моро бо силох таъмин намоеду халос. "Бахри халки точик чонамро фидо мекунам" (Офитсер)

Панчакенти
Ту чанг андози беномуси аз дасти тубарин ахмакхо хечиз намебиёд..

Сиёвуш
Мархамат академикхои Точик баи академики ландахури узбан чавоб дихед Ингуна академикхои узбак хама аз забони Каримов сухан мегуянд!

Узбакистонро чи мондасту зури нишон додан. Як "пшу" гуйи мисли гурба гурехта дар кунче пинхон мешава.

Сиёвуш,
Сиёвуш фаромуш накун нисфи акдемикхои мо узбактаборанд ё худ узбак. Хомуширо барои хамин ихтиёр кардаанд

аз прокуратура генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки фавран нисбати ин душмани халқи тоҷик парвандаи ҷинояти кушояд, онро куфтукови байналхалқи эълон намояд албатта онро бо ҳарроҳе набошад ба Тоҷикистон меорем

Сарвайрон
Э акадекмики почаканда! Ту точика чи фикр карди?

ин садкаи номи точикии Рустам шавад.... агар як садое аз тарафи Точикистон оиди Самарканду Бухоро шавад чонатон кариб, ки мебарояд...шумо фаромуш накунед, ки ин ду шахри бузург аз Точикон хаст ва мемонад... тубаринхо на танхо Рогунро коре карда наметавонед ин ду шахро низ ба ин икдоматон аз даст медихед ... Эй академик халки бузурги Точик хеч вакт ба касе хамла накардаст. Мо ту барин номард нестем, ки обро махкам кунем .... мардуми Самарканду Бухоро зиракиро аз даст надихед ин икдом баро Шумо як шонс хаст, ки аз зери дасти инон халос шавед......ин ду шахр бояд аз Точикон бошад.....

Мо хамеша барои химояи ватани худ таёрем.Бигзор биёяд хаматарафа мешиканем узбакои ховолуда.

Махмад Зоиров
Аз тарзи навиштачоти ин ба ном академик бар меояд ки, ин акдемик не, балки талабаи мактабхон аст. Дар матни навиштачоташ не мантик вучуд дораду не чизи дигар. Ба хар хол ин aз акл бегона шудааст. Агар узбакистон бар зиди Точикистон аз нирухои харби истифода барад, пас Точикистон низ омода аст, чорахои дахлдор андешад.

Kak raz vakti UzbAKhoro bahona karda sikidan omad!!! Xalki TJK Hama ba pesh girem Samarkandu Buxororo az dasti uzbAkho ... Бухори,

Абдуллоев чи гуна Академик аст,ки суханони бемантик мегуяд узбакхоро бе акл мегуфтанд дар хакикат рост будааст .

Рустам ту фикр накун Точикистон танхост, Хамгоме ки Россия тамоми парвозхоро ба самти Осёи маркази мебандат, Америка тебе не поможет. Эрон, Афгонистон, Точикистон Россия, хоку ту барин давлати ду кунаро несту нобуд мекунем Самарканду Бухорои худро ба даст мегирем. Тамом давлати ду кунаи Узбакистон ба хок яксон шуда Самарканду Бухоро ба мисли Крым ба Точикистон баргардонида мешавад. Хорошая идея Рустам спасибо вам за идею.

Доктор
Р.Масов, аз он ки тарафдори аз макоми давлати гирифтани забони руси мекуни, бехтараш ба ин хамтои узбаки худ посухи сазовор бидех. Имруз узбаки харобкор аз хомушии мо ба нафъи худ кор мекунад. Хомуш набошед, точикони асил!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)