Дар ҳошияи ҷойивазкуниҳо. Суруди Паваротти дар иҷрои Абрам
Марат МАМАДШОЕВ
Ҳоло бисёриҳо дар бораи ивазшавии тими ҳукумати Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аммо, ба фикри ман, ин баҳсҳо ҳеч суде надоранд. Муҳим нест, кӣ дар курсии вазирӣ хоҳад нишаст. Муҳим он аст, ки аз ӯ чӣ талаб мекунанд ва чӣ гуна ҳосили кори ӯро бар мекашанд. Барои ин кор як нақшаи дақиқ зарур аст, ки мо куҷо равонаем.
Куҷо рафтани мо ҳанӯз аз ҳама пӯшида аст. Барои мисол, бахши иқтисодро бигирем. Зоҳиран мо ба сӯи иқтисоди бозаргонӣ равонаем. Аммо дар асл ин самте, ки мо пеш гирифтаем метавон онро ҳар гуна номгузорӣ кард. Феодализм бо нишонаҳои ғуломдорӣ ва ё ғуломдорӣ бо нишонаҳои феодализм. Ба ёд оред ба ҳайрат афтодани як яҳудиро, ки гуфта буд: “Немафаҳмам, чаро ҳама Павароттиро меписанданд. Абрам сурудҳои ӯро ҳамин ҳоло барои ман хонд. Ҳеч арзише надоранд.”
Бозори сохтаи мо ҳам мисли ҳамин ҳодиса аст. Дар мо замин моликияти шахсӣ нест. Азизон, метавонед, чӣ қадаре, ки хоҳед баҳс кунед. Аммо бидуни моликияти шахсӣ будани лавозимоти асосӣ истеҳсоли бозор намешавад! Дар мо бозори коғазҳои гаронбаҳо мавҷуд нест. Ин ҳам бошад яке аз омилҳои асосии иқтисоди бозаргонӣ маҳсуб мешавад. Бозори коғазҳои қимматнок то ба андозае метавонад ба ҳукуматдорон маҳдудиятҳо биоварад. Масалан, Путин як чизи номаъқуле гуфт ва ҳамин тавр дар бозор фурӯравӣ муҳайё мешавад. Дар мо қоидаҳои фаҳмо ва барои ҳамаи бозигарон яксонро дӯст намедоранд. Дар мо як нафар аз “бачаҳои боло” метавонад аз ҳама қонунҳои будаву набуда болотар бошад. Шумо метавонед ба ман фикр накарда номи як нафар аз роҳбаронро ба ёд оваред, ки барои ноӯҳдабароиаш аз вазифа сабукдӯш шуда бошад?
Аз рӯи омор ҳама “сад дар сад” олӣ аст. Аммо, бадбахтона, оморро агар ба пиёлаи чой бирезӣ, ширин нахоҳад шуд. Дар мо иқтисод ба маънои аслаш вуҷуд надорад. Гурӯҳи калони аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон зиндагӣ доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин чиз одат кардааст ва дигар дар ҳайрат ҳам намеуфтад. Ҷойҳои корӣ ҳам агар муҳайё карда шаванд, он ҷойҳо насиби чиниҳо хоҳанд шуд. Шояд дар оянда барои инҳо ҳуқуқи раъй доданро низ бидиҳанд.
Одитарин масъалаи мантиқӣ, ки ҳатто дар ҳукумати мо ҳам мефаҳманд ин ҳам бошад пахта аст. Дар шароити бозор, вақте чизеро кишт мекунанд, аз он чиз ҳосил интизор мешаванд. Ва ин ҳосил бояд фоидаовар бошад. Инак, ҳосил шуд, онро танҳо ҷамъ овардан лозим. Ин корро метавон пардохти ҳаққи заҳмат, на иҷбориву бепул иҷро кард. Ҳеч кори мушкиле нест.
Аммо мо чиро мебинем? Пахтаро соҳибкорону созмонҳо ҷамъ меоваранд. Кормандони давлатӣ ва савдогарон. Оё ин бозор аст? Роҳбари вилоят ба пахтачинӣ меравад, магар ин аст рисолати ӯ? Оё ин кори роҳбар аст? Дар мо магар ҷанг аст? Немисҳо ба шаҳри Чкаловск магар ҳуҷум кардаанд ва барои рӯҳафтода нашудани аскарон ин намуд корҳоро мекунем? Аммо ҳатто дар давраи ҷанг ҳам рафиқ Сталин мебуду Жуков агар ба ҷои он ки қувваҳои ҷангиро идора кунад, бираваду хандақ меканд, мегуфт, аблаҳ, ин корро ҳар нафари кӯчагӣ метавонад анҷом диҳад бидуни доштани маълумот ва истеъдод. Вазифаи роҳбар ҳам ҳамин аст, ки чунин корҳои аблаҳона анҷом наёбанд.
Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои он ки қаттолонеро, ки оилаҳоро мекушанд ҷустуҷӯ намоянд, аз паи хабарнигору мошини донишҷӯён медаванд. Чаро мо дар роҳҳо дурбинҳо насб мекунем, вақте аз оддитарин садама бо иштироки писари нафари калон чашм мепӯшем? Оре, ҳама дурбинҳои оламро ҷамъ кунед, тафтиш кунед, аммо дар охир маълум хоҳад шуд, ки дар ҷои садама як нафари нимодаму ноаён бо фамилияи Шарифов гунаҳкор асту ҳоло ғайб задааст. Чӣ гуна дурбинҳо лозиманд барои он ки бибунем чӣ тавр дар даруни милисахона як нафар метавонад сарашро бикафонаду аз тиреза худро берун партояд! Дар ВКД мегӯянд, ки гӯиё он нафарон мехостанд аз ҷазо гурезанд ва додситонӣ ҳам бо ин розӣ мешавад. Аҷаб нест!? Хадамоти алоқа ба ҷои он ки барои мисол дар бораи фатҳ кардани бозори телекоммуникастионии афғонҳо андешад, машғули тафтиши сензура дар интернет аст. Вазорати тандурустиро донистани суруди миллӣ ба ташвиш овардааст, Вазорати маорифаро каблуку галстуки донишҷӯён. Донишҷӯён ба ҷои он ки ба дарс бираванд ба ҳар гуна маршировкаҳои ба ҳеч касе нолозим мераванд.
“Зиёиён” бошанд бо ҷои он ки моро бо ихтироъҳояшону эҷодҳояшон ба ҳайрат биоранд, аз паи додгоҳу додрасҳо медаванд. Ин, албатта, нигаронкунанда аст. Тақлид ҷои корро гирифтааст. Муҳим воқеият нест, муҳим ҳисобот ва экрани телевизион аст. Як ҳодисаи аҷибе рух дода истодааст. Базми бошукӯҳи як нафар, ки гӯиё ҳамаи мо дар он бегонаем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |