Бахшҳо

(ВИДЕО) Муҳиддин Кабирӣ: “Ё бо ҳам мемонем, ё бо ҳам меравем!”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, мегӯяд, то кунун ба ду номаи расмияш дар бораи суҳбати рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон посухи рад дода, нагузоштаанд, баъзе масъалаҳоро бо шахси аввали ҷумҳурӣ дар миён гузорад. Оқои Кабирӣ 20 июн дар суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, охирин дархости ӯ дар ин замина баъд аз интихоботи президентӣ, баъд аз афзоиши фишорҳо, ирсол гардида буд.


Озодагон: Ахиран қароргоҳи ҳизби Шумо дар маркази вилояти Суғд вайрон карда шуд. Фикр мекунед, он як тасодуф буд ё амали тарҳрезишудае дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ?

Муҳиддин Кабирӣ: “Фикр мекунам, барои онҳо дигар фарқ надорад, ки ин арафаи ҷашни Ваҳдат аст, ё чизи дигар. Онҳо супориш гирифтаанд, ки қароргоҳро хароб кунанд ва монеаи баргузории ҷашни Ваҳдат шаванд. Онҳо супоришро анҷом доданд. Чун ман вақте бо масъулини вилояти Суғд сӯҳбат мекардам, эҳсосам ин буд, ки онҳо хеле дар хиҷолатанд. Хеле нороҳатанд, вале ҷуз иҷрои ин амру фармон ҳеч роҳи дигар надоштанд.”

Озодагон: Оё Шуморо барои иштирок дар ҷашни расмии Ваҳдати имсола даъват кардаанд?

Муҳиддин Кабирӣ: “Ҳоло хабар надорам. Шояд даъватнома омада бошад, вале ба дасти ман нарасидааст. Ҳамасола дар қатори дигар вакилон даъват мешудем, шояд имсол ҳам даъват шуда бошем.”



Озодагон: Аз изҳороти Шумо ва тарафдоронатон фаҳмида мешавад, ки фишор болои аъзои ҲНИТ шиддат мегирад. Боре кӯшиш накардед, то ин масоилро бо худи раиси ҷумҳур дар миён гузоред?

Муҳиддин Кабирӣ: “Бубинед, мо муроҷиат кардем, кӯшиш кардем ва ҳатто ду бор нома ҳам фиристода, дархости мулоқот кардем. Вале шояд бо сабаби серкорӣ ва ё бо сабабҳои дигар ин мулоқот нашуд. Баъдан хостам тавассути парлумон паёмро бифиристем, ки бояд пеши роҳи ин корҳо гирифта шавад. Ин на ба нафъи давлат аст, на ҳукумат ва на миллат. Ва мо як бор ин ҳолатро таҷриба кардем. Вале намешавад як нафарро маҷбурӣ водор кард ва ё зораву тавалло кард, ки ҳатман бо мо мулоқот кунад. Ин кори зораву тавалло нест. Баъд вазъият пухта бирасад ва худашон ба ин қаноат бирасанд, ки пеши роҳи ин қонуншиканиҳо ва дағалиҳо гирифта шавад. Ба фикри ман, баъзе доираҳо таваонистанд президентро мутақоид кунанд, ки ҳамин услуби кор зидди мухолифин ба нафъи кор ҳаст. Ҳам ба нафъи ҳукумат ва ҳам ба нафъи кишвару миллат. Ва ӯ ҳам бовар кардааст. Инҷо фақат мунтазир шуд, худашон дарк кунанд, ки ин бар зарари кор аст ва пеши роҳи ин корҳоро бигаранд. Вагарна, дигар роҳро мо намебинем ва ба ҳар сурат умед дорем, ки баъд аз ҷашни Ваҳдат марҳилаи нав сар мешавад, ки ин корҳо такрор нашаванд.”

Озодагон: Манзуратон аз марҳилаи нав чист?

Муҳиддин Кабирӣ: “Марҳилае, ки билохира дарк кунанд, ки аз ин бештар фишор овардан ва зӯрӣ нишон додан алайҳи як ҳизби сиёсӣ на мантиқӣ ҳасту на ахлоқӣ.”

Озодагон: Шумо гуфтед, ду дафъа барои вохӯрӣ бо раиси ҷумҳур муроҷиат кардед. Ин ду муроҷиати Шумо кай буд?

Муҳиддин Кабирӣ: “Муроҷиати аввал соли 2010 буд, қабл аз ҳодисаҳои Рашт. Чун эҳсос мекардем, ҳатман дар Тоҷикистон чизе рух медиҳад. Роҳҳои дигари пешгирии хунрезӣ буд, фақат ҳаминро мехостем, ки машваратӣ бошад. Муроҷиати дувум баъд аз ин фишорҳои зиёд, ки баъд аз интихоботи президентӣ шурӯъ шуд. Маълум аст, дигар фурсати чунин гуфтугӯ нарасидааст, шояд ба ин назар ҳастанд, ки ҳоло фурсати ин мулоқот нест.”

Озодагон: Шумо мегӯед, баъд аз ҷашни Ваҳдат эҳтимол марҳилаи нави мусбат шурӯъ шавад. Аммо коршиносон мегӯянд, баръакс, фишор бештар хоҳад шуду камтар не...

Муҳиддин Кабирӣ: “Умед дорам, ки баъд аз ҷашни Ваҳдат беҳтар шавад. Вале байни умед ва бовар фарқ ҳаст.”

Озодагон: Пас, боваратон чист?

Муҳиддин Кабирӣ: “Бубинед, он чизе, ки коршиносон мегӯянд, дар асоси факту рақамҳои солҳои охир аст. Ва ин раванд ба тарафи зиёд шудани фишорҳо майл дорад. Вале ақли солим мегӯяд, бояд дар як марҳила ин қатъ шавад. Чунки идома ёфтани он воқеан ҳам барои кишвару миллат зарарнок аст. Ман ҳарчанд фикр мекунам, то бифаҳмам, ки бо ин нақша чӣ мехоста бошанд, ба як натиҷа намерасам. Агар бихоҳанд, ки пеши роҳи гуногунандеширо дар кишвар бигиранд, ин имкон надорад. Дар асри технология ва суръати иттилоот, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, пеши роҳи андешаро гирифтан имкон надорад. Натиҷааш такрори ҳодисаҳои кишварҳои дигар мешавад, ки ҳукуматҳо ба ҷои муколамаву машварат роҳи зӯровариву фишорро пеш мегирифтанд. Мардум, ба хусус, ҷавонон бештар ба хашм меоянд. Шумо дар мисоли дигар кишварҳо мебинед, ки хашми як гурӯҳи хурд ҳам баъдан ба чӣ мерасонад. Ҳамин чиз моро метарсонад ва нигарон кардааст. Вагарна, он корҳое, ки имрӯз мешавад, хароб кардани дафтари кории ҳизб, латту кӯб кардани намояндагони мо, кашида гирифтани моликият кори нав нест. Ҳар фикри нав бо душворӣ барои худ роҳ мекушояд. Вале фазо ва он шароите, ки дар минтақаи мо ҳаст, ин гуна корҳоро намебардорад. Ба назари манн, бояд бисёр боэҳтиёт буд. Аҷиб ин аст, ки ҳар қадар мо дар бораи сабр ва эҳтиет сӯҳбат мекунем, ҳамон қадар баъзе масъулин бо ҷасорату ҷуръат ва бо як берӯӣ пеш рафта истодаанд. Ҳадаф мушаххас аст, барангехтани кинаву адоват, ҳисси бадбинӣ, ба вуҷуд овардани асабоният ва эътироз зидди ҳукумат. Аз тарафи дигар, онҳо фаҳмидаанд, ки мо нияти эътирози сахт, мисли гирдиҳамоӣ ва митингро надорем ва аз ин суистифода менамоянд. Ҳатто тавассути баъзе афроди наздик ба худашон дар расонаҳо ва шабакаҳо зеҳниятеро ҳам ба вуҷуд меоранд, ки гӯиё наҳзат номус надорад, тарсу аст ва наметавонад эътироз кунад. Ин назарҳо болои ҷавонони мо бе таъсир нестанд ва вақтҳои охир фикри як гирдиҳамоии саросарӣ дар дохили ҳизб ҷонибдори бештар пайдо карда истодааст. Зеҳниятеро месозанд, ки гӯиё байни мо ва ҳукумат кадом машварати пасипардагӣ вуҷуд дорад, барои ҳамин номзад намондем ва сабру таҳаммул ҳам ба хотири ҳифзи тиҷорат ё чизи дигар бошад. Ин ҳама ҳалқаҳои як занҷира мебошанд, ки ҳадаф муқобили ҳам гузоштани ҳукумат ва Наҳзат аст. Ҳамдигарфаҳмии ин ду кафили сулҳу ваҳдат буд ва мемонад. Шӯрондани ин ду латма ба сулҳу ваҳдат аст, пас, пас ҳадаф танҳо мо нестем, агарчӣ инро ҳанӯз нафаҳмидаанд ё фаҳмидан намехоҳанд. Мо то лаҳзаи охир сабр хоҳем кард. Чун бесабрӣ оқибаташ низоъ ҳаст, аз байн рафтани субот ҳаст, ки инро мо барои миллат ва кишвар намехоҳем. Бигузор моро танқид кунанд, муттаҳам ба сабри зиёд ва таҳаммули бетавҷеҳ кунанд. Вале мутмаин бошанд, ки мо ҳеч вақт ба эҳсосот дода намешавем. Ва талош мекунем, бо камоли хунсардӣ масъаларо фаҳмонем ва ба пеш ҳаракат кунем. Чун ба сабурии зиёд муттаҳам шудан беҳтар аз он аст, ки мусалмонҳоро ба ифротгароӣ ва экстремистӣ муттаҳам намоянд. Ба экстремизм муттаҳам кардани мусалмон кори нав нест, вале бори аввал мебинем, ки мусалмононро ба сабурӣ ва таҳаммул муттаҳам мекунанд. Мусалмон будан худаш иттиҳом шудааст, сахт ҳам гап занад муттаҳам аст, орому сабур ҳам бошад.”

