Бахшҳо

Боздошти боз як “мулло”-и дигар бо иттиҳоми бачабозӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Иқбол Раҷабов, сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, хабар дод, ки барои дастдарозӣ ба бачаи ноболиғ муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, Раҷабов маълумоти динӣ дошта, то замони боздошташ дар масҷиди деҳаи Қулписта ба тиловат машғул буд.

“Иқбол Раҷабов тӯли 5 моҳ писарбачаи 8-соларо бо роҳи фиреб ба ҷойҳои пинҳонӣ бурда, бо истифода аз оҷизии ноболиғ нисбаташ амалҳои бадахлоқонаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир кардааст”,-мегӯянд мақомоти Вазорати умури дохилӣ. Ба қавли онҳо, ин амали Раҷабов баъд аз он ошкор гардид, ки модари ноболиғ аз амали гумонбаршуда огоҳ шуда, ба Шӯъбаи умури дохилии рақами 2-и ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст.

Чанде пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як “муллои қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми куштори як мизоҷаш дастгир карда буд. Ин ниҳод мегӯяд, Абдулвоҳид Қодирови 49-сола, сокини ноҳияи Панҷ, дар қатли Руҳуллоҳи 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ гумонбар дониста мешавад. Абдулвоҳид Қодиров аз соли 2008 то замни боздошташ ҳамчун табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.

Қабл аз ин, Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахт, маъруф бо номи “муллои ҷодугар”, боздошт ва зиндон маҳкум гардид. Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муҷрим дониста шуд.

Дар пайи афзоиши чунин гузоришҳо назарҳое садо медиҳанд, ки гӯиё ин иқдоми махсус роҳандозишудаи мақомот мебошад, ки барои коҳиши эътиқоди рӯзафзуни мардум ба руҳониён нигаронида шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хама бармехезад
Ин режими имруза ягона ракиби пуркувваташ ХНИТ мебошад ва барои сиёх кардани ХНИТ ин сиёсати исломситези ва худоситезиро пеш гирифтааст. Яъне ба чои мубориза бо ХНИТ режим бо Худо мубориза бурдестай. Ин хатои махз аст, зеро ба чуз газаби мардум дигар чизеро ба бор намеорад. Яъне агар чунин рафтан гирад, ин режимро на ХНИТ, балки мардум яктарафа мекунад.

Эй давлатдорон шумо шарм намедоред мо 100% медонем ки ҳамин муллоҳоро туҳмат карда дини исломро сиёҳ кардании бахотиреки мардум аз ин дин бигарданд иншааллоҳ мувафақ намешави

Точик
Ба нафароне ки гумонбари ин чиноятро мулло е кори меномад, хитоб карда мегуям ки ба Конситутсия нигох кунед, ки навишта шудааст: факат баъди карори суд касеро чинояткор хисоб кардан мумкин аст. Хукумат, Милисия, амният конунро зери по карда гумонбарро агар мусулмони намозхон е куръонхон бошад, даррав чинояткор эълон мекунандаш. Агар чи аз кучаи муллои нагузашта бошадхам, бечораро мулло е кори гуфта, ба у чунин чиноятро мечаспонанд ва аз тарики телевизион тухмат мекунанд.. Наход нафахмед ки максадашон сиех кардани Исломи азиз ва ходимони хакикии Ислом мебошад.

Абду
Ин амали мақомот на ба акл турги мегирад ва на ба қонун.
Иқбол Раҷабов, 22-сола будаст. 22 сола чигуна мулло мешавад?
Агар кудаки 5 сола ҷиноят кунад ҳам, инҳо ӯро мулло аст, мегуянд.
Барои мулло шудан хондан даркор соҳиби дипломи маълумоти динӣ шудан даркор.
Касе намоз хонад, ё қироъати Қуръон кунад, мулло аст?
Ҳол он, ки қариб ҳамаи аҳолии Тоҷикистон Қуръон тиловат мекунанд.
Худо душманони дину миллатро ҳалок кунад!

Шавкат
Дар хар сурат.ба ин амали нангин мучрим макомоту хукуматдорон хастанд на каси дигар. Баччаи бечора 22сола шудааст,шояд шароити зангири надорад. Марди зандор хечгох хаваси манбаи ахлот намекунад,магар бемор. Чизи дигар инки 11сол дар мактаб ба у чи омухтанду чи адаб доданд,ки у баччабоз шудааст? Як нуктаи дигар ногуфта намонад,ки хама дархои омузиши динир

Хама дархои конунии омузиши диниро хукумат бастааст.пас барои рафъи ниёзи илми дини мардум мачбур аст ба хар касу нокас эътимод кунад. Чуз магар чораи дигаре хам хаст?

ислом70.mail.ru
Якбора як конун бароред ки намозхони маън то ин кадар худа азоб додан Эй бародароне ки бар зидди ислом ин кадар мубориза мебаред аз Худо тарсед охир дар мактабхову донишкадо ин вокеъахо нест магар?хай шарт нест ки як муофикзодаро мулло е кори муарифи кардан зарураст?Чи магар харомзодахо кори шудан наметавонад албатта барои ризки харом худро корию мулло карда мардумро фиреб медиханд локин дар асл бошад мунофикинхо мебошанд Бародарони азиз як маротиба ба Куръон назар кунед ва сураи мунофикинро хонед баъд мефахмед ки дар давраи Расули Худо хам ин тавр мунофикон буданд.Ислом ба зоти худ надорад айбе,Хар айб ки хаст дар мусалмонии мост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)