Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат > Нуқтаҳои овоздиҳӣ дарҳои худро ба рӯи интихобкунандаҳо бастанд

Нуқтаҳои овоздиҳӣ дарҳои худро ба рӯи интихобкунандаҳо бастанд


1 март 2015, 20:20. Разместил: MG
Ҷараёни овоздиҳӣ дар Тоҷикистон расман хотима ёфт. Ҳоло шумориши оро ҷараён дорад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар мегӯяд, аз 4 миллиону 318 ҳазор интихобкунанда, беш аз 82 дарсад пойи сандуқҳои раъй омадаанд. Ба иттилои манбаъ, ин маълумоти муқаддамотӣ аст ва шояд тағйир ёбад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИРТ мегӯяд, “ягон шикоят ё аризаи хаттӣ ворид нагардид. Танҳо даҳ муроҷиати шифоҳӣ буд, ки таъҷилан аз ҷониби кормандони КМИР баррасӣ гардиданд. Интихобот мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд”.

Овоздиҳӣ барои интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳалии халқ соати 6:00-и субҳ оғоз ва дар соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ анҷом ёфт.

Ба иттилои раҳбари КМИРТ то соати 9:00 – 31 дарсад, то 12:00 -- 48,5 то соати 15:00 – 74,33 ва то соати 18:00 – 81,3 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй дар қаламрави кишвар овоз додаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён мегӯяд, натоиҷи муқаддамотии интихобот, фардо, 2 март дар як нишасти хабарӣ эълон хоҳад шуд. Тибқи қонун “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” на дертар аз 7 рӯзи баъди интихобот дар матбуот рӯйхати вакилони интихобшуда бояд нашр шавад.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар саросари кишвар 3209 ва дар 27 кишвари хориҷӣ 35 қитъаи интихоботӣ созмон шуда, раванди овоздиҳиро ҳудуди 1000 нозири маҳаллӣ ва 528 нозири байналмиллалӣ назорат кардаанд.

Маҷлиси намояндаҳои Маҷлиси олии Тоҷикистон 63 курсӣ дорад. Ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии сабтиномшудаи кишвар номзадҳои худро пешниҳод карда буданд. Теъдоди номзадҳои худпешбар наздик ба 80 нафар аст.

Вернуться назад