Бахшҳо

Кабирӣ аз Туркия: “Зарурати бозгашт то интихоботро намебинам”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабарҳо дар бораи гӯиё кӯч бастанаш ба Туркияро рад кард. Ӯ гуфт, бо истифода аз таътиле, ки парлумон барои намояндагони мардумӣ дар давраи таблиғи номзадҳо ба мақоми президентӣ додааст, танҳо чанд муддат дар назди фарзандонаш дар Туркия монда ва сипас ба Ватан боз мегардад.

“Бо назардошти он ки парлумон ба таътили ғайринавбатӣ баромадааст ва вакилон ба минтақаҳо барои таблиғи номзадҳо рафтаанд, лозим донистам, ин муддатро дар Туркия бо ҳамроҳии фарзандонам бигзаронам, ки онҷо таҳсил мекунанд. Бояд гуфт, яке аз фарзандонам донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи иқтисодии Истанбул ва дуи дигар донишомӯзи литсей мебошанд”,-афзуд ӯ.

Оқои Кабирӣ дар идома гуфт, ҳарчанд таҳсили фарзандонаш дар хориҷ ва сафарҳои доимии ӯ чизи нав нест, “вале матраҳ шудани ин мавзӯъ имрӯзҳо шояд дар заминаи баъзе фишорҳо болои ҳизб, парвандаи тӯлонии экологӣ дар маҳкама ва фишорҳои иқтисодӣ болои хешу табор ва наздикони мо ба вуҷуд омадаанд”. Вай илова кард, “албатта, дӯстдорони паҳн кардани овоза ҳам кам нестанд. Воқеият ин аст, ки рӯзҳои наздик ҳатман бармегардам ва ба фаъолияти рӯзмарраи худ мисли пешина давом хоҳам дод.”

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, чун номзади онҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон сабт нашуд ва Шӯрои сиёсии ҳизбаш низ тасмим гирифт, ки дар интихобот иштирок намекунад, зарурати бозгашт то интихоботро намебинад. Вай аз ҳамаи тарафдорону дӯстонаш хоҳиш кард, ки ба ҳар гуна овозаҳо дар бораи кӯч бастани ӯ ба кишвари хориҷӣ бовар накунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамзамон президенти Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон аст, ҳафтаи гузашта барои ширкат дар Кунгураи 19-уми Федератсияи байналмилалии ҳандбол ба Қатар рафта буд. Вай мегӯяд, баъд аз анҷоми кори Кунгура бо олими шинохта ва муҷтаҳиди муосири олами Ислом доктор Қарзовӣ, ки солҳои охир дар Қатар зиндагӣ мекунад, низ мулоқот ва сӯҳбатҳо дошт. “Аз ҷумла, мавзӯи номзадии зан ба мақоми президентӣ, роҳбари давлат интихоб шудани зан ва масоили дигари рӯзмарра мавриди сӯҳбат ва баҳси мо қарор гирифт”,-гуфт ӯ.
Мӯҳр
Barodaroni aziz shumo nisbat ba Kabiri noodilona sukhan megued, zero hamaamon medonem, ki har nafar ba kadri zurrasash amal mekunad. Shumo az Kabiri khosta istodaed, ki ba khotiri shumo khudashro ba dahoni nahang partoyad, vale shumo khudaton ba in kurboni omoda nested.

in kadar pulro az kujo megirifta boshad in kabiri?

Мухолиф
Ахмад, "дар берун чи гап аст", мо хам медонем. Ман тарафдори хукумати феъли нестам, як точики берун аз Точикистон хастам. Вале рафтори Кабири нисбати интихоботи имсола хама талошхоро барбод дод. У тарсид, ки Зойировро дастгири кунад. Ба чои у як занакро пеш андохт, ки маълум буд барои хокпоши ба чашми мардум буд. Сиёсат чои бози нест, метарси - думболи сиёсатро нагир. Мана Зойиров наметарсад-ку, сиёсатмадор аст, озод хамаро мегуяд. Кабири бошад зери каноти ХНИТ ва парлумон тичорат карда гаштааст. Пулаш хисоб надорад, ва парвои дигарон надорад. Хурда гаштааст. Агар ин Кабирии шумо номзадии Зойировро дастгири мекард, як каме дигаргуни мешуд дар зиндагии мо. Ин хукумат агар иваз хам намешуд, як каме аз мардум харос мекард. Холо бошад бо кумаки кабирии шумо ин хукумат дар сарамон дигар чормагз мешиканад, дигар назари мардумро ба як тангаи пучак намегирад. Ман каблан ба Кабири эхтиром доштам, вале у хамаро барбод дод, хамаро р...д.

Илтимос чоп кунед.

Sazovor,
Хайр барои чи будааст дигар Кабири ва ХНИТ? Аз наханг ки матерсад, дар майдони сиёсат харашро гум кардааст? Аз наханг ки метарсад, рафта дуохони карда гардад. Зойиров аз наханг наметарсад-ку. Мегуянд, хамом ки рафти аз чизи калон наметарси. Аз наханг не, аз фишор ба бизнесаш метарсад. Агар дахонашро воз кунад, бизнесашро кашида мегиранд ва мисли дигар точикхо камбагалак мегардад. Холо бошад кайф карда гаштааст. Пул дорад, бачааш бачаи мардума бо мошин зада кушт, бо пул чони бачаашро халос кард. Пул дорад, бачахояш дар Туркия мехонанд ва худаш дар Туркия отдых дорад. Мана химоятгари мусалмонон. У дар Туркия кайф дорад, точикхо дар таххонахои Москва. Бигзор дигар барнагардад.

Агар мисли Зойиров мард мебуд, дар бари мардум меистод, интихоботро бойкот мекард. Вале Кабири мисли агенти Рахмонов накшахои ахзоби мухолифро вайрон кард, онро парешон кард ва акнун думро хода карда, дар Туркия дам гирифтестай. Мана сиёсатмадору мана хизби мухолиф.

мард
огои кабири хушёр шавед, зайд саидов хам ба фаронса рафта химин гапхоро мегуфт.

Shuhrat,
zaid saidovat ham yak zanjalobi mutaham ast.duxtari 16-solaro tajovuzu pulhoi hukumatro duzdida xurda megasht.in xel rohbar lozim nest ba mo.

Мухолиф,
kabiri fahmid ki zoirufu bobonazarovavu turazoda maksadhoi bad nicbati tojiku vatan dorand-axmakashon kard.xub kardi kabiri.

Jamshed8808
Мухолиф,

Tra alam kadai biyori Jun))Аслиддин,

Мухолиф
Jamshed8808,

Хова, биёри чун. )) Дига чи бгем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)