Бахшҳо
07 май 2014 18:38Тоҷикистон / Сиёсат

Китоби Ҳамроҳхон Зарифӣ дар бораи замине, ки ба Чин дода шуд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон, дар китоби нави худ ба моҷарои баҳсбарангези марзи кишвар бо Чин равшанӣ андохтааст.

Бар асоси хабари Оҷонси иттилоотии миллии “Ховар”, ин китоб бо унвони “Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” дар нашриёти “Ирфон” зери таҳрири академик Талбак Назаров рӯи чоп омадааст, ки яке аз муаллифони он Аҳмадҷон Сатторов низ ба шумор меравад.

Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин рисолаи дипломатии онҳо “ба муайянсозии хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Хитой дар қисмати мушкилгузари ҷониби шарқии кӯҳҳои Помир дар баландии аз 4100 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгирбуда бахшида шудааст.”

Манбаъ такя ба суханони оқои Зарифӣ гуфтааст, “дар китоб маводи зиёди воқеии тасдиқкунанда оид ба масъалаи мазкур ҷой дода шудааст, ки Тоҷикистон мушкилоти марзии худ бо кишвари ҳамсояро, ки чандин аср мавҷуд буд, судмандона ва созанда ҳал кардаасту манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷониби шарқии марзи худро таъмин намуд.” Дар “Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” ҳамзамон вохӯриҳои чандинкаратаи ҳайатҳои ду кишвар, гурӯҳҳои корӣ, мулоқоти сатҳи олӣ бо мақсади ҳалли масоили сарҳадӣ бо Чин ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ карда шудааст.

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ намуд, ки бар асоси он 1,1 ҳазор километри мураббаи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид.

Ин амали мақомоти Тоҷикистон бо вокунишҳои шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯшанфикрон рӯбарӯ гардид. Он вақт Ҳамроҳхон Зарифӣ чунин тасмимро бурди дипломатияи тоҷик унвон карда, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта буд, “давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд.”
Мӯҳр
xitoi zamini xudasha giriftaast na az tojikora.aval xoned bad gap zaned.

Амирхон
Ин мардаки хуб умраш ба чое расида бошад хам, хануз аз хукумат умеди вазифа дорад. Хай хай акачоне.... Тир аз камон част ва ба сахифаи таърих даромад, барои як вачаб додани замин бояд, ки референдум ташкил мекардед, сарконун поймол шуд, тамомияти арзи халалдор гардид, чи даркор оправдаткунихои бемаъни, ё шумо халкро гусола мепиндоред?

Санавбар
Хуб Шуд ки Хамрохон Зарифиро аз Вазифа сабукдушт карданд агар то хозира кор мекард Воруху Исфараро ба Киргизхо тухфа мекард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)