Бахшҳо

Баҳси тезутунди ҳимоятгарони Тутубалина ва зиёиён дар додгоҳ (ВИДЕО)

Мурофиаи ниҳоии баҳси Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс”, бо зиёиён, баъди зуҳри имрӯз, 21-уми феврал бо иштироки намояндагони зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз толори додгоҳ хабар дод, дар мурофиа намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, созмони Сорос, сафорати Амрико дар Душанбе ва ҳомиёни ҳуқуқи башар иштирок доранд. Ба иттилои манбаъ феълан Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина ба баромади ниҳоияшон оғоз кард. Ӯ даъвои зиёиёнро беасосу ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон умуман мафҳуми зиёӣ вуҷуд надорад ва он танҳо як истиллоҳ аст: "Зиёиён мехоҳанд, Тутубалина узр пурсад, ки ин ҳам дар қонун нест. Дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ, ки зиёиён талаб доранд, зимни мурофиаи додгоҳӣ ягон далеле пешниҳод нашудааст, ки аз матлаби Тутубалина онҳо зарар дидаанд..."

Вакили мудофеъ инчунин аз додрас талаб кард, ки ташхиси Кумитаи забон ва истилоҳотро беэътибор донад, чун ташхисгарон зимни мурофиа натавонистанд ба саволҳо ҷавоби дуруст диҳанд.

Баъдан Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Азия-плюс баромад карда, таъкид намуд, ки даъвогарон аз номи ташкилотҳои алоҳидаи зиёде баромад доранд, ки чунин ҳақро надоранд: “Онҳо дар аризаи даъвогияшон овардаанд, ки аз номи зиёиён аз ҷумла, духтурон, ҳуқуқшиносон ва ғайра баромад доранд. Масалан мо ҳуқуқшиносон ба онҳо чунин ҳақро надодаем.”

Қудратов дар мавриди ташхиси матлаби Тутубалина аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, дар он “агар” бисёр истифода шудааст ва мо намедонем ин “агарҳо”-ро чӣ хел фаҳмем. Қудратов низ талаб кард, ки ҳамаи даъвои зиёиён рад карда шаванд.

Аммо Рустам Устобоев, вакили мудофеи зиёиён дар додгоҳ гуфт, “агар барои баъзеҳо калимаи ахлот таҳқир набошад, барои зерҳимояҳои ман ин калима таҳқир аст: “Мумкин нафароне астанд, ки аз рӯи ин калима шабҳои бехобӣ кашиданд.”

Устобоев ҷавоби ташхисгарони Кумитаи забон ва истилоҳотро низ дар додгоҳ дуруст хонда, таъкид намуд, ки вакилони дифои Тутубалина як саволро 50 маротиба мепурсанд.

Дар пайи шунидани ҷонибҳо додрас қарор кард, ки ҳукми додгоҳ нисбати ин қазия рӯзи 24-уми феврал соати 14:00 эълон хоҳад шуд.

Қаблан ҷониби даъвогарон дар додгоҳ рӯзи 13-уми феврал баромад карда, аз додрас хоста буданд, ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад.

Ёдрас мекунем, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Ин иттиҳодияҳои эҷодӣ аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар шарҳи баҳси Тутубалина бо зиёиён чунин ибрози назар кард:


Мӯҳр
"Тоҷик"
Ту аввал дуруст мухокима карданро ёд гиру ончиро мехони акалан 7 маротиба бихон, то бифахми, ба ном точик ва ба часад хамватан! Ин тутубалинаат хам ба чисм хамватан шояд! У комилан нодуруст андешарони кардааст, хамчун як журналист. Ончи ӯ нисбат ба зиёиён гуфтааст ба кулли тахкир аст, на танхо ба зиёиён, ба миллати тоҷик, албата на ба мисли ту беномусаш! Мо ҳам аз ҷомеаи имрӯз воқиф ҳастем, ришваву ноадолатӣ рӯ ба рушд дорад...аммо ин маънои онро надорад, ки як аҷнабӣ зиёиёни моро чунин таҳқир кунад...инро ҳама медонад. Худо ин ҳамаро мбинад ва дур нест ки ҳамаи ҷои худро мегирад...Ин тутубалинаат ақалан вақти зиёиён гуфтан ибораи "баъзе зиёиён"-ро истифода мебурд, ҷойи ҳарф набуд. Натанҳо тутубалина, дигар журналист ҳам ки бошад, ҳақ надорад, чунин хулосаи ниҳоӣ дошта бошад...муҳтарам ба ном тоҷик!

Точикбоевич
Эй войи мо конунхои гражданиро хондед,чинои ва хукуквайронкунии маъмуриро хонед!Олга шахсияти касеро таъкир накардааст.Барои тахкир бояд менавишт,ки масалан Фароштурук Фортамбекович чун зиёи принципи кори надошта,аблаху бесовод хаст ва тибки гуфтаи Ленин ин Фортамбеков монанд ба саргин аст!Ана он вакт даъвое пеш меоварданд мешуд.Дар шакли умуми бошад ,касе тахкир нашудааст.Войи чомеъаи бесаводу миллати соддаи мо!

Суханони Амонуллохи Хукумро дар мавриди журналистон бо ташкилотхои хоричиятон, ки ин хам мафхуми умуми буд, тахкир хисобидед. Вакте вохурии Президент бо зиёиён гуфта мачлисхо баргузор мегардад, суханони тутбалина тахкир аст, ин мафхуми умуми гуфтаи шумо як табакаи муайянро дар бар мегирад, мисле, ки Амонуллохи Хукуматулло журналистон ном гирифт, хар чанд у баъзе журналистон гуфт, на мисли тутубалина хамаро дар назар гирифт... Барои мисол: дар суханони тутубалина, ҷои зиёи вожаи мардхоро мон, ва ҷои миллат вожаи занонро ё хамон ибораи миллат хам ки бошад ва ин суханон тарики ВАО расонаи шавад. Шумо хамчун як мард хомуш меистед...!? (як шахрванди ин кишварам, на зиёиям, на журналист ва манфиатдор аз кадом тарафе, танхо як точики сарсахти бонангу номусам, бори дигар мегуям, ки шояд суханони тутубалина ба баъзе касоне, ки у дарназар дошт дуруст бошад, аммо на он чунон ки у гуфтааст...)

Рости андешахои хамватанонро хонда норохат мешавам. Ин чо сухан аз тахкир меравад, ки боиси бахси додгохи шудааст, аммо бисерихо, чи мухолифони Тутубалина ва чи мухлисони у дар ин маврид андешарони карда боиси тахкири якдигар мешаванд. Одоби муошират, одоби бахс карданро надоранд. Харфи бадро бар забон овардан хатост,Кофару муъмин хама халки Худост. Пас сухани баду кабехро ба забон овардан хато бошад, биёёд иштибохи Тутубалинаро такрор накунем, ба тахкири якдигар рох надихем!

Хофиз
биёёд иштибохи Тутубалинаро такрор накунем, ба тахкири якдигар рох надихем!
Чаноби саъди тутубулина иштибохе накардааст. ифшои хакикаи Иштибох нест . так что махмаддоногии худату худатбарин зиёиёни тупой миштибохи таърих аст. аслан имруз точикиистон зиёие надорад ки шоисмтаи эхтироми тамаддуни дуняв\и бошад албатта бар исьтисниои худ ва худатбаринхо

зиёии рахгум сазовори тахкир аст. зеро ХАР КАРДАРО ЧАЗОЕ ГУФТААНД ОКИЛОН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)