Бахшҳо
01 фев 2014 10:19Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Ҳамлаи дигарбораи занони "исёнгар" ба дафтари Зоиров (ВИДЕО)

Як гуруҳ аз занони, ба истилоҳ, исёнгар рӯзи 1 феврал дигарбора ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ҳозир шуда, зидди раҳбари ҳизб Раҳматилло Зоиров шиор додаанд. Агарчӣ дар дохили дафтари ҳизб касе набудаасту дари он баста.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва яке аз масъулони Ҳизби сотсиал-демократ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳамла”-и занон ба дафтари онҳо беҳуда набуд, зеро қарор буд дар ин рӯз ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ баргузор ва баъзе аз масоили муҳими ҳизбӣ баррасӣ гардад. “Азбаски телефонҳои моро гӯш мекунанд, ин занҳо аз ҷаласа огоҳ шуда, ба дафтари ҲСДТ ҳозир шудаанд”,-афзуд ӯ.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, рӯзи 31 январ ба далели беморияш ҷаласаи Шӯрои сиёсиро ба рӯзи дигар гузошта, берун аз Душанбе қарор доштааст. “Ин сафар на нишасти матбуотӣ, балки ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ, таъин шуда, дар он “Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016”, масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҲСДТ барои соли 2014 ва чанд масъалаи дигар баррасӣ мешуд. Аммо, дирӯз, яъне 31.01.2014 бо сабаби ба ман лозим шудани ёрии тиббӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ мавқуф гузошта шуд”,-гуфт ӯ.

Зоиров дар идома мегӯяд, дар бораи тазоҳуроти дигарбораи занони исёнгар аз ҳамсояҳои худ огоҳ шуда, намояндагони ҳизбро дар ҷараён гузоштааст. Ба қавли ӯ, баъдан намояндагони ҳизб ба пулис хабар додаанд ва маъмурин ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 5 нафарро барои бозпурсӣ бурдаанд. Раиси ҲСДТ афзуд, баъд аз бозпурсӣ ин занҳо раҳо шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта низ ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.






Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бандаи Худо
Ба Худо касам хамаи ин исёнгари супориши аст. Хамаи ин амалётхо гаразнок кат, ва ин занхо низ бегараз нестанд. Хамин занхо буданд, ки дар назди сафорати Амрико чамъ шуда буданд эътироз карда буданд. Худашон ба дахони худашон гутфанд, ки ба онхо барои ин кор супориш аз шахсони "номуаяан" гирфтанд. Худованд аз фитнахои охири замон хамаи моро дар панохи рахматаш нигах дорад. Аммо, аз ин Хушхолам, ки фитна хама факат дар болои сари худди фитнагар анчом меёбад. Ин кудрате аз кудратхои Худованд аст.

Исмоил
Душанбе, Ачаб, мард, тем более офицер набояд ба худ чунин корро раво бинад. Яъне дар паси чанд зани мочарочу пинхон шавад. Погон-ин шаъну шараф аст ва он бояд ба миллат хизмат кунад,на ба ягон шахсият!
555,

Хамза Дангара
Занакои лаби об шавхарошон дар Россия худашон бекор мондан!

бачата мурдаша овардан бра дар Эмомали даъво кун ..президент Зоиров нестай а Эмомалияй. айба намедонан?

ofarin zanhoi dushanbe.boz meguyand ki zanhoi pomir zurand ki dar janghovu mitinghoshon pesh medaroyand.zoiruf bo komandaash gurext hahahahaha.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)