Бахшҳо

Виктор Никитюк аз Русия интиқод кард; Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – тарафдорӣ

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон, аз сафари мувофиқанашудаи Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия ба Қрим ва шаҳри Севастопол, ки 9 майи соли ҷорӣ сурат гирифт, интиқод намуд.

Дар изҳороти паҳнкардаи сафорати Украина дар Душанбе, аз ҷумла омадааст: “Боздиди Путин аз қаламрави муваққатан ғасбкардаи Русия баёнгари он аст, ки Русия амалан аз як кишвари озодкунандаи солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон феълан ба як кишвари зӯровар ва роҳбаронаш монанди фашистҳои Олмон ба ҷангандозҳо табдил ёфтаанд.”

Никитюк дар идома меафзояд, роҳбарони феълии Русия ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки худро ворисони ғолибон дар ҷанги дуюми ҷаҳон номанд: “Шахсияти Путин ва сиёсати пешгирифтааш дар шароити феълӣ Рӯзи Ғалаба ва муборизаи муштараки халқи Украина ва Русияро бо фашизм доғдор мекунад.”

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии саршинос ва сиёсатмадори тоҷик, дар суҳбат бо бахши русии Би-би-сӣ зидди табадуллот ва сарнагун кардани ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ дар Украина баромад карда, аз иқдомгирии Русия дар мавриди Қрим ҳимоят намудааст. Ӯ гуфтааст, “асосан зидди табаддулот, зидди сарнагуни ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам.”

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, хонаводаи онҳо сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украинаро ғайриқонунӣ медонанд: “Ба ҳамин хотир, ман иқдомгирии Русия алайҳи Украинаро ҷонибдорӣ мекунам. Бо ин ҳол, Ғарб иддаогари волоияти қонун, дар мавриди Украина Сарқонуни ин кишварро нодида гирифт. Албатта, бояд гуфт, ман ҷонибдори худи Янукович ё низоми ӯ нестам, вале мутмаин ҳастам, ки инҷо мухолифони украинӣ ба хатогӣ роҳ доданд. Агар онҳо то давраи поён ёфтани раёсати Янукович сабр мекарданд, ба ин ҳадафи худ бидуни хунрезӣ мерасиданд. Дар интихоботи оянда онҳо ғолиб мебаромаданд.”

Ин руҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳаводиси Украина ба ӯ солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба ёд меорад, ки чи гуна раисиҷумҳури қонунӣ ва баргузидаи кишвар Раҳмон Набиевро аз роҳи зӯроварӣ ба истеъфо фиристоданд. Албатта, паёмади онро ҳамаи мо медонем, ки оқибат ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезиҳо мунҷар шуду аз худ ҳазорҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт.
Мӯҳр
Муллои мухтарам Турачонзода шумо худатон фаромуш кардед, ки чи гуна дар огози навадум, чомеаи моро ба шуриш овардед. имруз ки давлати украин майдони сиёсатбозии руссияву аврупо гаштааст шумо ба чои он, ки афсусу надомат барои якпорчагии ин сарзамини оташзада карда мардумашро ба якдили хонед аммо ба пора пора шудану азбайнравии як давлати бузург бо халоват харф мезанед.

Мухтарам чаноби Турачонзода ба фикрам орзухои чомаи амал напушидаи худро дар аввали солхо 90-уми асри гузашта ба хотир меоранд. Чун Чумхурии Точикистонро бохамтоени худ гарки чанги шахрванди намуда, хостанд онро ба кисмхо пора - пора намоянд. Мисли оне, ки Россия як кисми Украинаро, яъне нимчазираи Кримро аз они худ намуд.

KHolis
ba Jamshed va FFF
shumo hardu na siyosatro mefahmed va na dinro, hub meshud zyod savsata nagufted.Hoiji AKBAR siyosatro az tamomi siyosatdorony TJK hubtaru beshtar medonad va dinro ham na kamtar az in. In shumo faqat aroba kashidagien kashidan giren boz kasbro ivaz nakunen. KHudovand turajonzodahoro nigohbon boshad hamaash olimand. salomat bosh :ozodagon:

Дар Украина манфиатхои давлатхои абаркудрат аз як тараф ИМА ва ИА, аз тарафи дигар Россия ба хам мукобил омаданд, ки дар натича як давлати пешрафтаи аврупо ба гирдоби чанги шахрванди дучор шуд. Дар казия на Россия ва на ИМА хохиши оромиву сулху суботи Украинаро надоранд, хар ду чониб пеш аз хама манфиатхои худро пуштибони мекунанд ва нисбати халки оддии Украина, азобу шиканчахои у, курбониени он ягон майда парвое надоранд. Аз ин лихоз, чонибдории Россия ва е ИМА-ро намудан ба фикри ман бемаъни ва кутохандешона мебошад.

вахдат
турачонзада мефахми чи гуфтестай точикистон нест ки гапта гуш кунан инхора рус меган ихтият шав харчи харчи нагуй
озодагон илтимос ба мардум расад

Оё Русия имкон медиҳад, ки нируҳои озодихоҳ ва демократ дар ин ё он кишвари пасошӯравӣ сари қудрат биоянд? Бидуни табаддулот ва кӯмаки кишварҳои бузург ҳеҷ яке аз инҳо шанс надорад! Шумо воқеаҳои Тоҷикистонро ба ёд овардед. Чаро нагуфтед, ки кӣ мардуми Кӯлобро ба шӯр овард? Онҳо худ ба худ хестанд? Магар ин Русия набуд, ки ҳарду ҷонибро мусаллаҳ намуда, ба сӯи якдигар шӯронд? Шумо шоҳиди зиндаи он рӯзҳо ҳастед. Чаро асли воқеаро пинҳон мекунед? Русия дар тақсим намудани миллатҳо ва шӯрондани яке ба муқобили дигар таҷрибаи чандасра дорад ва ҳар замон барои ниятҳои шуми хеш аз он истифода мекунад. Агар аксари кулли халқ дастгири накунад, дар сиёсат як нафару ду нафар ҳукматро ба даст гирифта наметавонад. Мардуми Украина роҳбарони нави хешро ҳимоят мекунанд, албата, ғайр аз русҳо. Ин Путин буд, ки қартаи Тоҷикистонро дар Украина дубора ба бозӣ андохт. Инро дидаву дониста, худро ба оғӯши Маскави иғвогар меандозед? Ҳадаф аз ин чист? Магар беҳтар нест, ки муллогии хешро анҷом диҳед. Шумо муллои хуб ҳастед, ба сиёсати дунё чӣ кор доред? Банда қаблан дар баъзе маворид аз ақидаҳои ишон ҳимоят менамудам. Ҳоло дидам, ки хато мекардам. БОЯД ОШПАЗ ОШПАЗИАШРО КУНАД, ПОДАБОН ПОДАБОНИАШРО ВА МУЛЛО МУЛЛОГИАШРО. СИЁСАТ МАРБУТ БА МАРДОНИ ИН СОҲА АСТ! Аллоҳи (Ҷ) кӯмакатон бикунаду аз ибодат сар набардоред.

Ozodagoni muhtaram, charo navistahoi maro chop namekuni va yo metarsi???

салом бародарон дар мавзуе ки Хочи АКьар харф задааст дар хакикат рост аст, Чун дар урфият мегуянд ки поёни шаби сиёх рузи сафед аст, Мардуми Украина сабр мекарданд хуб мешуд аз ин хунрезихо,

Ашхосе чун Турачонзодахо мавкеи муайян надоранд, калавандаанд. Хамчун киштии бодбондор шамолро нигох мекунанд, ки ба кадом тараф мевазад ба хамон су ру мегардонанд. Аздусар хочи Акбар боз ба "лутф"-у "эхсон"-и русхо ниёз пайдо кардааст. Агар тарозу ба тарафи Украина мешуд, албатта Русияро русиёх мекард. Намешавад, ки дар як кунчи шахри Вахдат гушаеро гирифта, дами пири рони, то хозир хам ба сиёсат даст мезани, сиёсатбозиат мефорад. Боз дар хама чо чор мезани ки манфиатхох нести.

Ustod Ustod Az Xydo madad xoh na az Rasiya va Iron. Magar ba vadahoi Xydo bovar nadored. Magar namedoned ki musalmonho dar Qrim tahtemu fishoru taqibi tarafdoroni Rasiya qaror dorand. Hamon Ukraenee demokretar ki musalmonho dar onjo ozod hastand baroi mo az in Rusho ki hamesha ba dushmanoni musalmonho hamdast hastand va baroi faqiry notavon kardani millati Tojik kushish kardand himoyat kuned. Medonem ki imruzho ba mushkil muvojeh hasted va tijorati shumo hama va hama ba injo rabt dorad vale molu joh boyad hadafi aslee mo musalmonho naboshad.

ali
Дар точикистон чанга ки дохт хами русия бо тарафдори русия щуди. Бахудо мо фикр кардем шумо одами мефахмидагиед огои турачонзода. Шумо ду дилаед дар хакикат я бор тарафи хазбтон мегардед як бори дигар тарафи хукумат. Русия нохак аст дар бораи гасб кардани крим. Дар хамика соли зиндагиатон нагуфтед ки самарканд ва бухоро аз мост. Худованд доност.

Тоҷикам
Ин намедонад, ки ҳазорҳо мусалмони Қиримро Русия зери фишор қарор дода пешвои мусалмононро ба Ватанаш роҳ надода истодааст.

Оғои НИКИТЮК! Ба ҳукумати худ бирасонед, ки шаҳрвандони озодихоҳ ва демократи Тоҷикистон ҷонибдори миллати ҷасур ва огоҳи УКРАИНА ҳастанд. Мо мепиндорем, ки ҳукумати Русия бо раҳбарии Путин "Созишномаи байнидавлатии с. 1992 дар бораи мутақобилан эътироф намудани сарҳадҳои ҷориро" (ба русӣ: Межгосударственное соглашение 1992 г. о взаимном признании существующих границ.) густохона вайрон карда, нимҷазираи Қримро забт кардааст ва дар шӯрондани русҳо дар чандин вилояти Украина - Донеск, Луҳанск, Харкив, ва ғайраҳо, гунаҳгор аст. Мо сиёсати азаматталабӣ, ғасбкорӣ, иғвогарӣ ва зӯроварии Путин ва Русияро қатъиян маҳкум менамоем!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)