Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос, Муҳоҷир, Тема дня > "Маҳмудро кӯфт, гӯшашро газид ва ӯро боз гунаҳкор кард"

"Маҳмудро кӯфт, гӯшашро газид ва ӯро боз гунаҳкор кард"


21 август 2017, 14:20. Разместил: hd
Маҳмуд, марди тоҷик, ки тайи 10 соли охир дар Маскав кӯчарӯбӣ мекардааст, мавриди латукӯб қарор гирифта, ҳамлагар гӯши ӯро газида, кандаст.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ Александр Зайтсев дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст, ки латукӯби ваҳшиёна дар кӯчаи ман-Матвеев рух додааст. Зайтсев аз қавли сокинони дигари кӯчаи Матвеев кӯчарӯби собиқадор-Маҳмудро марди оромтабиату хайрхоҳ хонда, таъкид намудааст, ки ӯро шавҳари яке аз сокинони кӯча латукӯб намудааст: “Маҳмуд 15-уми август аз он зан хоҳиш кардааст, ки сагашро нагузорад болои гулҳои коридааш ҳоҷаташро бароварда кунад. Субҳи дигар Маҳмуд аз сӯи шавҳари он зан мавриди латукӯби шадид қарор гирифтааст. Дар идораи пулиси Очакова-Матвеев шикояти Маҳмудро қабул накарда, маслиҳат додаанд, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳал намояд. Маҳмуд қабул кардааст, аммо рӯзи дигар боз мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Он марди ҳамлагар ин дафъа талаб кардааст, ки Маҳмуд узр пурсад ва гӯши чапи ӯро газида, кандаст. Маҳмудро аз дасти ҳамлагар афроди роҳгузар халос намудаанд. Дар ин лаҳза ба дасти Маҳмуд санге расидааст ва ӯ бо ин санг ҳамлагарро задааст”.

Зайтсев илова намудааст, ки ҳамлагар бо истифода аз беҳимоятии шаҳрванди Тоҷикистон хостааст, худро ҳамчун ҷабрдидаи латукӯб нишон диҳад: “Аммо раҳмат ба «Гражданское содействие» ва вакил Ирина Бирюкова, ки ба қазия дахолат карду ариза ба кумитаи тафтишотӣ пешниҳод гардид. Акнун ариза қабул шуда, тафтишот идома дорад”.

Ҳомии ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки нисбати чунин қазияҳо бетараф набошанд, чун ин на танҳо ҷиноят дар заминаи адовати миллӣ, балки як ваҳшоният аст, ки бояд бо он мубориза бурд.


"Маҳмудро кӯфт, гӯшашро газид ва ӯро боз гунаҳкор кард"

Вернуться назад