Бахшҳо

Тағйирот

Халил Қаюмзод

Дуруд хонандаи арҷманд!

Ин навбат дар бораи ... як дидгоҳи хосе менависам.

Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард:

1 – Гурӯҳи аввал, ҷонибдорони ҳукумати рӯз. Онҳое, ки аз раисҷумҳури кунунии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ин гурӯҳ боз ба чандин зергурӯҳҳо тақсим мешавад: а) Онҳое, ки аз зиндагӣ ва шарту шароити имрӯза қонеъанд. б) Онҳое, ки аз дигаргунӣ метарсанд. в) Онҳое, ки бе ин ҳукумат ҳастии худро аз даст медиҳанд. Яъне ҳама бойигариву шароите, ки доранд, бе мушкил ба даст овардаанд ва ҳарос доранд аз он, ки ҳукумати нав онҳоро аз ин дастовардҳо ва муфтхӯриҳо маҳрум месозад. Ин ҷо дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чизе наменависам...

2 – Гурӯҳи дуввум, ҷонибдорони тағйирот бо роҳи инқилоб. Аслан вожаи инқилоб худ ягон бадӣ надорад. Аммо мардуми мо аз ин вожа ҳарос доранд, фикр мекунанд, ки инқилоб, яъне ҷанг, ҷанги шаҳрвандӣ. Хуб, биёед ҳамин тавре, ки ҷомеа қабул кардааст аз он истифода кунем. Пас кӣ метавонад инқилоб кунад дар Тоҷикистон? Ба ҷуз онҳое, ки аз ҳукумат сахт ранҷидаанд дигар касе инқилоб нахоҳад кард. Чун ба гуфти Файзинисо Воҳидова: “дар рагҳои мардуми мо ба ҷои хун тарс гардиш мекунад.” Аммо тарс ҳам андоза дорад. Ба гуфти роҳбари гурӯҳи оппозитсионии “Ватандор”, Додоҷони Атовулло: “барфи бало болои боми ҳар сокини Тоҷикистон рехтааст”.

Кӣ аз ҳукумат ранҷидааст? Қариб, ки аксари аҳолии Тоҷикистон. Чун аҳолӣ аз бебарқӣ, бемаорифӣ, бекорӣ, бенизомӣ, беадолатӣ хаста ва дилгир шудааст, аммо ба назар мерасад ҳанӯз ба андозаи сахт наранҷидааст. Кӣ сахт ранҷидааст, кӣ метавонад набахшад? Пайвандони Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Лангарӣ Лангариев, Алии Бедакӣ, Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Имомназар Имомназаров... Тамом, дигар касе не? Яъне, агар ҳукумат бираваду хешовандони онҳоро дастгир карда ба зиндон партояд, масъалаи инқилоб ҳал? Не, албатта. Чунки ҳар як фарди ҷомеаи имрӯз бо чандин нафари дигар алоқаву робита дорад. Ва ин алоқаву робитаву пайвастагиҳо метавонанд як гурӯҳи калон ва ё як ҳукуматро ташкил кунанд.

3 – Гурӯҳи саввум, ҷонибдорони интихоботи шаффоф ва бо роҳи қонунӣ иваз кардани ҳукумат. Бисёриҳо бовар намекунанд, ки дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ метавонад шаффоф гузарад. Яъне онҳо пешакӣ худро мағлубшуда мешуморанд. Албатта ин кори хуб нест. Чун Тоҷикистон ватани шумо ҳам ҳаст ва шумо ҳақ доред аз ҳар ҳукумате, ки рӯи кор бошад, талаби риоя шудани раъй ва ҳуқуқҳоятонро бикунед.

P.S. Э, биё бас кун, Халил. Сар кун, акаи Зафарча: “Хоҷа, бигӯ, ки ман манам, ман на манам, на ман манам”. Маст шав, бача.

P.P.S. Ба фикрам, аз ин пас, болои навиштани матлабҳои сиёсӣ нуқта мегузорам. Худо нигаҳбонатон, хонандаҳои гиромӣ!
Мӯҳр
Иброхим
Халилако хамин хел монанди худат 1-2-ои дигар барояд на обуруи нависанда мемонаду на аз шоир хубаш каллат, ки кор намекунад аз хамон рохи худат намони диди ки хамон маколаи гузаштаат, ки як рафикатро ТЧ-ро таърифкунон нишон додию аз хаки вай бисёр гапхо зади, бояд аз хамон чо дигар аз паи хамон аробаат мешудиву бас мекарди ...

Саёди Савр
Иброхим,
Шумо тарсухо хамеша мехохед, чохибкаламон анависанд. Чарои ин кадар метарси бародар? Ту охир инсон хасти ва рузе ин оламро падруд мегуи... Натарс дигар мон чавонон харфхои гуфтанияшон бинавичвнд. Ту номи хучандихоро паст мекуни бо истифодаи лахчаат...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)