Бахшҳо

Миллионери тоҷик: “Вақте дар Ватан қадр надорем, чаро аз бегонагон менолем?”

Саттор Саидов, маъруф ба “Стас”, миллионери тоҷик, ки тайи тақрибан 13 соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунад, гуфта, ки аз муҳаббати зиёдаш нисбат ба ватан мехоҳад, дар Испания як “Тоҷикистони хурд” бунёд намояд. Вай дар ин бора дар сӯҳбаташ бо хабарнигори маҷаллаи “Элита” хабар додааст.

Оқои Саидов гуфтааст, “дар яке аз минтақаҳои Испания, ки аз нигоҳи шарту шароити иқлимӣ ба Тоҷикистон монандӣ дорад, иҷоза гирифтам, то як деҳаи сирф тоҷикӣ бунёд намоям. Ин деҳа ҳамчун маҳҳалаи сайёҳӣ бунёд ёфта, дар он аслан ҳамватанони мо зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо хоҷагии деҳқонӣ машғул мешаванд.”

Ин миллионери тоҷик, ки 37 сол дорад, зодаи шаҳри Душанбе буда, ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад. Ӯ соли 2000, баъд аз хатми Донишгоҳи политехникии пойтахт, маҷбур мешавад, ба хотири дарёфти қути пайвандонаш кишварро ба нияти кор дар Русия тарк кунад. Саттор Саидов аз тақрибан ду миллион муҳоҷири дигари тоҷик ба он фарқ мекунад, ки дар самти фаъолияти интихобкардаш зуд муваффақ шуда, дар як замони кӯтоҳ тавонистааст, чаҳор ширкатро дар қаламрави Русия соҳиб шавад, ки ҳудуди 700 нафар дар онҳо бо ҷои кор таъминанд. Яке аз ширкатҳои маъруфи Саидов, корхонаи “Созвездие”, марбут ба хадамоти коммуналӣ ба шумор меравад, ки аз он дар қатори ширкатҳои сегонаи бузургтарини коммуналии шаҳри Санкт-Петербург ном гирифта мешавад. Худи Саидов, ки дар суҳбат бо маҷаллаи “Элита” дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “албатта, соли аввали муҳоҷират бароям осон набуд, бахусус замоне ки бо яке аз ҳамтанони хеш қаҳвахонаеро таъсис додаму баъд аз чанд муддат, читавре мегӯянд, “кидат” шудам.”

Миллионери тоҷик: “Вақте дар Ватан қадр надорем, чаро аз бегонагон менолем?”Вале ба гуфтаи Саидов, даст надодан ба ноумедӣ ва талошҳои бардавомаш ба ӯ имкон додаанд, ки дубора дар як замони кутоҳ қомати хешро болотар бардорад. Ӯ мегӯяд, ин чаҳор ширкатро дар натиҷаи талошу заҳматҳои ҳалол ба даст овардааст: “Агар Рокфеллер гӯяд, ки ӯ метавонад дар бораи тамоми моликияташ ба ҷуз як миллиони аввал ҳисобот диҳад, пас ман метавонам, бо ифтихор ва камоли итминон гӯям, ки омодаам, барои ҳамаи дороиям ҳисобот диҳам.”

Дар мавриди аз байн рафтани қадру манзалати тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон, ӯ бар ин аст, ки ҳалли ин мушкилотро бояд дар дохили ватани худ ҷуст: “Замони дар Душанбе ҳузур доштанам, маро ниёзе пеш омад, то ба чанд муассисаву корхонаи давлатӣ сар бизанам ва дар ин муддат мушоҳида кардам, ки чи тавр афроди мансабдор бо мардуми одӣ бархӯрди зишту муносибати баде доранд ва ба хулосае расидам, ки агар мо дар дохили ватан-хонаи худ ба ҳамдигар чунин эҳтиром қоил бошем, пас, чи тавр метавонем, беҳтар аз онро аз бегонагон, бахусус дар хориҷ аз Тоҷикистон талаб кунем.”

Саттор Саидов мегӯяд, омодааст, тамоми сармояи худро ба ватанаш бахшад. Аммо вай мегӯяд, танҳо ба шарте ин корро анҷом медиҳад, ки мутмаин бошад, то заррае ин амалаш вазъиятро дар Тоҷикистон тағйир медиҳад.

Миллионери тоҷик мегӯяд, ҳарчанд тӯли 13 сол мешавад, берун аз Тоҷикистон ба сар мебараду бо зани рус оиладор аст, барои ӯ фарҳанг ва русуми миллии тоҷикон мақоми хосса дорад. Ӯ дар ин бора мисолеро зикр менамояд, “рӯзе духтарчаи 8-солаам-Тахмина омаду ба ман гуфт, мехоҳам, мисли дугонаҳоям, ки дар гарданашон нишони салиб овезон аст, расми моҳи нимаро овезон карда, вориди масҷид шавам...”

Саттор Саидов, яке аз миллионерҳои тоҷик дар Русия, бо Михаил Прохоров, сарватманди шинохтаи рус ҳамнишинӣ дошта, аз дӯстони наздики писари хурдии Муаммар Қаззофӣ будааст. Вай мегӯяд, аз муҳббати зиёде, ки ба Қаззофӣ дошт, то ҳол болои яке аз мошинҳояшро акси ӯ зеб медиҳад.
Мӯҳр
Дипломи беарзиш,
Ассалому алейкум акаи Саттор.
Агар имконият бошад ба мо точикон низ тарзи кардани бизнеса меомухтед.
Ман забонхои Англиси, Руси, Турки ва Точикиро озод медонам.
Аз кучо ва чи тавр бояд сар кунам?

E-mail-и худро ба ман менавиштед.
Ташаккури зиед.

ХУДОВАНАНД АВАЛ ХУТА НИГОХ ДОРА БА МОЛУ МУЛКТА НИГОХ ДОРА ХАРГИЗ НИЯАТИ ОБОДИ ВАТАНРО НАКУН КАСОНЕ ФИГРИ ОБОДИ ВАТАНРО КАРДАНД ДАР МАХБАСАНД АГАР ОБУ РУ ПАЕДО МЕКАРД ДАРИН ХУКУМАТИМО ЗАЙД САИДОВ ОБУРУ ПАЕДО МЕКАРД ИН ХУКУМАТИ МОДА ОБОД КУНИ БАД БА ДУХТАРИ 14 СОЛА МЕГАН РАСИД БАД МЕГАН ПУЛОИ ТОЧИКИСТОНРО ДУЗДИД БАД БАДУХТАРИ 12 СОЛА РАСИД ТОКИ МОЛУ МУКТА АЗ ДАСТАТ КАШИДА ГИРАНД

Assalom barodari aziz Sattor man ba nazdiki ba Ispania ba mehmoni raftaniam ,baroi on ,ki yak heshamon dar komandai BARSELONA kabul shud u bo ahli oilaash ba Ispania rafta dar on jo zindagi mekunand.Man dar Vienna zindagi mekunam roh in kadar dur nest ,agar shumo yagon nomeri telefon ba imeli man ravon kuned ,shoyad dar on jo wo mehurem ,tojiko kam kam jam meshand :)

Бахтиёр
ҳамватан,
Рост меги асалак

Ғарибе, ки дар ғариб будаи бо ёди Ватан бо Ватан аст,
Дар Ватан будай бе ёди Ватан бе Ватан.

Аслидину акобир
Ё тоба ахир худша нишон дод. Саттор аввал пулхои мора, ки через азерову чичено фиреб дода буди баргардон баъд хута пулдор гиру Итталия соз. Мардак барин номри телфонта чо кун ма телефонут мекунум.
Набоша детална шармандагихота меброрем.
Ёд биёр соли 2011

Аслидину акобир,
ана аку бахили сар шид точик таек мегира номи як точик бромад дигарш талхакаф мешава

https://jeksozvezdie.ru/Маълумот дар бораи ин бародар чи хел кор мекунад.

Хакикатпараст
Ман, дар хакикат ба ин гуна родмардони точик, ки бо мехнати халоли худ сарватманд мешаванд хазор маротиба ташаккур мегуям. Офарин ба Шумо Сатторчон. Хамин икдомро давом дихед, иншоолох сарвати Шумо дучанд зиёд хохашуд ва дар катори милиордерхои Русия Шуморо ман хахам дид.

Ассалому алайкум бародар Саттор як дусти чавониатон мехохад бо шумо сухбат кунад агар шумо хохед баин номер занг занед ман бародари хурдии он кас мебошам +79313042962 агар даврахои чавониро ед дошта бошед (аз 3-2 аз 2-1) ро мефахмед хай дар панохи ХУДО бошед

puli bachahoro gardonda te sator in xel nakun.nasib namekunad.

Dev
Аслидину акобир
Soddai akash, Fahr kun az tojikone,ki metavonad sarmoya jam kunand , ba har rohe naboshad!!!Man shahsan , hamchun yak TOJIK , fahr mekunam,ki tojiki man doro ast.

Ув. Саттор. Прочитал стстью в интернете. Я тоже родился и жил в Душанбе. Нравится идея с созданием таджикской деревни в Испании. Последние 10 лет живу в Испании в Барселоне. Буду рад посодействовать чем смогу

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)