Бахшҳо

Шарти Шавкат Абдулхайров ба вакилони Зайд Саидов

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов аз он шикоят дорад, раисикунандаи парвандаи зерҳимояаш Шавкат Абдулхайров дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ матни ҳукми зерҳимояашонро ба онҳо надодааст.

Қудратов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки имрӯз, 30-юми декабр, тибқи қарори қаблӣ додрас бояд ҳукми додгоҳиро ба вакилони дифои Зайд Саидов дастрас мекард: “Аммо вақте назди Шавкат Абдулхайров рафтем, ӯ ба мо як санадеро пешниҳод кард ва гуфт, ки бояд қабл аз гирифтани ҳукм зери он имзо гузорем. Мо бо он санад шинос шудем, ки он ҷо омадааст, баъди гирифтани ҳукм мо ҳаққи ифшо кардани ҷузъиёти онро надорем. Дар сурати паҳн кардани ҳукми додгоҳӣ мутобиқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.”

Ин вакили дифои Зайд Саидов дархости додрас Шавкат Абдулхайров ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ тибқи қонунгузорӣ танҳо парванда ва маводи марбут ба он метавонанд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Оқои Қудратов мегӯяд, ки баъди баровардани ҳукм қонун ифшои ҷузъиёти онро манъ накардааст: “Ҳоло мо аз болои ин амали Шавкат Абдулхайров ба Додситонии кул шикоят хоҳем бурд. Зеро мо ба ҳеч ваҷҳ зери ин санад имзо нахоҳем кард”.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 30-юми декабр, дар назар буд, вакилони дифои Зайд Саидов баъди дастрас намудани ҳукми додгоҳ аз болои он шикояти кассатсионӣ мебаранд. Шуҳрат Қудратов таъкид мекунад, ки ин амали додрас Шавкат Абдулхайров бори дигар исбот намуд, ки мурофиаи Зайд Саидов яктарафа сурат гирифта, ҳукм супоришӣ ва сиёсӣ аст.

Додгоҳи Олӣ Зайд Саидовро 25-уми декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли равон боздошт шуда буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
шахрванд
Вичдон бе азоб намемонад. Рузе мешавад, ки пушаймон мешави, лекин фойда надорад.

777
Судя айб надорад.дигар илоч нест... Супоришро ичро намудан даркор... Азоби вичдон уро тамоми умр таъкиб хохад намуд.... шумо дигар хукмро интизор будед? Охир дар интихобот овоз додед.пас чи менолед...Чи бояд кард??? Ин саволест чавоби онро аз фарзанду небарахоямон бо сари хам солхои наздик мешунавем...Бо сари хам давраи имрузаро ёд мекунем... Босари хам.... дуеёро падруд мегуем... Таърихчиен тавки лаънатро ба сари мо бор мекунанд..... Хамчун насли тарсуи бечурат ,шарманда беномус ....

Рахмдил
Шавкат Абдулхайров аз Истаравшанми ман хам аз Истаравшан ин обруя резонд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)