20 сентябр 2017, 11:15
Нафароне ки як ё якчанд аъзои хонавода ё азизону наздиконашон ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанду солҳо садои онҳоро нашунидаанд, мунтазири онанд хабаре аз онҳо бишнаванд ва дилашон ором бигирад.
18 сентябр 2017, 10:24
“Беш аз як моҳ аст ки шавҳарам дар боздоштгоҳ асту ман бо чор фарзанди ноболиғ дар кӯчаи сарсонӣ. Оқибати ин ҳама бесарусомонии мо ҳамагӣ як “флеш” аст, ки ба сари мову оилаамон тамоми балоҳоро овард. 13 сол бо шавҳарам зиндагии осоишта доштему аз меҳнати ҳалол нон мехӯрдем. Аммо наздики якуним моҳ боз тамоми бори зиндагӣ бар дӯши худам аст, се фарзанди мактабхон дораму як кӯдаки боғчарав. Вале ҳама дар хона танҳоянд, зеро ман аз пайи пайдои қути лоямути онҳо ҳастаму падарашон дар СИЗО”,- бо ашку нола нақл мекунад Таҳмина Холматова.
14 сентябр 2017, 09:34
Босумбой Гадоев, сокини ҷамоати Тоғояки ноҳияи Спитамен буда, соли шашум аст, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин мард ҳамагӣ 34 сол дошта, аз соли 2010 рӯ ба муҳоҷират овада, пас аз як соли дар ФР қарор доштан ба намозхонӣ шурӯъ кардааст.
12 сентябр 2017, 15:52
Шариф Шербеков марди узбектабор, сокини 61-солаи деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти “20 солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки дар фикри тақдири фарзандону набераҳояш мебошад, ки ба нақли мақомот дар Сурия қарор доранд.
24 август 2017, 17:41
Аз соли 2014 то 2015 аз ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) 37 ҷавон ба гуруҳҳои террористие амсоли ДИИШ шомил шудаанд.
31 июл 2017, 21:40
Шомилшавии сокинони ноҳияи Бохтар ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва иштирокашон дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёдтар аст.
31 июл 2017, 14:18
Мусоҳиба бо Парвиз Кова, муҳаррири масъул ва яке аз муассисони рӯзномаи “8-и субҳ”-и Давлати Исломии Афғонистон
31 июл 2017, 11:23
Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб як сокини 24- солаи ноҳияи Ҳамадониро бо иттиҳоми узвият дар равияи “Салафия”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон равонаи зиндон кард, ва аз 25-майи соли 2017 нисбаташ ҳукм қабул намуд.
28 июл 2017, 16:34
Қиссаи роҳи бозгашти дурудароз ва пурмашаққати ҷавони тоҷик ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаки ширхорааш аз Сурияву Ироқ ба Ватан. Алишери 25 сола ба ваъдаи дарёфти ҷои кору музди хуб дар Сурия бовар кард ва аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафт. Бо ҳамсар ва духтари ширхорааш. Сипас дар Мавсили Ироқ фармондеҳони гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" ба иштирок дар ҷанг дастураш доданд. Алишер рад кард, се бор ба зиндон андохтанд. Вале ӯ шикаста нашуд ва умеду талош дошт ба Тоҷикистон баргардад...
28 июн 2017, 10:58
Бино ба пажуҳишҳо, қӯдакон қишре ҳастанд, ки аз ҷангу фақр зиёни бештар мебинанд. Дар кишварҳои ҷангзада ва фақир вазъи зиндагии кӯдакон хуб набуда, то кунун фавти хеле зиёди кӯдакон ба назар мерасад. Ҳифзи нокифояи саломатии кӯдакон, набудани имкониятҳои зарурии гирифтани таҳсилоти оддӣ мушоҳида мегардад.
20 июн 2017, 16:49
Холбибӣ (номи шартӣ), мегӯяд, бародари ӯро дар соли 2015 бо гумони ҳамдастӣ дар ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим - муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон боздошт ва 27 сол зиндонӣ карданд. Холбибӣ ба шарти ифшо нашудани номи худу бародараш нақл кард, ки бародараш дар чанд рӯзи пеш аз ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим “бо корҳои шахсиаш” аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе омад ва баъди тақрибан даҳ рӯз хонавода хабари боздошти ӯро дарёфт кард. Ба гуфтаи ин зан, баъди боздошти бародараш зиндагии хонавода якбора аз чанд ҷиҳат мушкил шуд.
20 июн 2017, 09:53
Муслиҳиддин Раҳимов, писари хурдии Ғайрат Раҳимов буда, дар синфи ҳаштум мехонад. Ба гуфти модараш кӯдак аз замоне ки падараш маҳбасӣ шуд, на бо ҷӯраҳояш бозӣ мекунаду на дар сафи дигар аъзои оила нишаста, якҷо хӯрок мехӯрад.
14 июн 2017, 10:22
Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизби исломии Туркистон”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, барои 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
12 июн 2017, 15:24
Зоҳир Усмонов, санаи таваллудаш 8 феврали соли 1985 сокини ноҳияи Ховалинг моҳи июни соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” суҳбат кардааст.
6 июн 2017, 12:12
Моҳи майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфт, дар се соли ахир 60 сокини ин вилоят дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд.