Гуруҳи “Толибон” бо пахши як изҳорот хабари мулоқоти махфии раҳбарашон-Мулло Мансур бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар шаҳри Душанберо рад карданд.
Капитани ҳалокшудаи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон -- Азимов Азамат Абдураҳимович бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо ордени “Шараф” дараҷаи як сарфароз шудааст.