Ҳимояти президент аз даъвои зиёиён алайҳи Олга Тутубалина
Гуруҳе аз зиёиёни тоҷик рӯзи 11 феврал ҳангоми баррасии даъвояшон алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс”, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷҷатеро пешниҳод кардаанд, ки дар он Фарҳод Раҳимов, президенти тозаинтихоби Академияи улум, низ аз ин даъво ҳимоят кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дода, афзуд, “умед доштем, бо омадани президенти нав, ки шахси модерн арзёбӣ мешуд, ин даъво умуман бартараф мегардад, аммо чунин нашуд”. Иноятов, инчунин, илова кард, дар мурофиаи рӯзи 11 феврал ташхисгарони лингвистикии матлаби Тутубалина мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, дар ҷараёни мурофиа муайян шудааст, ки аз се ташхисгари матлаби Тутубалина ихтисоси ду нафарашон ба забони русӣ ҳеч рабте надорад.
“Ин дар ҳолест, ки матлаби Олга Тутубалина бо забони русӣ навишта шудаасту ташхисгарони Кумитаи забон ва истилоҳот хулоса додаанд, ки дар он таҳқир нисбат ба қишри зиёӣ ҷой дорад”,-афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҷониби ҳимоя додрас баромади ниҳоии тарафҳоро рӯзи 13 феврал муайян кардааст. Агарчӣ, ба гуфтаи ҳимоятгарон, онҳо аз додрас хоста буданд, баромадҳои ниҳоиро ба муҳлати дертар гузорад, вале додрас ин дархостро қабул накард.
Ёдрас мекунем, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.
Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |