Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015 > Исмонов: Дар як хона бобо як гап мегӯяд, падар як гап ва фарзанд гапи дигар

Исмонов: Дар як хона бобо як гап мегӯяд, падар як гап ва фарзанд гапи дигар


3 март 2015, 11:05. Разместил: MG
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфтанашро пешравии ҲДТ медонад.

Ӯ, ки дар ҳавзаи якмандатии Фархор, 34 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндаҳо буд, мегӯяд, бо 77,15 дарсади раъй пирӯз шудааст. Ҷаноби Исмонов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар парлумон барои қабули қонунҳои ба хоҷагии қишлоқ вобаста ва паст кардани андозбандӣ талош хоҳад кард: “Аввал паст кардани сатҳи андозбандӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии истеҳсолкунандаи хурд ва таври фаврӣ васеъ кардани сохтори Тоҷикматлубот. Мо бояд давлати демократиро вобаста аз имкониятҳои хоҷагидорию муносибати мардум ба меҳнат ба тарзи худ созем ва дар асоси ҳамин иқтисоди давлатро асос гузорем”.

Оқои Исмонов ноком шудани номзадҳои дигари ҳизбаш дар ҳавзаҳои якмандатиро ба беатҷрибагии онҳо ва қавӣ будани рақибонашон рабт дод. Ӯ гуфт, “дар ягон ҳавзаи якмандатӣ касе нагузаштааст ва дар баробари симои хубу қаду қомат ва савод доштан, таҷриба низ муҳим будааст ва рақибони номзадҳои дигари мо бақуват буданд”.

Ба иттилои пешакӣ Ҳизби демократ аз ҳавзаи умумӣ ҳамагӣ 1,7 дарсад раъй ба даст овардааст. Раиси ҲДТ таъкид кард, аз баргузорӣ ва натоиҷи эълоннамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қаноатманданд ва ифтихор доранд, ки дар кишвари низомаш демократӣ ва ҳуқубунёд ба сар мебаранд: “Ҷомеаи мо раванди демократӣ дорад ва давлати мо давлати демократии ҳуқуқбунёд аст ва аз ин ифтихор дорем”.

Ба гуфтаи ӯ, сохтани як ҷомеаи демократӣ давоми 10 ё 15 сол имкон надорад: “Баъзе аз камбудиҳо ҳастанд, аммо мо ҷомеаи демократиро дар 10-15 сол сохта наметавонем. Бархеҳо баъзе хулосаҳое мебароранд, ки мехоҳанд, мардуми моро дар сатҳи шаҳрвандони Амрикову Фаронса ва Аврупо бинанд. Мехоҳанд, ки аҳзоби сиёсиро дар сатҳи ҳизбҳои ин кишварҳо бинанд. Вале бояд гуфт, ки мардуму ҳизбҳои мо барои дар сатҳи онҳо шудан боз 20 ё 50 сол даркор аст. Дини мову таърих ва фарҳанги мо дигар аст. Ҳоло се насли мо ҳамфикру ақида нест. Дар як хона бобо як гап мегӯяд, падар як гап ва фарзанд гапи дигар”.

Вернуться назад