Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 4 декабр 2020, 00:09

Додрас дархости Зайд Саидро қабул кардааст

12 феврал 2015, 12:12

Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, имрӯз, 12-уми феврал дархости судшавандаро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Суди Олӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул карда, изҳор доштааст, ки хулосаи ниҳоиро дар ин маврид дар мурофиаи оянда, 16-уми феврал эълон хоҳад кард.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба "Озодагон" гуфт, зерҳимояаш имрӯз, 12 феврал дар нахустин мурофиаи парвандаҳои наваш баромад карда, аз додрас хост, наздиконаш, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дар мурофиаи парвандаҳои наваш иштирок кунанд, чун парвандаҳои нав сирф иқтисодӣ буда, муҳри махфӣ надоранд.

Қаблан низ Зайд Саидов бо исроли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон шарт гузошт, дар сурати баргузории мурофиаҳо дар СИЗО аз иштирок дар он даст хоҳад кашид: “Дар парвандаи пешина, ки муҳри махфӣ заданд, бино бар ин мурофиаи он дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт, парвандаи дувум сирф иқтисодист ва муҳри махфӣ надораду ҳеч сире нест, онро бояд дар Суди олӣ доир намоянд”.

Аз ин пеш Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо як ҷумла дархости Зайд Саидовро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кард. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, Оҷонсӣ бе шарҳи далелҳо бо як ҷумла навиштааст, афроде, ки шумо барои шоҳидӣ ва рӯбарӯкунӣ бо онҳо дархост кардаед, ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саид ягон робита надоранд.

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шуда буд. Исҳоқ Табаров ва зерҳимояаш баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин хостаанд, як қатор кормандони ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” низ даъват шаванд.

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.

Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саид мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон мешавам ба баъзе одамон ними сохтумонхои Точикистон дар дастат,ними заводу фабрикахош дар дастат,вазифаи вазирихам дошти милион доларо дошти, Рохбари давлат инкадар хурматат мекард, барои ту дигар чи лозим буд.ки худатро ба дасти худат бурда зиндони карди ношукри карди бародар айби худат хаст.Рохбари давлат феъли хуб дорад,мард аст, чикорхои кардед ягон кортон накард, лекин доим мегуяд ки хиёнат накунед ки намебахшам, лекин шумо хиёнат кардед, аз худатон хафа шавед.Парвардигор хам нигох дорад ки чикор мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайдро барои партияи нав кушоданаш зиндони карданд, чи хизби нав кушодан хиенат будааст магар? Бахшанда Офаридгор аст.
Посух додан
  • Салим

  • 12 феврал 2015 13:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаро,
Ин мардака пеш-пеш кардану худашон гурехтан. Фикри фардоро накарда кор куни хамин хел мешавй. Ами хизби Точикистони нав чи лозим буд? Инро подстава карданд рафиконаш. Хиёнат ва курнамаки кард дар хаки Чаноби Олй. Баъд бисёрихо мегуянд, ки сохтумонхои зебо кард дар Точикистон. Бале кард аз пули хукумат кард на ин ки аз кисаи худ.
Посух додан
  • Фарогир

  • 12 феврал 2015 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Фаро бо ки бошад одами навку насихат мекунад. Хукумат ваъда кардааст, чи?
Посух додан
  • Ба Фаро

  • 12 феврал 2015 15:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаро,
то вакте мо Точикон мисли ту "Фаро" "донохо" дорем умеди пешрафт ва сарбаландиро ба гур мебарем. О ман пулдор шудам ва факат фикри худамро карда хурраму гардам баъд вазифаи чомиавии чи мешавад?
Боварии комил дорам ки аз имон ва дин заррае бархурдор нести то Зайдро дуруст дарк куни. Зайд ба хотири ободии ватанаш тамоми саломати ва дороияшро фидо кард вале шумо баринхо боз таъна мезанед. Ободии ватанро хостан, пешрафти ватанро хостан, бо кор таъмин кардани мардуми мухочир дар ватанро хостан магар хиёнат аст? магар чаноби ту хаминро хиёнат медонад? ачаб ъиёнате...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чавоб ба фарогир: Ин фаро фабрикаи чавоби аст, аз чавобхояш пай мебаред, ки одами кучост, Аллохам ин махлукро аклу чашми бино дихад ки сиеху сафедро фарк карда тавонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!