Бахшҳо

ВИДЕО-и таҳлукаандоз ва дастури шифоҳӣ барои “омодабош”-и қудратиҳо

Маъмурини пулис ва амният дар пайи сарусадо оид ба гирдиҳамоии эҳтимолии 10-уми октябр дар маркази Душанбе дастур гирифтаанд, ки зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, маъмурин дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки ҳар нафаре, ки даст ба гирдиҳамоии эътирозӣ мезанад, боздошт шавад, чун он ғайриқонунӣ ва бе мувофиқа бо мақомот ва бе риояи ҷузъиёти қонунӣ оид ба гирдиҳамоиҳо хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки тадобири амниятӣ дар Душанбе тақвият ёфта, теъдоди афсарони таъиноти махсус дар дохил ва даромадгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ин тадобир дар ҳолеянд, ки Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” мардумро 10-уми октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват намуд. Тавре назарпурсии “Озодагон” нишон дод, ин ташаббуси Қувватов дар Тоҷикистон тарафдоре надорад. Бо вуҷуди ин як рӯз пеш аз ин гирдиҳамоии эҳтимолӣ, имрӯз 9-уми октябр Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кулли кишвар “Гуруҳи 24”-ро экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнуъ эълон намуд. Аз ин пештар дастрасӣ ба беш аз 300 сомона ва шабакаҳои интернетӣ масдуд гардид, ки он ҳам ба даъвати Қувватов барои гирдиҳамоӣ рабт дода мешавад. Мақомоти умури дохилӣ инчунин 4-уми октябр дар Душанбе машқҳои зидди ошӯбҳои оммавӣ гузаронданд, ки навори он аллакай ба интернет роҳ ёфтааст. Ин навор, ки зери унвони "Митинг дар Душанбе" нашр шудааст, бисёриҳоро ба таҳлука андохта, аксари корбарон онро ҳамоиши воқеии оммавӣ дар Душанбе пиндоштаанд.

ВИДЕОИ тамрини мақомот алайҳи ошӯбҳои оммавӣ дар маркази Душанбе

Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ташаббускорони эътирозҳои оммавиро ҷинояткорон хонд, ки бо маблағ ва дастури хоҷагони хориҷияшон зидди манофеи миллии кишвар кор мекунанд. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва фармондеҳони пешини Фронти халқию Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин низ даъватҳои "Гуруҳи 24"-ро ба гирдиҳамоӣ дар Душанбе маҳкум карданд.



Мӯҳр
шакар
Мардума аз суд кардан тарсонидан даркор нест онхоро фахмондан даркор

МУХОЛИФИНРО ЭКСТРЕМИССТ ЭЪЛОН КАРДАН ИН ПРОБЛЕМАИ ЧАМЪИЯТРО ХАЛ НАМЕКУНАД. ИНАШРО СУД КУНЕД, ЧОН БА ЛАБОМАДАИ ДИГАР САР БОЛО МЕКУНАД. БЕХТАРАШ БИГЗОРЕД, ТО ВАТАНАШРО ОБОДУ БИЗНЕСАШРО РИВОЧ ДИХАНД. ВА ОН БА МАНФИАТИ БИЗНЕСМЕН ВА БА МАНФИАТИ КИШВАР БОШАД.

шакар, Бародар агар бо гап нафахманд ба фикри ту чи бояд кард? Як чизро бояд фаромуш накард, ки хамаи он шахсоне, ки тарафдории Умарали Кувватовро карда истодаанд, мактаби олиро хондаги нестанд, савод надоранд, хубро аз бадашон фарк карда наметавонанд, бо кадом рох рафта истодаанд намедонанд, окибати корашон маълум аст, ки бо хуби анчом намеёбад

хамватан,
хамватан,
Ба фикрам бародар шумо мактаби олиро нахондаед аз тарафдорони Умарали шахсони бо свод хело бисёранд ки онхо аз сабаби чои кори наёфтан баьд аз хатми донишгох ба мухочират рафтаанд
бе маьлумотхо хама дар сари кудрату мансабанд ба мисли акаи Рустам

шакар
Фикри маро агар хохи хама хох маълумотдор хох бе маълумот хама зиндпгии хубро мехоханд. Ман хам мисли садхо хазор тарафдори тинчию оромиям. Мумкин он нафароне, ки ин гуна митингхоро дастгири мекунанд, шояд холати зиндагонияшон бад аст. Барои хамин ман шахсан ба чои каси дигар посух дода наметавонам. Шумо агар дар хамин чумхури зиндагони дошта бошед, бояд ки ахволи мардумро донед.

Карори Суди Оли бисёр бамаврид ва саривакти аст. Иддае аз чавонон ба фиребу найрангхои Кувватов дода шуда, шояд алакай даст ба чиноят мезаданд. Бехуда Кабирию Зойиров ва дигарон уро дастгири накарданд, зеро медонанд, ки Куватову "Гурухи 24" ягон неруи сиёси нест, балки мочарочуст. На У.Куватов, на Ш.Гадоев худ ба Душанб наомада, дигаронро барои митинг пеш-пеш карданд. Ин танхо як хилаи каллобон аст, ки бо хамин минвол Точикистонро ноором кардан мехоханд.

беватан
аз хоби гарон хез!

