Бахшҳо

Дар ҳошияи нома ба Додоҷон: Хушомадгӯ ҳамеша барда аст

Фирӯзи Абдуҷаббор

Вақте ки номаи кушодаи Азиз Сангинро ба Додоҷони Атовулло дар расонае хондам, аввал хостам номае ба номаш нависам ва ҳарфҳои диламро бигӯямаш. Сонӣ бияндешидам, ки нафареро, ки ситоишгар аст, мадҳкунанда аст, набояд мухотаб қарор диҳам. Тасмим гирифтам рӯйи суханам ҷониби онҳое бошад, ки бо лабони варамида ва кафида дар канори рӯди равони ҳақиқат зону задаанд.

Ҳарфи аввалам ин аст, ки қаҳрамони номаи Азиз Сангин ба шафоати ман ҳеч гоҳ ниёз надошту ниёз надорад. Ҳамчунон мисли муаллифи нома риҷоле нест, ки аз шамотату унфию баддимоғии занбамуздони қалтабоне ранҷ барад.

Ҳарфи дигар ва муҳимтар ин аст: ҳамчунон, ки Азиз Сангин аз умумиятҳое бо қаҳрамонаш, яъне ҳамдеҳа (дурӯғ мегӯяд, ӯ ҳеч гоҳ аз Ворӯ набуду нест!), ҳампеша (аз суннатҳои аслии касби рӯзноманигорӣ, ки истиқлоли ҳунари маҳаки он аст, низ бӯе набурдааст!), ҳамсинну сол (синну сол камоли мардиро собит намекунад!) ва солҳои тӯлонӣ дар хориҷ аз Ватан зистанаш ёд мекунад(ҳар Тӯтӣ Ҳиндустонро ёд намеоварад, то дар сараш накӯбед! Беш аз ин, на ҳар ки дар Ҳиндустон Ватан гузид мард аст, баски «монанди ғалевоч на мард асту на зан!») Ҳарфи ман дар ин замина ин аст, ки ҳеч яке аз нишонаҳои типологии зикркардаи ӯ ба ман марбут намешаванд. Вале ба сабаби он ки ҳамдиёри зерсанги Осиёе ҳастам, ки беш аз сӣ сол боз Азиз Сангинро мечархонад, ин марди «покиза» ва «беолоиш»-ро мешиносам ва аз фурудҳои (фароз надорад!) сарнавишти каҷдорумарезаш комилан огоҳам.

Ман ба ҳарими ҳарами касе кор надорам. Вале гумон ҳам намекардам, ки зерсанги Осиё рӯсангро комилан бихӯрад. Талмеҳи ман ба ин нукта аст, ки Азиз Сангин яке аз шохисаҳои типологияшро бо қаҳрамонаш дар хориҷ аз Ватан зистан дидааст. Вале нагуфтааст, ки чаро? Хонандаи ноогоҳро гул заданист, ки сӯфии соф асту нахост бо режим ҳамкорӣ кунад. На! Гумон намекунам, ки ранҷҳои падару модараш, бародари геологаш, ки бар асари як фасоди молии Азиз Сангин мутаҳаммили таъқиб, тавҳин ва озору алам гардида буданд, ба рӯҳи ӯ беасар монда бошад!

Агар дасти радди Азиз Сангин ҳадафи хақталошонро ба Худо наздик кардан медошт ман аз авомили иқтисодӣ ва маънавии зикршуда, ки сабаби носурии рӯҳ, гурез ва фосилагириаш аз муҷассамаи фармондеҳи мутлақ-он аждаҳои ҷахлу бонии он- истеъмор шуда, сухан ба миён намеовардам. Ва намепурсидамаш, ки ин ҳама дубурсириштӣ ва сар ба замин доштан, ки осори хатми одамият ва меҳрварзии солим бар муханнас аст, баҳри чист?

Дареғ, ки замонаи мо ва замондорони мо ҳолати ахлоқиеро таҳаққуқ мебахшанд, ки шоири зоире дар асри Сафавӣ бо байти зер тавҷеҳ кардааст:

Мардон ба гиребони занон сар бурданд,
Шояд зи зане сар ба дар орад марде!

Наход чароғи ин хонаи торик комилан мурда бошад, ки мисли Азиз Сангин нафароне дасте ба дар оранду ҳар чи хоҳанд бирабоянд!Вақте ки соҳибони ихтиёрро оташи пиндори чашм баста мешавад имтиёзи неку бад дар назари эътиборашон мушкил, хатто номумкин мегардад ва табиист, ки ҳар ки дар ҳоли Азиз Сангин қарор дорад, аз ғафлат мардумӣ ва мурувватро аз ёд мебарад:

Ком агар ин аст, к-ин навдавлатон донистаанд,
Ҳаббазо, баргаштабахте, марҳабо бадгавҳаре!

Медонам, ки Азиз Сангин аз истинодҳои ман ба ислом, ба маънавиёти исломӣ хушаш намеояд, хамчунон ки дар номааш бо кароҳат аз риш ёд мекунад. Дар вақташ шодравон Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи Истиқлол ва рифоҳи иҷтимоии миллат меандешиду Аскар Ҳакимро риши ӯ мутаваҷҷеҳ сохта буд ва «қасида»-и риш ҳам гуфт. Бо вуҷуди ин, лозим медонам, ки ҳадиси зерро иқтибос кунам: «Ҷон! Аз ситоишгарон мабошед ва ҳар гоҳ мадҳкунандагонро бубинед, ба чеҳраашон хок фурӯ резед!».

Азиз Сангин «аз рангу бӯю аз макон»-е ифтихор мекунад, ки «ҳаст шодию фиреби кӯдакон». Агар ишқи Ватан ҳамон чизест, ки ӯ дидааст, пас зистан харфи аҳмақонае беш нест!

Афсӯс, ки андеша ва дидгоҳҳояш бар авотиф ва эҳсосоти доираҳои хос, яъне ба қавли Содиқи Ҳидоят риҷолаҳо муттакӣ аст, на бар ақлу хирад, мантиқ ва зиндагии воқеии мардум. Бинобар ин ҳам ӯ дар дидану шинохтани сарнавишти ҳамиллатонаш беғараз нест. Аз иҷтимое, ки дорем чашм мепӯшад, намебинад, зиндагии бад, ошуфта, бехинхору ҳисоби ҳатто хамқишлоқиёнашро дидан намехоҳад. Аҳди пуршитобҳои шум, ҳаводиси ваҳшатнок ва ғамоҷин, иҷтимои бесарусомон ва дардолуди одамҳои наҷиби дар он бурида, нотамом монда, қитъа-қитъа шаванда, саросема, парешон ва тӯъмаи маргҳои на табиӣ ва на ба ҳангомро намехоҳад бубинад. Фақат дар як ҷойи номааш носурии рӯҳ ӯро аз пайи Додоҷони Атовулло бурда ва бо сароҳати нохудогоҳ аз мушкилоти ҷиддии домангири миллати тоҷик «камбуди ҷойи кор, норасоии барқу гармӣ, нокифиягии маошу нафақа, гаронии нарххо, иштибоҳот дар интихоби кадрҳо, фасод дар зинаҳои мухталифи идорӣ ва ғайра» сухан ба миён меорад.

Азиз Сангин бо ин иқтибоси нохудогоҳ аз Додоҷони Атовулло наандешидааст, ки дигар ҳеч яке аз интизориҳояш аз Раиси Ҷумҳур бароварда нахоҳад шуд. Охир, таҳаммул кунед, вай бо сухан аз Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин сахт ёд кард, ки дар «марҳалаи ҳассос ба ҳайси ёвар дар паҳлуи Раиси Ҷумҳур» буд. Ва аз ҳама муҳим заъфи ӯ- «гиряҳои пинҳонии ин мардро дар утоқи кориаш» дид. Бо ин ёддошти бемантиқ ва ҳатто таҳқиромез (Фирдавсии бузургвор қаҳрамонони эрониаслро ҳаргиз нагирёндааст!) раҳму шафқати Раиси Ҷумҳурро оваронда, шояд умедвор ҳам бошад, ки ӯро фаро мехонад (сарнавишти Бозор Собир нокардакоронро таҳрик бахшидааст!), мансаб медиҳад ва аз ҳама муҳим, хона медиҳад. Шояд ҳамин тавр ҳам шавад, ихтиёр дар дасти Раиси Ҷумҳур аст, ки боз ҳам ба муддати ҳафт соли дигар шоҳаншоҳи мост.

Мантиқи меҳрварзӣ ба ҷуз худи меҳрварзӣ чизи дигаре нест. Ситоишгарӣ ва чоплусӣ дар ин замина ҳатто қаҳрамонони таърихро, ки ба шоҳонашон садоқат доштанд, ба зону нишондааст. Ба ифодаи дигар, лаҷоҷат мардагиомӯз аст, на чизи дигар.

Қудрате, ки бо шарорат ҳамроҳ аст, заъфи комил дорад ва он ҳар лаҳза буруз мекунад. Ҳатто дуздӣ, одамкӯшӣ, дурӯғ, фасодкорӣ ва монанди инҳо агар дар сатҳи мақомоти давлатӣ роҳандозӣ шаванд, тадриҷан чун меъёрҳои ахлоқӣ арзиш пайдо мекунанд ва ба тафаккури авоми колониъом, ки фирефтаи уштулум ва бим ҳастанд, таъсироти маргборе мегузоранд.

Азиз Сангин чоплусона худро шарику ҳамнавои «рақсу шодии якрӯзаи» Раиси Ҷумҳур «дар шаби арӯсии фарзандаш» меҳисобад. Ба ин амали ӯ мо низ мухолифат надорем. Мо ҳам шарики шодии беолоиши мардум ҳастем. Вале ҳангоме ки як рӯзномангор аз матни воқеият чунин бардошти норасо дорад, хақиқатро дидан, шунидан, донистан ва тавзеҳ кардан намехоҳад, ин фоҷеа аст.

Намедонам Азиз Сангин дар Дания чӣ шуғл дошт. Бигзор аробакаш бошад. Вале ҳайрати ман дар ин аст, ки як аробакаши фаронсавӣ нависандаеро, ки ҳуккоми вақт барои боздошташ, баробари вазнаш пул ваъда карда буданд, чун колои ӯро аз бозор то хонааш овард ва донист, ки каси мавриди ҷустуҷӯ ӯст, нависандаро нафурӯхт. Ҳатто хости нависандаро, ки исрор кард то ӯро фурӯшаду бой шавад, рад кард. Ин аробакаш калимоти газандаи нависандаро дар бораи пастӣ, палаштӣ ва бетафовутии ҳуккоми вақти Фаронса дар ёд дошт. Он вақт ҳеч сарватманди фаронсавӣ тасаввур ҳам намекард, ки дар рӯҳи як инсони фақир хангоме ки аз пеши хонаи бошукӯҳи ӯ мегузорад, чи амвоҷи кушандаи кинае ба вуҷуд меояд.

Барои дидан ва шинохтани азамати ин фоҷеаи инсонӣ дар матни зиндагии тоҷикони нав сут будан, кӯр будан даркор аст, дигар ҳеч!

