28 апрел 2011, 10:33
ҶДММ «Вавилон-Т» - бузургтарин оператори алоқаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки соли 2000-ум таъсис ёфтааст ва барои мизоҷони хусусӣ, корпоративӣ ва инчунин барои операторони алоқа маҷмӯи васеи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дорад. Дар чунин як давраи нави рушди асри умумиҷаҳонии алоқа ва телекоммуникатсия, меъёри асосӣ ва афзалиятноки ширкат «Сифат» ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз аз замони таъсис ҳадафи аслӣ ба шумор меравад. Ширкат ин мақсади худро ҳамеша нигоҳ доштааст. ҶДММ «Вавилон-Т» таъмини муштариён бо маҷмӯи васеи хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои телефонӣ, интиқоли маълумот, шабакаҳои виртуалӣ-хусусӣ, шабакаи алоқаи зеҳнӣ, дастёбии баландсуръат ба Интернетро аз вазифаҳои муҳими худ медонад.