Бахшҳо

Хоҳиш ва талаби Раҳматилло Зоиров аз Эмомалӣ Раҳмон

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, 4-уми октябр бо пахши як изҳорот пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ “инкор ва шикасти Сарқонун” номид.

Зоиров дар ин изҳороти худ гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон дигар ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро надорад: “Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон содир шуд. Бояд қайд намоям, ки тибқи қисми дуюми моддаи 42-и Қонуни асосии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад. Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва инчунин, Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Аз рӯи иттилоъ то имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ин пешниҳодҳо ҳам ризоияти худро надодааст.”

Бо зикри ин, Раҳматилло Зоиров ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, гуфтааст, “эҳтиромона хоҳиш ва талаб мекунам, тибқи моддаи 64-и Конститутсияи Тоҷикистон, яъне ҳамчун кафили Конститутсия ва он арзишҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, ба амали зиддиконститутсионӣ ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роҳ надиҳед!” Зоиров таъкид намудааст, вазифаи президентӣ аз Конститутсия, қонуният ва адолати иҷтимоӣ боло шуда наметавонад.

Муроҷиати Зоиров дар ҳолест, ки рӯзи 4-уми октябр беш аз ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Филармонияи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ин ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд. Аммо худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат пазируфтааст.
Мӯҳр
хамин менавистагихои тарафи Зоиров ягонтаашон дар Точикистон нестанд инхо хамаашон дастошон хуни точиколуд дар беруни кишваранд Хаёл доранд хукумат дигар шаваду боз омада бесарусомони кунанд

саид,Номаъкул карди Саид!!! Хамаи онхое мукобили Зоиров менависанд худ як ду нафар номардони чоплус аз "фабрикаи чавоб"-анд.
На танхо дастон, балки аз сар то ба по шумо дар хуни миллат олудаеду Точикистонро ба Таджакита табдил додаеду руирост бо ватанфуруши машгулед. Валлох, ки Зоиров хазорон карат бештар аз хамаи шумо точиктар аст аё манкуртони лагандбардор!!!

Али Сугди
Зоиров Шумо худатон анчуман ташкил кунед баъд гап занед Чаноби Оли санаи 4 октябри соли 2013 ба Корхои мухуми давлати банд буданд ва дар карори анчуман омадааст ки аз худи номзад ба мансаби президенти чумхури аз ХХДТ барои пешбари ичозати онкасро пурсида шавад

А
Зоиров сухани хак гуфтааст.тамом!

na zoiruf na digarosh yagon kor karda nametonand..xalk rahmonro dust medorand.

Саид,
Додар, биё мон ҳамин гапота. Узбакистон ба ин чӣ дахл дорад? Зойиров аз қонуну Констиутсия гап мезанад.
Шояд баъди муддате бо ҳамсояат ҳам гапат гурезад, Узбакистонро гунаҳкор кунӣ!
Беҳтараш, ба Ҳизби халки демократӣ бигу, ки ақаллан дуруғ нагуяд: он зал, ки моҳе пеш ман ба консерт рафта будам, қариб 500 кас мебарад.
Шояд вакилони боқӣ аз телевизор дида бошанд?
Аз ҳама муҳим ба Ҷаноби Олӣ мегуфтӣ, ки ҳамин вакилон барои ӯ шуда омада буданд, ақаллан ба ҳурмати онҳо як дақиқа иштирок мекард...
Ҳамин қадар шахспарастӣ дар авҷ шудааст, ки мебинӣ дар интихобот ҳам ҳарфе намегӯяд. Зеро то имрӯз ваъда дода буд, ки Роғун кор мекунад. Пеш аз ҳама ту баринҳо саҳмия харидед. Акнун як бор аз Ҷаноб тақдири он саҳмияҳоро пурс. Ё онҳоро ҳам Узбакистон бурдааст?!

Салим
Мо таракки накарда истодаем, айби ки айби узбакистон мо рогунро сохта натавонистем, айби ки айби узбакистон мо кувваи барк надорем, айби ки айби узбакистон айб дар мо нест, ин хамаш айби узбакистон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)