Аз қоби ёдҳо фаъолияти мақоланависии Азиз Сангин дар солҳое, ки миллати тоҷик ба сулҳ ва оромӣ ниёз дошт, ба хотир мерасад. Ман дар бораи мақолаҳои таҳрикомези ӯ, ки аҳдофи фитнаомезона ва моҷароангез доштанд, чизе намегӯям. Вале аз мақолаи ӯ «Қасрҳое, ки рӯи қабрҳо қомат афрохтаанд», наметавон ёд накард. Андешаҳояш дар боби сулҳу оштии миллӣ дар номаи зикршуда низ ҳамон аст, ки дар он мақола буд(Азиз Сангин: «Пас он иддаое, ки «мо ташаббускори оштии миллӣ будем, мо ба хотири сулҳу оромӣ азхудгузарӣ кардем» ҳеҷ пояе надорад»). Фақат дар он мақола фаротар меравад, дурӯғ мегӯяд, тӯҳмат мезанад ва то ҷое марасад ва менависад, ки «…муовини раиси Кумитаи амнияти ба ном Ҳукумати муҳоҷири Тоҷикистон Султон Ҳамадом(?) (собиқ сардори Шӯъбаи амнияти миллии ноҳияи Қубодиён) ба ивази мошини давлатии аз идора ба ғорат бурдааш ва фурӯши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дуздии кӯмакҳои башардӯстона дар шаҳри Қундузи ҶИА ба арзиши 16 миллион авғонӣ иморати бошукӯхе харидааст».

Эй он ки ба бонги харе дар рақсӣ,
Аз дур ба ҷунбиши саре дар рақсӣ.
Пое ба усул ба замин нанҳодӣ,
Оре, ба самоъи дигаре дар рақсӣ.

Аз ин фаротар намеравам, ҳамчунон ки Азиз Сангин худ низ гуфтааст «вақт ҳама хиштҳоро дар бинои таърих худаш ҷо ба ҷо мегузорад», ба шарте ки муаррих «мутаҳаввир» (далер) ва густоху озод бошад ва садоқату ҳақиқатро дӯст бидорад. Ва ба қавли яке аз нависандагони кумидӣ анҷирро анҷир бигӯяд ва киштиро киштӣ бихонад ва ба воситаи ҳуббу буғз ё хиҷлат ва ё ҳурмат чизеро бар хилофи он чи ҳаст нагӯяд ва қозии одиле бошад ва дар бораи ҳама кас ҳадди инсофро маръӣ бидорад ва дар ҳини тақрири кутуби хеш бояд ватан ва зодгоҳи худро фаромӯш кунад ва мисли бегонаву беватан бошад. Ва таслими ҳеч қудрате нашавад ва ҳеч наандешад аз ин ки фалон ва баҳмон дар боби навиштаи ӯ чӣ фикр хоҳанд кард. Балки умуми вақоеъро ба ҳамин наҳве, ки иттифоқ афтодааст, нақл ва ривоят кунад (Аз рисолаи Лусиёнуси Юнонӣ «Чи гуна бояд таърих навишт?»).

Дар хотима ҳамчун ҳусни мақтаъ тамсилеро аз романи Поуло Коэло «Баранда танҳост» меоварам, то ҳар ки, аз ҷумла Азиз Сангин низ ба қадри ҳимматаш аз он бардоште дошта бошад: «Мутолиоти мутаъддин нишон дода, ки агар қурбоқаро дар таште филизи бигзорем ва таштро бо оби муҳити зиндагии худаш пур кунем ва шурӯъ кунем ба гармкардани об, ором мемонад ва ба афзоиши дама ва тағйироти муҳит вокуниш нишон намедиҳад ва вақте об ба ҷӯш меояд шоду обпаз шуда мемирад. Аз тарафи дигар, агар қурбоқаи дигареро дар зарфи мушобеҳи пур аз оби доғ бигзорем фавран берун мепарад. Каме месӯзад, аммо зинда мемонад».

Касе, ки поси муроди ду кавн медорад,
Бараҳнаест, ки пӯшида пешу пас ба ду даст.

Мӯҳр
Ватандуст
Бехтарин навиштор ва андешаронии донишмандона! Дерест чунин матлаби пурмаъни ва сар то ба по бохикмату андешаи олиро нахонда будам. Як чахон сипос, Фирузи Абдучаббор! Дастатон дард накунад!
Ба ононе, ки нависандаро ба мушкилбаёни муттахам мекунанд ва дархости бо забони омиёна навиштан доранд, гуфтаниам, ки вазифаи ахли сухан ин нест, ки забони зебо ва пургановати форсии точикиро ба сатхи кучаги фароранд ва онро бекадру бемоя созанд! Бояд донишмандони ба ном олими моро лозим аст, ки чун ин бародари гироми забондону донишманди хакики шаванд ва навиштаи худро бо суханони пурарзиши донишмандони чахон пурмаъниву нишонрас гардонанд.

Хакикат
Ман маколаи Азиз Сангин ва ин номаро хондам. Маколаи Азиз Сангин дар сатхи баланди сиеси ва мубохисави навишта шудааст. Вале аз навиштахои Фирузи Абдучаббор буи гарази шахси ва махалчиги меояд. Ва хам бо забони гайри точики навишта шудааст. "Озодагон" бояд чунин чизро чоп намекард
Ба навиштахои Фирӯзи Абдуҷаббор Гуфтани дорам, ки дар аввал рафта забони точикиро бахазуртар Омуз ва баъдан ба ин кор машгул шав (ба фикрам чунин забон дар руи замин мавчуд надорад)

Вакто маколаи Азиз Сангиноро кас мехонад дар он чо ба хама шахсиятхои номбаршуда бо як эхтирорм мурочиат карда шудаас ва ба шахсияти кас ва хешу акрабхояш расидаги нест - Фирӯзи Абдуҷаббор бошад - пеш аз он ки ба чунин кор машгул шуд аввал тарбият гир (Олим шудан осон-одам шудан душвор). Аввал одам бош!

Боз агар марди бо ном ва имзои худ навис parviz,

тоҷики ҳақиқӣ
Ваҳ,рӯйи ин қавм сиёҳ,ки забони аслии тоҷикиро намефаҳмад.Эй қавми касофат,о шумо ягон китобе аз адабиёти форс хондаед?Агар ҳамин навиштаро нафаҳмед,чи тавр "Шоҳнома"ву"Самаки айёр"у "Гулистон"у "Баҳористон"ро хондеду фаҳмидед???
Шумо тоҷик нестед,шумо эскимос ҳастед!!!
Аҳсан ба Фирузи Абдуҷаббор!бо шеваи адабии аслии тоҷикӣ баён кардааст,ки ҳақиқати ҳол ва Азиз сангинро беҳтару равшантар нишон медиҳад.

Номаи саркушоди Азиз Сангин нисбати Додочон Атовулло ин номаест ки хам дар он одоби сухангуи одоби муоширати рузноманигор бо рузноманигор насихати рузноманигори ва дигар омилхои тарбиявию ватандорию ватанпарастиро мебинед ва пайваста ба хар як нуктае ки у аломатгузори кардааст хислати хуби рузноманигориро дарк мекунед.Дар маколаи Фирузи Абдучаббор чи хеле ки гуфтаанд гараздори кинадори нисбат ба хамдигар дида мешавад.Рузноманигори донову окилро ман дар симои Азиз сангин мебинам.Хоксорона одилона ва оммафахм менависад ва дар умум бо одобу услуби баланди инсони.Фирузи Абдучаббор умуман у худро ки хисобидааст.Гуе дар чахон аз у доно касе нест.Як доно ту дуюмаш шу хохарат Д.Атовулло. Д.Атовулло агар доно мешуд дар телевизион бо забони русси гапзщании уро бинед.Мурад наход дар хар як калима калима эта да, дар забони у бошад.Чупони ман ки як кутан гусфандро дар Вору чаронида мегардад дар арчамайдон аз у хубтар бо забони русси ва эрони. авгони сухан меронад.Хайфи панч сол хондани Д.Атовулло ки дар Руссия МГУ-ро хатм карда Русси гап зада натавони.Эта да,эта да, эта да.Мурдан бех.Панч метр ресмон еб худата овез.бо Фирузи Чаборат якчоя.

Дехкон
Дар вакте,ки дар Артиши Шурави хизмат мекардам ,як бародаре чичен доштам,ки то хол бо у дусти дорем. Ва хеч вакт гуфтахои Вахаи чичен аз
ёдам намеравад . У мегуфт,ки барои мард аз хама рафтори бадтарин ин чоплуси (падхалимство) хаст ва Аллох чони манро кабз кунад, пеш аз он, ки ман ба нафаре мадху сано ва чоплуси кунам.

Савол ба Ф.Абдучаббор.
Агар Шумо точикистони бошед, Шумо ба Абсурдистон Точикистонро шабохат кардани Д.Атовуллоевро чи гуна дарк ва кабул мекунед.

Эй донои аз беаклхо беаклтар.Магар ту пинхонкори нависандаи фаронсавиро мисол овардаи.Вай нафурухт ба хотири он ки у худ камбагал буд.Агар мефурухт тубарин журналистони иблис боз таъна мекардед ки нависандаро аробакаш фурухтааст ва истинток хам мекардед.Аз пинхонкории тубарин рузноманигорон чамъият пеш намеравад.Рахмат ба Азиз Сангин чунин боб кардааст ту ва Д.Атовуллоро.Шумо дар хакикатан хам дуруггу дуруя хастед.Об кадом тараф гелад ту ва Додочон хамончо хастед.Одами тоза мешуд он нависандаи фаронсавии ахмакро ки бехударо уро накофта буданд боздошт карда бо ду дасташ медод.Ман холо дар кучо Д.Аторо бинам дасту пояшро баста оварда ба зиндон ва давлат худам месупорам.Хох дар Олмон бинам ва хох дар Руссия.У чинояткор аст.Тахкирчи аст.Конуни кабул намудаи халки мо ба у бозича нест.У гум ном у ба гуфти хамонхо аъзо надорад ва худаш якаву махоб танхо аст.

Маколаи туро хондам ба гумонам ки бо Азизи сангин солхои тулони хусумат дори.Азизи Сангин номаи хуб навиштааст вале у ба таври хакики бо ному насаб ва одобу услуби баланди инсони ва рузноманигори номаро навиштааст ки аз хамин бар меояд ки бо маърифат ва саводнок аст.Ту ки худро ба Фирдавсию дигарон баробар карда ба таври пинхони бо як лахчаи нофахмо ки онро нисфи зиеди мардум намефахмад бо хусумат навиштаи ва тамоман аз доираи рузноманигори баромада меъерхои оддитарини рузноманигориро риоя накардаи.Вокуниш карда навиштаи вале ту пастсифати бе ному насаб ананимний навиштаи худро пинхон нигох дошти ин пастии рузноманигори бесаводи ва нотавонии ту аст.Туро ба гуфтаи А.Сангин алакай мардум шинохтаанд окибтанаат намоен ту хамон гумноме хасти ки дар чароги рузи Д.аптовулло кор мекарди ту аз он тоифахое хасти ки имруз хам ва ин соату ин вакт хам дар Точикистон истикомат карда истода холо хам мукобили хукумату сиесати хирадмандонаи давлат мубориза бурда истодаи.Дониста бош ресмони давлат дароз рузе мешавад, ки ту хам ба капи макомотхои амния афтида исбот мешави ки ту курнамаки ва бо шохи гов чанг карда истодаи.

Ман ин маколаи Фирузи Абдучабборро пурра хондам.Хатто он коментарияхоро ки дар поени он ифшо шудааст.Дар аввал намедонистам ки Азиз С.ки хаст ва вакто ки номаи саркушоди Азиз.Сангинро хондам хаел кардам ки у точики аслист ва у хакикатро навиштааст.Пасттарин хислати инсон ин аст ки милати худро давлати худро шаъну шарафи давлатро дар чомеаи чахони паст занад ва обруи онро дар арсаи байналмилали табох кунад.Рахмат ба огои Азиз Сангин....

чанд нафар навиштааст ки тамоман нофахмо аст.Ба маълумоти Шумо расонам ки у агар фахмо нависад ва ному насабашро ошкор кунад хатман ба суд кашида мешавад.Аз хамин сабаб у гумном аст.Нофахмо навишта аз тарси ларзу чон ки у меъерхои рузноманигориро риоя накардааст ва бо забони гайрилахчави навиштааст ки уро ахен одамон мефахманд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)