30 июн 2017, 11:29
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон Ваҳдати миллиро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, ки дар сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллии тоҷикон чанд омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ доштанд.
30 июн 2017, 09:34
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сифати арақро дар вилоят паст арзёбӣ карда, омори марбут ба истеҳсолу муомилоти машруботро шубҳаовар хондааст.
29 июн 2017, 18:42
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон баъзе тағйироти кадриро амалӣ кардааст/
29 июн 2017, 14:58
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори феълии Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, собиқ раиси телевизиони “Пойтахт” директори радиои Тоҷикистон, мегӯяд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст.
29 июн 2017, 11:42
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз паҳн шудани вируси тахрибкори “Petya” ҳушдор додааст.
29 июн 2017, 10:46
Додгоҳи шаҳри Душанбе се шаҳрванди Тоҷикистонро аз 9 то 11 сол равонаи зиндон кардааст.
28 июн 2017, 09:11
Рустами Эмомалӣ барои хонандаҳову донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе стипендияи раиси шаҳри Душанберо таъсис додааст.
28 июн 2017, 08:09
Додгоҳе дар Ставрополи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 12,5 сол равонаи зиндон кардааст. Бино ба иттилои додситонӣ, онҳо дар нигоҳ доштани маводи тарканда ва силоҳу аслиҳа муҷрим шинохта шудаанд.
22 июн 2017, 13:44
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, супориш додааст, ки мардум дар рӯзи Иди саиди Фитр дастархони хоксорона ороянд.
22 июн 2017, 11:00
Як сокини 65-солаи шаҳри Ваҳдат барои “тамаъҷӯӣ бо роҳи таҳдид” боздошт шудааст.
22 июн 2017, 09:38
Ҳамасола дар моҳи Рамазон нархи навои ниёзи аввали мардум гарон мешавад ва инро бештари масъулини соҳа ба инсофу имони савдогарҳо вобаста медонанд. Аммо “Озодагон” пурсид, ФИКР МЕКУНЕД ГАРОНИИ НАРХИ НАВО ХОСИ МОҲИ РАМАЗОН АСТ Ё БАЪД ҲАМ ДАВОМ МЕКУНАД?
21 июн 2017, 12:38
Маҷлиси намояндагони Тоҷикиситон, имрӯз, 21-уми июн лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ба муомилоти байналмилалӣ пешниҳод намудани коғазҳои қиматнокро ба тасвиб расонд.
20 июн 2017, 18:35
Ҷараёни сиёсиву фарҳангии пантуркия ҳамчун идомаи мафкураи пешинаи миллатчигии туркизм дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба вуҷуд омад, ки хоҳони ваҳдати фарҳангӣ, забонӣ ва сиёсии тамоми туркзабонҳои олам, ба вежа Туркия, нимҷазираи Балкан, қисмати мусалмоннишини империяи Россия, Кафкоз, Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ буд. Ҷавҳари ин таълимоти миллатчигии доираҳои иртиҷоии туркро дифои миллатҳо ва халқҳои кӯчак аз фишори миллатҳои бузург ва муттаҳид гаштани онҳо таҳти байроқи Туркия дар як империяи бузург ташкил медод.
20 июн 2017, 09:28
Дар пайи нашри хабари садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби Тоҷикистон бархе корбарони хабаргузории “Озодагон” пешниҳод кардаанд, маҳдудияти синусолӣ дар дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ боло бурда шавад.
19 июн 2017, 17:48