Эмомалӣ Раҳмон: "Сохтани қасру хонаҳои боҳашаматро бас кунед" (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар, ки 16 июн баргузор гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014-ро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, вазъи феълӣ дар кишвар ӯро қонеъ карда наметавонад.
Масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри баъзе равандҳои манфӣ дар 5 моҳи соли 2014 аз сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандони кишвар хостааст, бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи нав ва дар ин замина ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд. Оқои Раҳмон аз коҳиши суръати рушди истеҳсоли саноатӣ, коҳиши гардиши савдои ҳориҷӣ, аз ҷумла содирот, нигаронӣ карда, ба ҳукумат супориш додааст, барои ислоҳи вазъ тадбир андешад.
“Суръати имрӯзаи рушди иқтисоди мамлакат моро қонеъ карда наметавонад ва аз ин рӯ, мо бояд ба ташкили заминаҳои инкишофи босуботу дарозмуддат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем”,-таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Дар маҷмуъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ҳукумати кишвар сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, ноил шудааст, тамоюли мусбати рушди иқтисодиёт ва иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиву уҳдадориҳои иҷтимоиро таъмин намояд. Ӯ дар қатори дастовардҳои тайи 5 моҳи аввали соли равон аз ҷумла 6,5 фоиз то ба 13,5 миллиард сомонӣ зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иҷрои буҷаи давлатӣ ба андозаи 102,4 фоиз, ба имзо расидани 6 созишномаи нав бо маблағи умумии 258 миллион сомониро номбар намудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри камбудҳо дар ҳар яке аз ин соҳаҳо супориш додааст, ҳар чӣ зудтар ислоҳ шаванд: “Дар назди Ҳукумат вазифаҳои душвор, вале иҷрошаванда гузошта шудаанд. Ҳаҷми иқтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар ҳафт соли оянда бояд то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад. Дар як вақт, тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон эълон шудаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, 4,6 баробар кам шудани содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба воридотро қайд намуда, дастур додааст, аз ҳисоби рушди истеҳсолоти дохилӣ ба ин раванд хотима дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |