Главная > Қазоқистон > Ҷавонони қазоқ барои нарафтан ба хизмат Русия мардикорӣ мерафтаанд

Ҷавонони қазоқ барои нарафтан ба хизмат Русия мардикорӣ мерафтаанд


27 сентябр 2013, 12:20. Разместил: MG
Ҷавонони навоҳии бо Русия ҳаммарзи вилояти Костанайи Қазоқистон барои нарафтан ба артиш ба Русия мераванд. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон хабар медиҳад.

Дмитрий Жерег, раҳбари шӯъбаи кор бо мудофиаи ноҳияи Қарабалиқ гуфтааст, "наздики 10-20 дар сади ҷавонон сини хизмат ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд”.

Ба гуфтаи ӯ бештари ҷавонон “даъватномаҳои комисариатҳои ҳарбиро нодида мегиранд”.

Ноҳияи Қарабалиқи вилояти Костанайи Қазоқистон дар қисмати шимол ва ғарб бо вилояти Челябински Русия марзи муштарак дорад.

Вернуться назад