Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат > Рақобати шаҳрдори Панҷакент бо наҳзатии 72-сола барои курсӣ дар парлумон

Рақобати шаҳрдори Панҷакент бо наҳзатии 72-сола барои курсӣ дар парлумон


14 январ 2015, 15:54. Разместил: MG
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким дар кишвар аз пешбарии номзадии Хусрав Абдуназар, раиси шаҳри Панҷакент ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон хабар медиҳад.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ рӯзи 14 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номзадии оқои Абдуназар аз ҷониби вакилинони ин ҳизб дар шаҳри Панҷакент аз ҳавзаи рақами 21 пешбарӣ шудааст. Қаблан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ин ҳавза номзадии Қавӣ Файзиев, узви фаъоли 72-солаи худро пешниҳод карда буд.

Ба гуфтаи сухангӯи ҲХДТ, оқои Абдуназар охирин номзади ин ҳизб ба шумор рафта, дар умум ҳизби ҳокими кишвар аз 41 ҳавзаи якмандатӣ номзад пешбарӣ кардааст.

Вернуться назад