19 июн 2017, 10:27
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки 27-уми июн зимни таҷлили 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
17 июн 2017, 11:59
Коршиносон боло рафтани арзиши истифодаи интернетро дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур намедонанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки ҷаҳонӣ нархеро, ки сокинони Тоҷикистон барои интернет пардохт мекунанд, яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон унвон кард.
16 июн 2017, 15:53
Академияи илмҳои Тоҷикистон исми довталабонеро, ки дар интихоботи академик ва аъзо- корреспондентҳои ин ниҳод ширкат мекунанд, эълон намудааст.
16 июн 2017, 13:23
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои баргузор намудани роҳпаймоии автомобилии ҷавонон зери унвони «Роҳи Ваҳдат» дар арафаи 20-солагии Ваҳдат иҷозат додааст.
16 июн 2017, 11:42
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Тоҷикистон, хостааст, назорати давлатӣ дар масъалаи танзими ҷашну маросимҳо кам ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда шавад.
16 июн 2017, 09:28
Расонаҳои шаҳри Якутск бо нашри як видео аз муноқишаи гуруҳии муҳоҷирон хабар додаанд, ки гӯиё миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон рух додааст.
15 июн 2017, 09:11
Рассом Абдулло Умарӣ, зодаи Сурия, ки ҳоло дар Белгия мақоми гурезаро дорад, дар як силсила раҳбарони қудратҳои ҷаҳонро дар нақши гуреза тасвир кардааст. Аксҳои ӯро торнамои BuzzFeed нашр кардааст.
15 июн 2017, 09:08
Мақомоти милисаи Тоҷикистон аз боздошти зани 30-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар доданд, ки бо роҳи фиреб дугонаи 23-солаашро дар Дубай ба танфурӯшӣ водор намудааст.
14 июн 2017, 15:08
Момагул Мирзоева, модари Зиёраддини 34-сола мегӯяд, барои наҷоти ягона писари хонавода, духтараш ҳозир шудаст, гурдаашро ба бародар диҳад, аммо барои анҷоми ҷарроҳӣ 20 ҳазор сомонии дигар намерасад.
14 июн 2017, 10:42
Отчество ҳамон номи падар нест. Отчество дар забони русӣ ва дигар забонҳои словӣ нисбаест ки аз номи падар ва пасванди нисбати -ович/-евич ва -овна/-евна сохта мешавад.
13 июн 2017, 10:36
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез боздид карда, онро ҳамчун атои шигифтангези Худо тавсиф кардааст.
12 июн 2017, 16:05
Русия хостааст, дар лоиҳаи бунёди CASA-1000, хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон иштирок кунад.
12 июн 2017, 09:45
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи май бо имзои як қарор Кумита оид ба рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистонро ташкил додааст.
10 июн 2017, 11:59
Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи талаби пора дар Маркази иттилооти ВКД муайян кардааст, ки нафари порахоҳ ҳеч рабте ба милиса тоҷик надорад.
9 июн 2017, 13:34
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳама гуна ҷамъоварии маблағро барои таъмири бинои боғчаву мактабҳо манъ намуд.