Озодагон: Яъне, бо шӯрондан, бигузор наҳзатиҳо бошанд ва ё ҳар мухолиф, чӣ мехоҳанд? Саркӯб кардан ё..?

Муҳиддин Кабирӣ: “Баъзеҳо бар ин назар ҳастанд. Ман ҳам қисман розӣ ҳастам, ки мехоҳанд мухолифон дар Тоҷикистон сахт саркӯб карда шавад ва барои ин баҳона лозим аст. То имрӯз касе баҳона надодааст. Худое накарда агар аз тарафи мо вокуниши ҷиддитаре карда шавад, ҳатто дар чаҳорчӯбаи қонун ҳам бошад, ин дасти баъзеҳоро боз мекунад барои саркӯб кардан ва истифода аз зӯроварӣ. Агар ин таҳлил рост бошад, барои мо воҷибал вуҷуб мешавад, ки аз сабри бештар истифода кунем. Чун ман ҳеч гоҳ намехоҳам, ин ҳама фишорҳо боиси хунрезӣ шавад, боиси он шавад, ки фарзанди тоҷик аз нав ятим монад, падарон маҳбус шаванд, модарон бева монанд. Мо инҳоро аз сар гузарондем. Он касоне, ки дар фикри ин нақша ҳастанд, дар пеши миллат як хиёнати бузург карда истодаанд. Ҳоло мушаххас наметавонам бигӯям, кӣ ҳаст ва кадом идора ин корро карда истодааст. Як рӯз ҳамааш ошкор мешавад, чуноне ки тарроҳону иҷрокунандагони ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навад бо забони худи хоҷагони хориҷиашон ошкор шуда истодаанд. Вақте масъаларо бо машварату гуфтугӯ метавон ҳал кард, набояд бо роҳи зӯрӣ ҳал шавад. Бубинем, корашон то куҷо мерасад. Барои он ки аз нав фитнаро роҳандозӣ накунанд ва як бори дигар тоҷиккушӣ сар нашавад, мо вазифаи худро анҷом дода истодаем, сабр карда истодаем, маслиҳат дода истодаем, ҷойе агар лозим шавад, ақабнишинӣ карда истодаем. Аз ин бештар дигар аз дастамон кор намеояд. Вале, агар бинем, ки сабри моро ҳамчун заъф мепиндоранд ва бадахлоқии худро идома медиҳанд, конун дигар намудҳои вокунишро ҳам иҷозат додааст, ки аз он ҳам истифода хоҳем кард. Он касоне, ки моро муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки заиф ҳастему коре аз дастамон намеояд, шояд моро бо мухолифини кишварҳои арабӣ, ки ахиран даст ба инқилоб заданд, муқоиса кунанд, ё Украина, ё Гурҷистон, ё ҳар кишвари дигар. Ё бо инқилоби Қирғизистон муқоиса кунанд. Агар моро муқоиса бо онҳо кунанд, мо ҳарфи онҳоро қабул дорем, мо омода ва карданӣ ҳам нестем чунин корҳоро.”

Озодагон: Барои чӣ?

Муҳиддин Кабирӣ: “Барои ин ки Тоҷикистони мо фарқ мекунад. Мо дидем, ки Аскар Акаев ба хотири мансаб шуда миллати худашро напаронд, Шеварнадзе напаронд, Саакашвилӣ ҳам супорид, рафт. Дар Украина ҳам дидем, ки агарчӣ қурбониҳо буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд, яъне ҳокимият алайҳи мардумаш ҳадди ақал танку тӯпро зиёд накашид. Аммо мо як бор дар Тоҷикистон дидем, ки тарафҳо якдигарро чӣ хел куштанд ва чӣ қадар бераҳмона. Мо бештар аз 150 ҳазор шаҳид дорем. Деҳаҳои тоҷикнишин бомбаборон шуд, ним миллион тоҷикро аз марз пеш карданд, як қисмаш дар дарё ғарқ гашт. Ҳама медонад, ки ин корро кӣ кард ва бо силоҳу танку тӯпи кӣ. Имрӯз бешармона мегӯянд, ки исломгароҳову демократҳо карданд. Ҳоло ҳам ҳамон сенарияро мехоҳанд амалӣ кунанд, ба мардум фишор биёранд ва агар мардум сар бардошт, вазъ ноором гашт, боз ҳамон ислому исломгароҳоро гунаҳкор хоҳанд кард. Ин тарҳ бо иҷрокунандагони нақшҳо ва суфлёрҳояш омода аст, фақат фурсат мехоҳанду бахона. Боз тоҷик саргардон мешавад. Маҳз тоҷик, каси дигар не. Ман медонам, ки ин ҳарфҳои ман ба бисёриҳо маъқул нест. Онҳо мегӯянд, ки Шумо баҳона мекунед, метарсед, заиф ҳастед. Ман омода ҳастам, ки ин ҳамаро таҳаммул кунам. Танқид мекунанд, таҳқир мекунанд, заиф мегӯянд, ҳатто бо помидору тухм ҳам бизананд. Вале ман омода нестам, ки як бори дигар миллатам ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад. Таърих худаш баҳо хоҳад дод. Он касоне, ки имрӯз парчами сулҳу Ваҳдатро ба даст гирифтаанд, ҳалолашон бод. Вале фаромӯш накунанд, ки дар сулҳ он тарафи дигар ҳам буд, ки имрӯз фақат бо сабру таҳаммулаш сулҳро ҳифз карда истодааст, барои сабраш мутаҳҳам ба заъфу беқувватӣ мешавад. Мардум беномус нест, мардуми тоҷик заиф нест. Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам ҷузъи мардум аст. Ва ман дар ин ду-се рӯзе, ки бо мардум будам, хусусан дар Хуҷанд, медидам, ки мардум чӣ қадар азият мекашанд, чӣ қадар асабонӣ мешаванд, ба хусус ҷавонон. Агар Худое накарда натавонем асаби худ ва ё асаби мардумро контрол карда, кофӣ аст, ки як шиор партофта шавад ва ё ҳаракати ноҷо. Баъд имкони назорати ин раванд дигар аз даст меравад. Дилам ба он милитсионерҳо месӯхт ва мо якҷоя фикр мекардем, ки вазъият аз контрол берун нашавад. Нафароне, ки он модарону ҷавононро оварда буданд ва онҳоро таҳрик мекарданд, ки инро бигӯву ин корро бикун, ӯ танҳо дар фикри анҷоми масъулияти ҳамон соатинааш ҳаст. Ӯ ҳеч гоҳ фикр намекунад, ки ҳамин кори зоҳиран начандон хатарнок метавонад оқибати хеле бад дошта бошад. Бинобар ин, ман бо назардошти ҳамаи ин вазъият боз ҳам бо эҳтиром ба назари он коршиносон ва он дӯстоне, ки моро танқид мекунанд, тасмимро худамон хоҳем гирифт. Як нафар аз хориҷ моро хеле танқид мекунад барои беҷуръатӣ. Боре хондам мусоҳибаашро, мегуфт, ки дар Шереметево чанд лаҳза боздошташ кардаанд ва аз тарс наметавонист рақами телефони дӯсташро шуморагирӣ кунад. Зарур ҳам намедонам, ки ба касе ҷуръату ҷасорати худро исбот кунем. Вақт нишон медиҳад, кӣ ҷасорат дораду кӣ сухан. Ва ҳамон тавре рафтор хоҳем кард, ки барои миллату давлатамон ва динамон лозим медонем.”

Озодагон: Ишораҳое ҳам мешавад, ки шояд Муҳиддин Кабирӣ мунтазири интихоботи 2015 аст шояд ва баъдан аз Тоҷикистон биравад...

Муҳиддин Кабирӣ: “Агар ман аз кишвар рафтанӣ бошам чаро то интихобот бояд мунтазир бошам? Ҳоло ҳам метавонам биравам. Шароити рафтанро дорам, вале мардумро куҷо мебарам? Онҳое, ки бовар кардаанд ва умед доранд, ки бо ҳам ин кишварро обод хоҳем кард. Ё бо ҳам мемонем ё бо ҳам меравем.”

Озодагон: Омодагиҳо барои ин интихоботи парлумонии 2015 чӣ гуна аст?

Муҳиддин Кабирӣ: “Омодагиҳо барои интихобот хуб аст. Ҳоло чизеро гуфта наметавонам, вале фикр мекунам, ширкати мо дар интихобот аз қабл камтар нахоҳад буд. Баръакс, мо интихоботи 2015-ро яке аз чорабиниҳои муҳим медонем. Ва ба касе пӯшида нест, ки соли 2010 эълон доштем, ки ҳадафи аслии мо интихоботи соли 2015 аст, на интихоботи соли 2013. Бо ҳамин барнома мо рафта истодаем. Корҳои мо идома дорад, ситод ташкил шудааст рӯйхати номзадҳои эҳтимолиро ҳам таҳия карда истодаем, нозирон, аъзои кумисюни интихоботиамон. Вақт нишон медиҳад. Мо ҳоло аз имрӯз наметавонем бигӯем, ки қадамҳои баъдии мо чӣ хоҳад буд. Вале як чизро метавонам ошкор бигӯям, ки мо комилан дар чаҳорчӯбаи қонун ва бо назардошти вазъият амал хоҳем кард. Ҳизби сиёсӣ ва интихобот ин як васила ҳаст, барои ислоҳот, барои тағйири вазъият, на бештар аз он. Ман бовар дорам, ки интихоботи 2015 агарчӣ дар шароити душвор мегузарад, каме ҳам бошад ба беҳтар шудани вазъият дар кишвар саҳми худро гузошт. Агар ҳукумат бихоҳад. Вале агар бо ҳамин рафторе, ки ҳозир рафта истодааст, пеш мераванд то рӯзи интихобот, пас воқеан метавон гуфт, ки як интихоботи хеле ҳам мушкил барои Тоҷикистон хоҳад буд.”

Озодагон: Ҳар замоне ки фишор болои наҳзатиҳо афзоиш меёбад ва ҷониби дигари сулҳ ҳамчун алангадиҳанди ҷанги дохилӣ муаррифӣ мегардад, масъулони ҳизб ва аъзояш бештар аз созишномаи сулҳ ва санади ҳамдигарбахшӣ ёд мекунанд...

Муҳиддин Кабирӣ: “Чунки ин як беэҳтиромӣ, бадахлоқӣ ҳаст нисбат ба миллат, созишнома, нисбат ба арвоҳи шуҳадо ва нисбат ба он аҳду паймонҳое, ки бо ҳам кардем. Инро бо забони дигар гуфтан душвор аст. Ман ҳанӯз ҳам бар ин назар ҳастам, ки раисҷумҳури кишвар ҳамчун нафаре, ки имзоашон зери ин созишнома ҳаст ва санади ҳамдигарбахширо имзо кардаанд, гирифтори фазосозии баъзе доираҳо ва атрофиён гаштааст. Агарчӣ бисёриҳо шояд фикр кунанд, ки ман ин ҳарфҳоро танҳо ба хотири ба шахсияти президент нарасидан бигӯям. Коршиносон мегӯянд, ки президент аз ҳама чиз огоҳ ҳаст, медонад. Бале, ман медонам, ки президент аз ҳам чӣ огоҳ ҳаст, медонад ва то имрӯз пеши роҳи ин қонуншиканиҳо ва амалҳои мухолиф ба созишномаро нагирифтааст. Вале сабаби асосӣ на дар он аст, ки ӯ ин корҳоро мехоҳад, балки фазоро барояш чунин омода кардаанд. Мушкили асосӣ ҳам ин аст, ки имрӯз маълумотҳоро аз сарчашмаҳои гуногун намегиранд. Аз як сарчашма ва аз як тараф. Шояд Тоҷикистон ягона кишваре бошад, ки роҳбарияти давлат лозим намедонад, нуқтаи назари мухолифинро ҳам мустақиман бишунавад. Ин фарҳанг ва ин таҷриба дар аксари кишварҳо ҳаст. Ғайр аз кишварҳои диктаторӣ, ки роҳбари давлат худро донотарин ва огоҳтарин шахс меҳисобад ва ҳеч лозим намедонад, ки бо дигарон сӯҳбат кунад, машварат кунад, ҳадди ақал назарро бипурсад. Баъзе роҳбароне, ки бештар аз миллиард, 500 миллион одамро роҳбарӣ мекунанд ва бузургтарин иқтисоди ҷаҳонро доранд, боз ҳам лозим медонанд, ки бо ҳамватанонашон, бо рохбарони ҳизбҳо, бо нерӯҳои сиёсӣ бишинанд, машварат кунанд. Вале дар мо, мутаасифона, ин ҷузъи фарҳанг ва анъанаи сиёсӣ нашудааст.”

Озодагон: Аммо баъзеҳо мегӯянд, ҳамин мухолифинро нодида гирифтан, бо онҳо машварат накардан ва фишори зиёд овардан худ як заъф аст. Яъне, ҳукумат эҳсос кардааст, ки то чанд миёни мардум нуфуз ва маҳбубияти худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, бо ҳар баҳона мехоҳад, таваҷҷуҳи мардум ба дигар ҷониб равона карда шавад...

Муҳиддин Кабирӣ: “Касе, ки далел дорад ва мантиқ дораду ба қудрати фикрии худаш боварӣ дорад, ӯ ҳеч вақт аз муколама ва гуфтугӯ парҳез намекунад. Касе, ки аз муколама парҳез мекунад, дурӣ меҷӯяд маълум аст, ки дигар мантиқ ва далел надорад барои гуфтан. Дар ин ҳолат баъд мебинед, ки экскватору булдозер ҳамчун далел истифода мешавад. Русҳо ҳам як мақол доранд, ки “Сила есть, ума не надо”, яъне қудрат бошад, дигар ақл ҳам лозим нест. Баъзеҳо бо ин мантиқ пеш мераванд. Фикр намекунам, ки дар ҳукумат, нерӯи фикрӣ, мантиқ аз байн рафта бошад, кам нестанд инсонҳои боақл ва ватандӯст. Вале ҳанӯз ҳам ба ин қаноат нарасидаанд, ки аз муколама ва гуфтугӯ ва аз қонун ҳамчун роҳи ҳалли мушкилиҳо истифода шавад. Онҳо фикр мекунанд, ки бо зӯрӣ, тундӣ метавон масъаларо ҳал кард. Ҳатто шояд аз ҳодисаҳои кишварҳои дигар ибрати баръакс гирифта бошанд ва фикр кунанд, ки агар ба мардум озодии бештар намедоданд, ба ин ҳодисаҳо намерасонд. Ман баръакс фикр мекунам. Таҷриба нишон дод, ки он кишварҳое, ки сари вақт тавонистанд бо мардум гуфтугӯ кунанд, пеши роҳи ҳодисаҳоро гирифтанд. Барои мисол, Мағриб (Марокаш) аз аввалин кишварҳои арабӣ буд, ки ин ҳодисаҳо оғоз гашт, вале зуд ислоҳоти конситутсионӣ гузаронида шуд, интихоботҳо баргузор шуданд ва ҳизбе мухолифин ҳам пирӯз шуда, то имрӯз сарвазир аз онҳо ҳаст. Вале кишварҳое, ки бо якравиву бо гарданшахӣ хостанд, масъаларо ҳал кунанд, оқибатро дидем, ки ҳам ҳукуматро бар замин заданд, ҳам давлату миллатро ба замин заданд ва то имрӯз ҳам наметавонанд пеши роҳи чангу хунрезиро бигиранд. Ман як мисол ҳамеша меорам, инҷо ҳам такрор мекунам, ки агар Наҷибулло медонист, ки чӣ мусибатеро болои мардуми афғон меорад, шояд ки бо Аҳмадшоҳи Масъуду устод Раббонӣ ҷанг намекард. Баръакс, онҳоро дар паҳлӯи худ мегирифт ва кишварро обод мекард. Вале вақте ки бо онҳо сулҳ карданӣ шуду бо онҳо дӯсту бародар шуд, дигар кор аз даст рафта буд ва Толибон ҳам омаданд ва ҳам тақдири Наҷибулло ҳам дигар шуду Аҳмадшоҳу Раббонӣ ҳам, миллати Афғонистон ба ин мусибатҳо кашида шуд. Мегӯянд, инсони оқил иштибоҳи худашро мекунад, аблаҳ иштибоҳи дигаронро такрор мекунад.”

Озодагон: Мехостем назари Шуморо дар мавриди ҳарфҳои мақомоти кишвар, аз ҷумла Саймуъмин Ятимов – раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи муттаҳам кардани баъзе созмону кишварҳои хориҷӣ барои ба ҳам задани суботи кишвар бифаҳмем...

Муҳиддин Кабирӣ: “Ҷаноби Ятимов худашон чандин солҳо дар хориҷ кор карданд, намояндагии Тоҷикистонро дар назди чандин созмонҳои байналмиллалӣ доштанд ва вақте ин ҳарфро мегӯянд, ҳатман далеле доранд, ки мегӯянд. Вале бисёр мехостам, ин ҳарфҳо, агар асос дошта бошанд, бояд дар ними роҳ намонад, баъдаш иқдом шавад. Вақте ки созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳо дар умум муттаҳам мешаванд, ин ҳарфи то охир нагуфта метавонад бисёриҳоро нигарон кунад ва боиси нороҳатии баъзе дӯстони Тоҷикистон ҳам шавад. Агар чунин далелҳо вуҷуд дошта бошад, бояд хеле ҷиддӣ иқдом кард ва он созмонҳоро ошкор карда, фаъолияташонро дар Тоҷикистон қатъ кард. Мо бо ин кишварҳо ва созмонҳо ҳамкорӣ дорем, аз онҳо давлат пул мегирад. Намедонам, кадом гуруҳ ё шахс аз инҳо пул гирифтаанд, агар дасти мақомот далеле ҳаст, бояд ҳатман ошкор шаванд, то назди мардум ошкор бошад, кадом кишвар ба кӣ чӣ қадар маблағ додааст ва барои чӣ. Вале худи ҳукумат аз ин кишварҳо ва созмонхо даҳҳо миллион доллар солона пул мегирад ва набояд кори як созмон ё як кишварро ба ҳама таҳмил кард. Барои мисол, гуфта шуд, шахси ба ҷосусӣ муттаҳамшуда аз кадом шахси дигари хориҷӣ пул ва супориш гирифтааст. Пас, чаро як кас ба ҷосусӣ муттаҳам шавад, модоме ки чанд нафарро медонанд? Ё танҳо ба шаҳрванди худамон тамғаи ҷосусро мезанем? Ҳамин намерасид ба тоҷикон, бе ин ҳам бо наворҳову намоишҳо обрӯи тоҷиконро дар ҷаҳон резондем, фақат он монда буд, ки тоҷик ҳамчун хоин муаррифӣ шавад. Даҳҳо дипломат, коршиносу таҳлилгари дохиливу хориҷӣ имрӯзҳо бо мо мулоқот мекунанд, чигуна бисанҷем, ки инҳо ҷосусанд ё дипломату таҳлилгар? Дӯстро душман кардан осон аст, дӯстро дӯст нигаҳ доштан душвор. Ҳатто баъзе созмонҳое, ки ном гирифта мешавад, Тоҷикистон узвияти расмӣ дорад. Агар ин созмонҳо алайҳи мо кор мекунанд, чӣ маьнӣ дорад узвияти мо дар онҳо? Бояд узвиятро қатъ кард ё аз ҳарфҳои беасос худдорӣ намуд. Ман фикр мекунам, агар далелҳое доранд, ба наздикӣ бояд ҳатман иқдоми ҷиддӣ сурат бигирад.”

Озодагон: Шояд ба ин хотир аз шахс ё созмони хорҷӣ ном намегиранд, ки муносибат халладор нашавад...

Муҳиддин Кабирӣ: Агар далелҳо бошад, мо набояд аз гуфтани ин ҳарфҳо биҳаросем. Манфиати давлату миллатро бояд ҳифз кунем ва ошкор гуфта шавад. Тоҷикистон агарчӣ давлати хурд ҳаст, вале аз манфиатҳояш бояд ҳимоят кунад ва ба дӯстони хориҷӣ, агар абарқудрат ҳам бошад, гуфта шавад, ки набояд ба корҳои дохилии мо дахолат кунанд. Вале, ман мухолифи он ҳастам, ки бедалел, умумӣ гуфта шавад. Душманкобиву душмантарошӣ хуб нест. Ҳама айбро бар дӯши хориҷиҳо ҳам бор кардан маънӣ надорад. Баъзе камбудҳое, ки масъулини мо мекунанд ва боиси нооромиву низоъ мегардад, ақли ягон хориҷӣ ҳам намегирад. Барои мисол, хароб кардани дафтари мо. Кадом созмон ё сафорат пул дод, ки нисбат ба як ҳизб ва шаҳрвандони худатон ин корро кунед? Назарияи "дасти хориҷӣ" нав нест, гоҳ-гоҳ аз он истифода мешавад барои гурехтан аз мушкилот ва ба дӯши дигарон бор кардани камбудҳо. Вале, ҳама чиз ҳад дорад, бо ин масоил зиёд намешавад шӯхӣ кард. Зиракиву ҳушёрие, ки мақомот доим шаҳрвандонро ба он даъват мекунанд, худашон инҷо бояд нишон бидиҳанд.”
Мӯҳр
РУСТАМИ ДОСТОН
ВОКИАН КИ БОИСИ ИФТИХОР АСТ БАРОИ ХНИТ КИ ЧУНИН ДАВЛАТИ БА ГУФТИ ХУД БАКУВАТ АЗ ЯК ХИЗБИ РАСМИИ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН БИТАРСАД . ИН НИШОНАИ ОН АСТ КИ ХУКУМАТ ЗАИФ ВА НОТАВОН ШУДА ИСТОДААСТ КИ БОВАРИ АЗ ХУДРО ГУМ КАРДА ИНКАДАР ХАРОС ДОРАД АЗ ПЕШРАВИХОИ ЧАНОБИ КАБИРИ ВА МУЛОКОТ БО У. ТАМОМИ МУХОЧИРИН ВА ЧАВОНОНИ АСРИ-21 КИ ТОЧИКИСТОН БО ШУМОЕМ УСТОД КАБИРИ . ХУДО КУВВАТ !

Рустам ХХДТ
Ин Кабирй холо хам дар паскучаи сиёсати пусида кадам бардошта истодааст. Гумон мекунад, ки мо холо хам дар соли 1990 карор дорем. Лекин чомеаи мо аз акоиди кухнаи Кабирй пеш рафтааст. Ва хеч гох намегузорад, ки назариёти бугини ифротии нахзатй ин чомеаи фарзонаро фаро гирад. Мо дар чомеаи офаридаи Э Рахмон мехохем озодона ба сар барем. Нахзатро аз миёни чомеа решакан мекунем ва ба таври орому осоишта рузгорамонро обод мекунем.

РУСТАМИ ДОСТОН
ОЗОДАГОН АЙ БОВАРИ БРОМАДЕСЕН . ЧИБА КАМЕНТАРИЯХОРА ЧОП НАКАДЕСТЕН ??????? Ё ШУМО ХАМ ЯК ТАРАФТОН ТАРАФИ ХУКУМАТ КАШИДЕСТАЙ ?? ШУМО БОЯД БЕТАРАФ БОШЕН ДОИМ . ТАРАФДОРИ АДОЛАТ ВА МАРДУМ .

786 Kulob
Шарх барои Мусохибаи устод.
Ин суханони устод Кабири суханони дили хар як точик ва хамватани моаст, хукуматдоро бояд гушкунан то яке яруз мисли хукумати Мисри Араб хамаша дор накашидан ё эъдом накардан наган нафахмидем миллат дар ранчу азоб бдааст, ай пушти миллату точик нон мехурдему ва....

salom ba hamai khonandagon, KHudovand Muhidini Kabiri ro piruz bigardonad, in ruzhoi sakht meguzarad .....

Мухиддин Кабири зарае аз донишу фахмишашро барои баъзе масъулони бефахм ошкор кард, ки бубинанд мардони Худо на оннанд, ки мепиндоранд.

.
Кабири,

Обруи хизбро ноль карди. Хизбро пароканда кунед ва рафта ба тичортат машгул бишав. Ту сиесатмадор нести, дилу гурда надори.

мустафо
Огуи Кабиров!
То шумо сафсатагуиро бас накунед, на хизбатон на бизнесатон ва хонаатон обод намешавад. Айб дар шумост. Ноухдабаро хастед. Неудачники миллат

.
Рустам ХХДТ,

Кучои хамин чомеа фарзона аст?Дар як шаб 505 фохишаро дастгир кардед. Дар чамъияти фарзона кори занхо танхо фохишаги аст? Чамъияти фарзонаро шумо барои худ офаридед. Мардум хама дар гуломи дар Россия, шумо ин чо кайфу сафо карда гаштед.

Як бародар
Дина ба бозори "Султони Кабир" рафтам, чи чизе даркор бошад, ёфта мешавад. Дастархонхоямон, шукри худо, пур аз нозу неъмат. Нисфи шаб ба шахр барои, на гурусна мемониву, на пиёда. Ба фикри ман бихишти руйи замин хамин аст. Магар 10, 20 ё 30 сол пешро фаромуш кардаем? Биёед, бародари ба чон баробар шавем!!!

Сафар
Як рохи оромии кишвар вучуд дорад.Баргаштан ба низоми социалисти,милликунонии моликият ва бархам додани ибораи чаноб ва ба миён овардани ибораи рафик.Дар ин асос метавон сохтори якхизбаро дар кишвар ба вучуд овард аз хисоби ХХДТ ва тибки тачрибаи социализм иктисодиёти плани ва 5-солаи социалистии ривочи кишварро кор карда баромад.Дар сохтори сармоядори бе якчанд хизби пуркувват ороми ва пешравии чомеъаро таъмин кардан намешавад.Дигар роххо ба радикализм ва ифродгарории чанбаи митакагарои дошта мебаранд.Хамчунин чомеаи демократиро наметавон бо дуругу раксу бози сохт.Модели тарзи социалисти барои синфи коргару дехкон бисёр хуб аст,лекин онро бонкхою олами сармоя кабул надоранд.Ягона рох ин риояи конститутсия ва дар асоси он эхтиром гузоштан ба хукукхои шахрвандон,демократия ва такмилу ичозати бисёрхизбист. Чанги соли 92-ро болои як гурухи ба ном фанатики дини партофтану аз дигар гурухи айбнокаш-фанатикхои болшевики сухане нагуфтан ба манфиати чомеъа нест.Алалхусус дар холи оне,ки насли чавони аз соли 1990 ин тараф таваллуд гашта,дигар ба афсонахои большевики диккате нахохад дод!Мана дар кучост проблема.Чавонони ба воярасчидаи бекор дигар ба фаш-фашгуихои мансабдорон бовар надоранд. Ин проблема ва проблемаи тараккиёту чойхои нави кориро бояд чуст.Бо хизбмахкамкуни ва депутатгузарони чун солхои хаоси 90-ум ва 10-солаи аввали асри 21 кор буд намешавад бародарон.Аз акл кор гиред!Корбари доими,
Корбари доими,
Корбари доими,
Корбари доими,

Эх бародар Кабири,Кабирии содда!Точик имруз дар ватанаш кадр надорад.Чанги точиккуш ва катли оми точикро дар соли 1992-1993 боре гап намезанаду намегуянд,ки фалон "шарикони стратеги" ,фалон кадар ярок ва фалон катар аскару диверсантро фиристоданд чун точик дар рохбари давлат аслан набуду аслан нест!

HNIT ohista-ohista nest meshavad chunin raftan girad

Ромиз
Корбари доими буйи суханхои игроки Хилватшох аст. худатона таъриф накнеуд медонрем ки барои иронихо ва муллохо кор кесен. ИН Иронихои Шуморо ин кадар пули калона бе минат наметан. Дуввум хабаротонону сухбатонон хамааш фачанд. Хабаротон дузди ва дурганд. Маслаан Шумо хабар додед ки сухангуйи Кумитаи дин чонишини раиси Кумита шуд. Хамин суоли Кабири фирор мекунад суол аст ё нодонии журналист.

бо хукмронон мукобилият намудан наонкадар хуб аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)