шакар, Сад дар сад ин маълум маст онхо чи мехоханд, ПУЛ, МОЛ, ВАЗИФА, ин Умарали Квватов обро лой кардаистода максади мохи доштанро дорад, агар ба митинг кардан иктисодиёти давлат пеш мерафт имруз Украина яке аз давлатхои пешрафтаи чахон хисоб мешуд, Аммо имруз чиро мебинем? Украина ба чор кисм чудо шудааст хар руз чор-панч нафар мурда истодааст, ин нафароне, ки тарафдории У.Куватовро карда истодаанд аз чанг сухан мегуян аммо дахшати чангро дидаги нестанд

Mino az Afgoniston
Tu Quvatov mardumro ba jangu angezaho medozi khudat nomard az tarsa dar ba dari khorijiho gashtai charo mardumi osudaro az jo b jo mekuni

"Ин тадобир дар ҳолеянд, ки Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” мардумро 10-уми октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват намуд."
Ачиб...чи гуна як нафаре ки худ бо рохи каллобиву фиреб бойгарии худро чамь карда ва бо хамин рох аз даст дода метавонад,мардумро ба хакчуи даьват кунад...
Барои ман бехтарин неьматиАллох ин ороми ва тинчии Ватанам аст...ва хар гуна нохалаф Иншаоллох наметонад ин РАХМАТИ АЛЛОХРО аз мо бигирад.....

Dev
хамватан,
Halk shoyad tarafdori Kuvvatov nest, ammo zindagii nojur onhoro ba har kor tele dodanash mumkin. Az on mushkilie ,ki KUvvatov shikoyat dorad, 80 dar sadi mardum hamovozand, pas kismi a"zami mardumi Tojikiston tarafdori hamin fikrand. Chi guna metavon 80 dar sadi mardumi tojikro ifrotgar nomid?Mo hudamon hub medonem,ki Kuvvatov on kadr purkuvva nest(manzuiram purdonish nest) , lekin bo kadom rohe naboshad mardum mushkiliashro hal kardanist.Albatta kase hohishi jangu jadal nadorad, vale in kundfahmhoi "bolonishin" eroi mushkilii mardumro hal kardan nadorand.Holo fakat Dushabero purnizomiho karda istodaast, sahifahoi internetiro bastaast, fikr mekunad ina mo mushkiliro hal kardem. Agar shumo tavonoed, mardumro davat kuned shined, suhbat kuned, mushkilihoro barrasi kuned, hal kuned. INho boshand az mardum gurehta istodaand.To kujo megurezed? Agar shumo javob nadoded pas farzandoni shumo dar nazdi davlatu mardumash der jo pas javob boyad guyad !

восит ба фикру ту аз миллионерхои имруза ки сохиби пулу мол мошинхои киматбахо ва касру кушк мебошанд кадомаш бо мехнати халол ба ин хама сарват сохиб гаштаанд хади акал якеро номбар мекарди

Содда....

Шахсан ман чандин нафархое медонам ва мешиносам, ки ба миллион расидаанд ва хеч рабте ба давлату хукумат ва хешу акрабои хукуматдорон нестанд...
Барои ба ин пешравихо расидана,аввал худро аз режими "ожидание "-берун кунен... Интизор набошен ки касе е чизе омада зиндагии шуморо ба чои шумо обод ва месозад...Умаралитон бо рохи фиребу каллоби мол чамь кард,имруз бо хамон рох кашида гирифтан....
Озод бошен аз харгуна "ИНТИЗОРИ"

Содда....

Шахсан ман чандин нафархое медонам ва мешиносам, ки ба миллион расидаанд ва хеч рабте ба давлату хукумат ва хешу акрабои хукуматдорон нестанд...
Барои ба ин пешравихо расидана,аввал худро аз режими "ожидание "-берун кунен... Интизор набошен ки касе е чизе омада зиндагии шуморо ба чои шумо обод ва месозад...Умаралитон бо рохи фиребу каллоби мол чамь кард,имруз бо хамон рох кашида гирифтан....
Озод бошен аз харгуна "ИНТИЗОРИ"

Ватан бисёр мукаддас аст. Оромию истиклолияташ аз вай азизтар. Ягон нафари мо аз гуруснаги намурдаем. Шукр, ки дар хона нон дорем, зану фарзанду зиндагии осоишта дорем, барои чи ин кадар суханони пасту боло мезанед? Ман маоши миёна мегирам мехнат мекунам, захмат мекашам аммо бегох аз кор мебароям аз тинчии Точикистон ифтихор менамоям. Танхо дар гулгаштхо кадам мезанам аз кудакон салом мешунавам, алейк мегардонам барои ин шукр накунаам? Оё хостгори он бошам, ки танхо дар кучахо гашта натавонам, фарзанддонро тарсону харосон бинам, садои тири хунхорро шунавам ё гурусна дар фикри шиками фарзандон бошам? На харгиз намехохам ва дигарон низ бояд нахоханд.


замон
шакар,
Моро ба бехуда метарсонанд, мо хазорон бор аз тарс гузаштаем ва дигар тарсе надорем, тарс торикии имон аст, агар чони ман дар дасти ин тоифаи бадсиголу бадкуниш бошад ман аз ин гуна чон безорам.
Чавонони саодатманд ва баору бонанг мл бо шумоем ва дуогуи шумоем.
Худованд бо шумост

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)