Бахшҳо
07 июн 2014 13:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъд аз амри вазир ҳолатҳои боздошти танфурӯшу даллаҳо афзудааст

Баъд аз амри Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ду рӯзи пеш мақомоти пулис ҳарчи бештар дар бораи ошкор шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номуси ноболиғон, фоҳишагарӣ ва даллагию бадахлоқии сокинон хабар медиҳанд. Ҷаноби Раҳимзода рӯзи 5 июн бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши фоҳишагарию даллагӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шаванд.

Танҳо дар нимаи аввали рӯзи шанбе, 7 июн, торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ аз се ҳолати боздошти даллаву нафаре, ки ба номуси духтари ноболиғ таҷовуз кардааст ва як бадахлоқ дар Душанбе хабар дод. Бино ба иттилои торнамои ВУД, рӯзи 6 июн як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шудааст. “Б.С. манзили худро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон - Ҳ.З., С. Б., И.Х. ва М.Р., сокинони Ҳисор, Файзобод ва Тавилдара барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам овардааст”,-менависад сайти Вазорати умури дохилӣ. Дар идома таъкид шудааст, Б.С. ба ивази ин кораш аз сокинони Файзободу Ҳисор ва Тавилдара 100 сомонӣ гирифтааст.

Инчунин, ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузарондани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ П.Ҳ.-и 18 сола, сокини ноҳияи Вахш, ҳамчун гумонбар барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта бо нафаре, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст, боздошт гардидааст. Бар асоси иттилои мақомот, гумонбаршуда моҳи апрели соли 2014 дар дохили боғи фарҳангии ба номи Мирзо Турсунзода бо ноболиғ Д.С., соли таваллудаш 1998, алоқаи ҷинсӣ намудааст.

Маъмурони пулис мегӯянд, дар пайи гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боз як сокини шаҳри Душанберо барои ҳаракатҳои бадахлоқонааш дастгир намудаанд. Тибқи иттилои манбаъ, А.Д.-и 30 сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи панҷуми июн дар ҳолати мастӣ ба хонаи Б.А., ки бо фарзандони ноболиғаш зиндагӣ мекунад, ворид шуда, ба хонаи хоби ноболиғон даромадааст: “Дидаю дониста бо фарзанди соҳибхона Р.Г., ки ба синни 14 нарасидааст, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст”.

Як рӯз пештар мақомоти умури дохилӣ аз боздошти посбони 19-солаи осоишгоҳи “Самиг”-и ноҳияи Ваҳдат хабар доданд, ки барои робитаи ҷинсии се нафар шароит фароҳам кардааст.
Мӯҳр
Икдоми нек ! Аслан аввал тартибу низомро дар дискотекахою тарабхонахо бояд чори намуд ! Аз зани точик ки ояндаи миллатро меофарад, фардо чи насле мебарояд? Онхое ки чавондухтаронро аз рох мебароранд бояд дар расонахо ошкор гарданд то дар назди мардум русиёх гарданд !

Салом ба хама хонандагони ин сахифа...Хуб мешуд хукумати ЧТ якум конуне руйи кор меовард, ки мазмунаш чунин мебуд....Марде, ки оилаашро талок медихад бояд 50 000 ( панчох хазор доллар) доллар чарима супорад....Баъдан чунин (амалиётхоро) рейдхоро гузаронанд...Ана бад мебинем, ки олам гулистон мешавад...Дигар на талок мешаваду на берохагии занон...Кош чунин мешуд....

Душанбе аз мани
Латофат,
Молодец Латофат барои конуни нав пешниходи кардагит!!!!

мухочир
Во ачабо, акнун кормандони полису пракуратура кихоро кришават мекарда бошанд???

Имрузхо на факат фохишагари балки аз ин бад, никохи хамчинси дар чомеаи мо пайдо шудаасту, касе оиди ин харф намезанад, аммо пешвохои дин ки барои тарбияи мардум, махсус чавонон буданд, дахонпуш карда шуда, бархеашро кушта ва зиндони кардан, аммо чаро имруз ба ин корхо назар намекунанд??? Гуё амри маъруф ва суханхои Худо ва расулро гуфтанд ба чамъият халам меовардаасту, аммо корхои шайтони не???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)