Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 4 декабр 2020, 00:23

Қатли директор ва муовин аз ҷониби омӯзгори варзиш дар Турсунзода (НАВШУДА)

30 май 2015, 09:12

Юлдош Айматов, мураббии шоиста, аълочии маориф ва омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и ҷамоати деҳоти 1-уми майи ноҳияи Турсунзода соати тақрибан 10-и рӯзи 29-уми май мудири ин мактаб Дилором Нишоноваи 51 сола ва муовинаш Гулнора Юлдошеваи 48-соларо бо зарби корд ба қатл расондааст.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Айматови 53-сола бо хоҳарон Дилором ва Гулнора хусумати корӣ-оилавӣ дошта, худаш ба мақомот таслим шудааст. Гуфта мешавад, ки қатли Гулнора зимни ҷамъомади субҳгоҳӣ дар саҳни ҳавлии мактаб дар ҳузури омӯзгорону донишомӯзон сурат гирифтааст.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба “Озодагон” ин иттилоъро тасдиқ карда, афзуданд, ки 29-уми май, омӯзгори 53-солаи мактаби рақами 7-и Турсунзода аз сабаби вайрон шудани муносибатҳои корияш бо роҳбарияти мактаб соати 09:30-дақиқа аз бозор корди ошхонагӣ харида, дар ҳолати мастӣ, ҳадафмандона ба мактаби мазкур меояд: “Дар утоқи корӣ бо директори мактаб зани 51-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҷангу ҷанҷол намуда, ба қисмати гардани ӯ бо корд як зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад: “Сипас, гумонбаршуда бо ин ҷинояти содирнамудааш қаноат накарда, дар саҳни мактаб муовини директори мактаб, зани 48-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо истифода аз корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш мезанад. Ҷабрдидаи дуюм аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бузург мехр

  • 30 май 2015 11:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бафикрм хаму 400 500 сомонира надодпгиян дар малими бечора
Посух додан
  • Саид

  • 30 май 2015 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовардорам, ки хамин гуна ходисахо аз руйи рохбарии нохуби бештари рохбарон рух медиханд! Баъди фишорхои зиёд ва сиёсати нодуруст тори сари коргар окибаташ чунин мешавад!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба кавли русхо : "СИЛА есть, УМА ненадо"(мураббии ШОИСТА) ... Мумкин айби макомоти хокимият (маориф, прокуратура...) хам бошад ,агар ба онхо мурочиат карда бошаду чорачуи накарден !?
Посух додан
  • Кулоби

  • 30 май 2015 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хубмешуд агар аз сади рохи хичобпушхову ришдорхо шудан. Барзиди шаробнушхову шаробфуршхо барномахои телевизони омода мекарданд. Шояд майхораги оини аждодии мо бошад ки нисбати ин бетарафи мекунанд.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 31 май 2015 07:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Навиштачоти "Истеъмоли нушокихои спирти манъ аст"-ро аз ошхонаву чойхонахо бардоред ва фуруши нушокихои спиртиро дар ин гуна чойхо хатми кунед баъд хуб мешавад чанобон!
Посух додан
  • махмуд

  • 31 май 2015 11:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар давраи сохибистиклоли мактабхои Точикистон бе мардхо монданд.Сабабхояш :-) муздикор паст,мухочирати мехнати, ва аз мухимаш низоми модаршохии директрисахои мактабхо
Посух додан
  • Рустам

  • 31 май 2015 14:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чиз ачоиб, ки чи хел дар як мактаб ду хохарон директору муовин?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!