8 июн 2017, 15:26
Шахсони болиғ аз ин ба баъд танҳо бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият шабона иҷозаи вуруд ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳоро хоҳанд дошт. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе қароре имзо кардааст.
8 июн 2017, 09:15
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадидаш дар бораи рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2017-2018 аз гармшавии муносибот миёни кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон истиқбол кардааст.
7 июн 2017, 16:00
Мисли ду чаҳоршанбеи сипаришуда хабарнигорони “Озодагон” ба бозорҳои калони Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд рафтанд ва нархи маҳсулоти ниёзи мардумро пурсиданд. Дар ҷадвали гӯё ё ИНФОГРАФИКА арзиши маҳсулот дар бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат” (Душанбе), “Панҷшанбе” (Хуҷанд) ва “Саховат” (Кӯлоб) барои имрӯз оварда шудааст. Ҳамзамон нархи ин маҳсулот дар ду ҳафтаи пеш нишон дода шудааст.
7 июн 2017, 10:59
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июн дар парлумон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милиса”-ро муаррифӣ кард.
7 июн 2017, 09:31
Додоҳи ноҳияи марказии Челябинск 6-уми июн баррасии парвандаи муҳоҷири тоҷик, Ширинбек Бобоҷоновро оғоз кардааст.
6 июн 2017, 09:45
Як зани 31-сола дар ҷануби Тоҷикистон худро оташ задааст. Табибон мегӯянд, 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст.
5 июн 2017, 15:55
Наздикони чанде аз ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон мегӯянд, соле қабл пайвандони онҳоро бо ваъдаи ширкат дар як ҷашнвораи сиркӣ барои се моҳ ба Миср бурданд, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд.
5 июн 2017, 10:44
Бархе муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, ин ниҳоди молӣ барои дорандаҳои кортҳои плостикӣ маҳдудияти нав ҷорӣ намудааст.
3 июн 2017, 09:34
Бо пайравӣ аз раиси пештараи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ талош дорад, нархи навои маҳсулоти ниёзи аввали мардумро дар моҳи шарифи Рамазон танзим кунад. Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон дод, ки шаҳрдори собиқ дар ин замина чандон муваффақ нашуд. Дар робита, “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарон пурсид: ОЁ ЗӮРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НАРХИ НАВО МЕРАСАД? АГАР БАЛЕ, ЧӢ ГУНА ВА АГАР НЕ, БАРОИ ЧӢ?
2 июн 2017, 17:47
Маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бо як дақиқаи сукут ба хотири қурбониёни рӯзи чаҳоршанбеи Кобул оғоз шуд. Субҳи 31 май дар пайи як инфиҷори шадид дар пойтахти Афғонистон 80 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ гардид.
2 июн 2017, 11:23
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод кардааст, дар пойтахти кишвар ба хиёбоне номи Аҳмадшоҳи Масъуд дода шавад.
1 июн 2017, 11:59
Моҳи августи соли 2016 Ҳукумати ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ба “ДИИШ” пайваст, то 3 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард. Давоми 9 моҳ касе ба гирифтани ин ҷоиза муваффақ нашуд, аммо расонаҳо дар бораи кушта шудани Ҳалимов борҳо хабар нашр карданд. Зимнан, ин бори аввал нест, ки Амрико барои пешниҳоди маълумот дар бораи афроди таҳти пайгард ҷоиза ваъда медиҳад. “Озодагон” гаронтарин ҷоизаҳои эълоншуда дар чанд соли ахирро гирд овард.
1 июн 2017, 11:06
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои низомии кишвар як қатор таъиноти кадрӣ амалӣ намудаааст. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин таъинотҳо имрӯз, 1 июн зимни машварати корӣ амалӣ шуданд.
31 май 2017, 15:31
Чаҳоршанбеи 24 май се рӯз қабл аз шурӯи моҳи мубораки Рамазон хабарнигори “Озодагон” нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар ду бозори шаҳри Душанбе – “Шоҳмансур” ва “Саховат”-ро пурсид ва он дар шакли як ИНФОГРАФИКА пешниҳоди хонанда шуд. Он замон мо қавл додем, ки минбаъд то поёни Рамазон ҳар чаҳоршанбе нархҳоро муқоиса мекунем. Инак, имрӯз чаҳоршанбе аст ва хабарнигори “Озодагон” дубора ба “Шоҳмансур”-у “Саховат” сар зад. Ин ҳафта мо нархи маҳсулоти зарурӣ дар бозорҳои “Саховат”-и Кӯлобу “Панҷшанбе”-и Хуҷандро ҳам пурсидем.
31 май 2017, 10:54
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби сар задани сӯхтор дар ду бозори ноҳияи Фархор шамоли сахт мебошад, ки дар натиҷаи он ноқилҳои барқӣ оташ гирифтаанд.