Главная > Тоҷикистон, Викенд, Фарҳангу адаб, Видео > "Рақси духтарони тоҷик" Танҳо барои аз 18-солаҳо боло... (ВИДЕО)

"Рақси духтарони тоҷик" Танҳо барои аз 18-солаҳо боло... (ВИДЕО)


17 декабр 2013, 11:46. Разместил: administrator
Дар Интернет даҳҳо навор бо номи “рақси духтарони тоҷик” бо либосҳои нимбараҳна гузошта шудаву чарх мезанад, ки бо вуҷуди маҳкумияту танқидҳо ба сербинандатаринҳо табдил ёфтаанд.

Агарчӣ дар пайи ин наворҳо шарҳҳои тунде ҳам бар зидди раққоса ва онҳое, ки ин наворро гузоштаанд, навишта мешавад, аммо рӯз то рӯз теъдоди чунин навор дар ҳоли афзоиш буда, либоси "раққосаҳо" низ бараҳнатар мегардад. Ахиран ба оташи ин баҳсҳо клипи Шабнаму Фарзона, ду хоҳари овозхон, ки номоварони мусиқии попи имрӯзи тоҷиканд, равған рехт.

Як клипи онҳо дар интернет ба сайр даромад ва теъдоди бинандаҳояш бо суръат афзуд. “Озодагон” ҳам аз нашри ин клип хабар доду зери борони шарҳнависон қарор гирифт. Хонандагону бинандаҳои сомонаи моро на мазмуну мундариҷа ва сифати матну клип ба баҳс кашид, балки онҳоро раққосаҳои нимбараҳна ба шарҳнависӣ маҷбур кардааст.

Аммо бояд иқрор кард, ки рақсу либоспӯшиҳо дар ин клип дар қиёс ба рақсу пӯшишҳое, ки шоу-бизнеси тоҷик то имрӯз шоҳидаш будааст, рекордзан нест. Барои исботи гуфтаҳоямон ҳоло рейтинги рақсҳои аҷибу ғариби тоҷикиеро, ки ба интернет роҳ ёфтаанд, тартиб додаем. Он чӣ дар ин барнома мегӯем, танҳо қатрае аз баҳр аст, ки зиёд мехоҳем мисли баҳри Арал аз беху бунаш хушк шавад.




Айни видео дар Ютуб


Вернуться назад