(АКС) Интиқоди Кумитаи дин аз қабули Кабирӣ дар Эрон: Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад
Кумитаи умури дини Тоҷикистон аз даъвату қабули Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Эрон танқид кардааст.
Ин кумита бо нашри иттилоияе аз иштироки Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон изҳорӣ нигаронӣ кардааст. Дар иттилоияи Кумитаи дини Тоҷикистон, ки дар ихтиёри “Озодагон” гузошта шуд, Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита гуфтааст, ҳанӯз 29 сентябри соли равон тибқи ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон гардид: “Чаро ҷониби Эрон дидаву дониста роҳбари онро, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин конфронс даъват кардааст. Ин конфронси байналмилалӣ, ки “Ваҳдати исломӣ” унвон гирифтааст, пас дар он бояд аз ваҳдат, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонон сухан гуфт. Раиси ҳизбе, ки борҳо ҷиҳати анҷом додани аъмоли хунин, харобкориҳо, қатлу куштор дастур додаст, чӣ гуна боз метавонад аз боби ваҳдату бародарии мусулмонон сухан гӯяд?”
Ба қавли Юсуфов, “ҷониби Эрон, ки ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад ё на? Ин мавқеи Эрон – даъвати шахсе, ки бо дархости “кишвари бародар” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дар чунин як ҳамоиши сатҳи баланд суолҳои зиёди бидуни посухро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад. Ё оё Эрон аз ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри Душанбе бехабар буд? Оё дар амалӣ сохтани ин ҳама ҳаводиси хунин ҳамин ҳизби ифротгарои “Наҳзати исломӣ” даст надошт? Ва суоли ниҳоӣ чунин буда метавонад, ки ба чунин конфронси сатҳи баланд, ки дар баробари намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дини кишварҳои олам, ҳамчунин бархе аз террористону ифротгароён даъват шудаанд, чӣ натоиҷеро интизор шудан мумкин аст?”
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Муҳиддин Кабирӣ аснои суханронӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” бо баёни ин ки “камтаваҷҷуҳии кишварҳои исломӣ ва аҳзоби исломӣ яке аз далоили инҳирофи бедории исломӣ дар минтақа аст, таъкид кардааст, “кишварҳо бояд таваҷҷуҳи бештаре ба мардуми худ дошта бошанд”.
Ба гузориши Isna, Кабирӣ ҳамчунин изҳор доштааст, “мо бо ҳар гуна ифротигарии мазҳабӣ мухолиф ҳастем”.
Конфронси мазкур қарор аст, то сешанбеи 29 декабр идома кунад. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва чандеи дигар иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |