Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат, Видео, Тема дня > ВИДЕО: Номзади ҲХДТ дар бораи як миллион муҳоҷир, номзади ҲНИТ дар бораи коҳиши андоз

ВИДЕО: Номзади ҲХДТ дар бораи як миллион муҳоҷир, номзади ҲНИТ дар бораи коҳиши андоз


11 феврал 2015, 12:18. Разместил: MG
Номзадҳои курсии парлумон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур, №3 шоми сешанбеи 10 феврал дар бинои мактаби таҳсилоти умумии №35 дар рӯбарӯи интихобкунандаҳо аз барнома ва ҳадафҳояшон гуфтанд.

Баҳром Абдуалимов аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ишора карда, гуфт, зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон берун аз марзи Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ бештари аҳолии Тоҷикистон, бахусус мардуми деҳот аз пули муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд: “Бо фароҳам кардани ҷойи кор ин мардуми қобили меҳнат бояд дар Ватан кор кунанд”.

Сафаргул Давлиёрова номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз зарурати роҳандозии адолати иҷтимоӣ гуфт. Ба қавли ӯ бояд ҷомеаи адолати иҷтимоӣ пойдор ва он ҷавобгӯи тамоми хостаҳои меҳнаткашон бошаду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намояд.

Абубакр Комилов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии кишвар таъкид намуд, таваҷуҳи бештар набояд ба соҳаи аграрӣ, балки ба саноат дода шавад, зеро ба иддаои ӯ, “ҳамаи дигар соҳаҳо вобастаи бахши саноатанд”.

Мунира Расулова, номзади ҲСТ бошад, гуфт, таъмини доимии маблағгузорӣ ба соҳаи илму фарҳанг бояд ба таври доимӣ маблағгузорӣ шаванд: “Оид ба инкишофи туризм барномаи миллӣ тадбиқ шуда, сохторҳои илмӣ аз одамони тасофдуфӣ тоза шаванд”.

Руқияи Нурӣ аз ҲНИТ таъкид кард, принсипи баробарии қонун риоя шуда, ҳамаи шохаҳои ҳокимият мустақил ва дар назди мардум ҳисоботдиҳанда бошанд. Ӯ гуфт, "мақомоти иҷрояи давлатӣ интихобӣ бошанд ва дар бахши иқтисодӣ бошад, ҳамагуна андоз аз мардум кам шавад".



Вернуться назад