Шикояти аъзои ҲНИТ: Гуфтанд аз ҳизб баро баъд дуздии хонаат тафтиш мешавад
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз бетаваҷҷуҳии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқ ва чораандешӣ барои қонувайронкуниҳое, ки алайҳи пайравони ин ҳизб сурат мегирад, шикоят кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, маъмурини пулис дар шимоли кишвар ба Шоирахон Юнусова, сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара гуфтаанд, замоне ба таҳқиқи дуздии манзилаш мепардозанд, ки аз сафи ин ҳизб берун шавад. Хонум Юнусова гуфтааст, "чанде пеш хонаи маро дӯзд зада буд, вақте ба Шӯъбаи милиса рафтам, сардори шӯъба гуфт, ки аввал аз сафи ҲНИТ берун шавам, баъд кори маро тафтиш хоҳанд кард”.
Ба гуфтаи ин узви ҲНИТ, таҳқиқи қазияи дуздии манзили ӯро қаблан муфаттише бо номи Абдуллоев бар уҳда дошта, ҳоло он ба зиммаи муфаттиши дигар бо насаби Нусратов гузошта шудааст. Юнусова мегӯяд, дар робита ба бетаваҷҷуҳии маъмурини пулис ба мақомоти додситонии шаҳри Исфара низ шикоят бурда, вале ҷавобе нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иддаои хонум Юнусова, Насибиддин Нуриддинов, раиси ҷамоати деҳаи Ворух борҳо ӯро ба ҷамоат даъват карда, хостааст, сафи ҲНИТ-ро тарк кунад: “Ин хонум мегӯяд, "бори аввал раиси ҷамоат маро даъват карда, хоҳиш кард, ки аз ҳизб барояму бо онҳо ҳамкорӣ кунам. Ман бошам дар ҷавоб гуфтам боз фикр мекунам, бори дуввум низ даъват карда гуфтанд, ки аз ҳизб даст кашам. Аммо ман гуфтам аз аъзогӣ намебароям, вале он кас зуроварӣ карда, гуфтанд, ки дар ҳоли аз ҳизб набаромаданам мағозаи маро мебанданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |