Бахшҳо

Афзалшоҳи Шодӣ: “Консерт бо Шералӣ Ҷӯраевро қабул накардам”

Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар таронаҳояш бештар Самарқанду Бухороро васф карда, аз онҳо ба унвони сарзамини тоҷикон ном мебарад, гуфт, барои баргузории консерти якҷоя бо Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбакистонӣ, дар Хуҷанду Истаравшан ризоят надодааст. Ӯ рӯзи 24 май дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” афзуд, чунин пешниҳод ва тасмими баргузории консерт аз оғоз бада, аммо баъдан рад гардидааст.

“Ин хел гапҳо буд, вале ман не гуфтам (рад кардам). Аз тарафи Узбакистон ҳам ба Шералӣ Ҷӯраев иҷоза нашудааст, ки марзро гузашта ба ин ҷо ояд. Ва мо ҳам Шералӣ Ҷӯраевро қабул намекунем”,-таъкид дошт ӯ.

Афзалшоҳи Шодӣ: “Консерт бо Шералӣ Ҷӯраевро қабул накардам”Се рӯзи пеш як манбаи мо дар Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, қарор аст, 31 май дар Истаравшан консерти Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбакистонӣ, ки ахиран таронаеро бар зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сароидааст, баргузор шавад. Бино ба қавли манбаи мо, аслан оқои Ҷӯраев барои иштирок дар як тӯйи соҳибкори истаравшанӣ омада, баъдан дар варзишгоҳи Хуҷанду Истаравшан ҳамроҳи Афзалшоҳи Шодӣ консерт медиҳад.

Дар пайи нашри ин хабар дар торнамои “Озодагон” масъулони ҳукумати Истаравшан бо мо дар тамос шуда, ҳузури Шералӣ Ҷӯраев дар як тӯйи соҳибкори истаравшаниро рад карданд, вале дар мавриди консерти ӯ чизе нагуфтанд. Аммо таблиғи консерти Шералӣ Ҷӯраев, ки дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан буд, ногаҳон ғайб зад.

Хабари омадани Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбак, баъд аз таронаи зидди “Роғун”-аш ба вилояти Суғд бо вокуниш ва баҳсҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯбарӯ гардид. Аксари корбарон ин тасмими мақомотро зери бори танқид гирифта, онҳоро барои тарафдорӣ аз мухолифи сохтмони Роғун, ё ба қавли раисиҷумҳур, ҳаёту мамоти Тоҷикистон муттаҳам намуданд.

Дар ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ торнамои Darakchi.uz аз суруда шудани таронае алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва “Қамбарота” дар Қирғизистон аз сӯи Шералӣ Ҷӯраев хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, матни таронаи мазкур ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст, ки он аз “таҳдидҳо”-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад. Ин торнамо дар идома навишта буд, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад. Чун ба қавли Тошканд дар сурати бунёд шудани ин неругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт.
Мӯҳр
Шарм овар аст ки давлати мо хамчун чонварро дар хоки поки мо рохдоданд ахсан ба Чаноби Хочи Афзалшох ки пешниходи онро рад карданд ин хеч обу руйе надорад ки бар зиди давлати мо шери таблиготи ва ё чанчол барангез саройидааст ва ба ин сарзамин помондааст.

Мухаммад
Офарин бародар

ин кори А. Шодиев хуб аст аммо агар консертда иштирок карда якбора исбот мекард ки ватандусти хакики хаст ва онро назди шерали хам гуфта метавонад. Дилу гурда медошт Шодиев узбака кабул кара да пешаш Самарканду Бухороя мехонд!!! мегуфт: Самарканду Бухоро аз мост агар мон нагирифтем фарзандони мо хоханд гирифт!!!!

Асан хунар ва хунармандон ба сиёсат хеч робитае надошта бошанд. Оне ки Шерали Жураев овозхони бехамтосту солхои тулони дар байни мардум аст ба хама маълум.Лекин бо ин хунари воло хондани сурудхои миллатгароию зидди кадом сохтмон ба хунари у лакнати чидди ворид месозад. Хунарманди асил пайвандгари мардуму миллатхо бошад, чун Журабек Муродов, Ахмад Зохир, Маъмуржон Узоков, Таввакал Кодиров, Берта Давидова,Одина Хошим, Шаджариён,.........Мухаммад,
Мухаммад,

Афзалшо то мисли Шералӣ шуданаш 300 сол мегузарад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)