Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳоди профессор Қосимов барои манъи "идгардак”

Профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “идгардак”-и кӯдаконро як одати нолозим дониста, мегӯяд, ба мавҷудияташ зарурат намондааст.

Дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон ва Қурбон, ду иди пайравони дини Ислом, кӯдакон аз субҳ то шом ба хонаҳо гашта, идона мехоҳанд. Соҳибхонаҳо ба онҳо ширинӣ, сақич, пуфак, пул ё монанди инҳо медиҳанд. Бештари мардум ин одатро суннати гузаштаҳо дониста мегӯянд, дар рӯзи ид бояд бештар аз ҳама кӯдакон хурсанд бошанд. Аммо профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чунин қоидаро қабул надорад. Ба андешаи ӯ, идгардаки кӯдакон махсусан дар пойтахт боиси хасташавии хотири дигарон мегардад: “Ягон ҳоҷат нест ба гаштан, хуб мешуд, аз ҳамин хонагардӣ даст кашанду ба дигар шакл хурсандӣ кунанд. Ба як шакле хурсандӣ кунанд, ки боиси хасташавии хотири дигарон нагардад”.

Ба андешаи ин профессори тоҷик, барои беҳтар намудани тарбия ва донишманд кардани наврасон аз чунин ҷараёни ба гуфтаи ӯ “бемантиқ” бояд даст кашид. “Кӯдаконро бояд дар як доирае тарбият кунем, ки давраи кӯдакии худро дуруст гузаронанд ва оянда кадри хуб барои ҷумҳуриямон шаванд. Агар мо ба ин равандҳои ҳархелае, ки як мантиқи муайян надоранд, такя кунем, моро пеш намебарад”,-афзуд ин устоди донишгоҳ.

Ба таъкиди оқои Қосимов, одати хонагардии кӯдакон аз деҳот ба шаҳрҳо, махсусан пойтахт кӯчидааст: “Ин дар мо набуд, дар деҳот буд. Кӯчонидани ин одат ба шаҳр қобили қабул нест. Вақе ки мо ба воя расида будем, чунин одат набуд, баъдтар ба шаҳр омад”.

Профессори ДМТ дар идома афзуд: “Шаҳр шаҳр аст, маромномаи пойтах ҳаст, ба ҳамаи ин бояд риоя кард ва аз бисёр чизҳо бояд даст кашид, зеро чизе ки дар деҳот қабул аст, дар шаҳр ҷоиз нест”.

Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст? Бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман тарафдор. Дар шимоли чумхури идгардаки кудакон ва хона ба хона гаштани занону мардон нест. Факат ба хонаи азодорон рафта дуову кироат мекунанд. Дар Душанбе низ чунин мешуд хуб мебуд, на исрофкори мешуду на худнамои. Занхои махалла аз гайбату мухокимаи дастархони якдигар дам мегирифтанд.

100% пешниходи мазкур мавриди пуштибонии мардум карор хохад гирифт!!!!!!!!!!!

Камчибек
Ин идгардаки кудакону калонсолон махсусан дар маркази вилояти Хатлон,шахри Кургонтеппа ба хукми анъана даромадааст.Хатто аз дехоти атрофи шахр аз барвакт кудакон ба шахр идгардак меоянд.Ин корхо пеш набуд.Ба замми ин занони шахри Кургонтеппа бо хам дар дасторхонорои ва санчишгарии хамдигар мусобика ташкил кардаанд.Хайати "коммисияашон"хона ба хона мегардад,ки ин хилофи ичроиши конуни расму оинхост.

ин идгардаки баъди солхои 90ум, ки ба пойтахт аз кишлокчойхо кучида омаданд, чори шудааст. дар мафкураи онхо живачкаи захролуди хитои як чахон хурсанди аст, бечорахо.

шер
Косимов Р ба фикрам рузи ИДИ Саидии Курбон ва дигар идхои суннати намехохед касе ба хонаи шумо ояд.ба хамин хотир мегуед.Ин Ид бояд бисёртар дар шахр тачлиил карда шавад. Мо мардуми мусулмони Точикистон хамаи идхоямонро бо тантана чашн мегирем. Касе пеши инро гирифта наметавонад.

Дилёб
Банда ба унвонхои илмии баъзе аз Хаммиллатон хич мувофик гашта наметавонам ва аз чунин ашхосро ДОТСЕНТ, ПРОФЕССОР ва ё АКАДЕМИК номбурдан азоби сахти рухи мекашам ва чунин унвон бурданро барои ин афрод фикр мекунам ба миллати худ хамчун тахкир ё масхарае беш нестанд. Ин мардум чигуна сазовори чунин унвонхои илми мегарданд хайронам. Чаноби Косимов пеш аз он ки аз як идгардаки кудакон интикод кунад, як бор наандешидааст, ки инкадар тую маъракахо, ки Душанберо бо як ибораи масхараомези "Вечерны город" мураарифи мекунанд, чи манфиат мебардорем?

Дӯстон 100 нафар
Ба пешниҳоди профессор Қосимов сад андар сад розӣ ҳастем, зеро ин зеби шаҳр ва шаҳрдориро халалдор месозад, дар шаҳр дар пойтахт ин гуна корҳо намезебанд.

одил
Хар ид хикмати худро дорад. Сарфакори гуфта анъанахоро аз даст надихед. Магар идгардаки кудак барои хамчун кадр тарбия гирифтани у халал мерасонад. Ид барои он аст, ки хама шоди кунад. Дуоро бе рузи ид хам рафта хонда мешавад . Яке ба дигаре халал намерасонад. Хаминаш намерасид, ки боз ба маромномаи пойтахт тагйирот ворид кунед.

Барои чи дар шахр набуди ки шуморо ба идхои СССР ташвик мекарданду аз дин гумрохатон мекарданд.Ва друст аст ки ислом дар хамон вакт хам дар дехотои дурдаст буд.Илтимос хурсандии кудаконро аз байн набаред..

Мусулмон
Идгардак - яъне чугишавии кудакони точик. Рузи чугишави.

Хамин чаноби профайсур мефахмида бошад, ки ниёзмандони "фарханг"-и ишон чї микдоранд?

Идгардаки кудакон бо дини хеч иртиботе надорад! Ин анъанаест, ки аз дехот ба пойтахт оварданд!

Мухтарам "профессор". Мегуед, ки "дар мо набуд" Дар худатон "набудан"-ро ба дигарон тахмил накунед. Дар баъзе холатхо вакте ки зидди ягон идея агар бароед мегуед, ки ин одати мо ва гузаштагонамон нест. Холо бошад мегуед ки ин одати гузаштагонамонро бояд бас кунем. Ҳам дар наъл мезанеду ҳам дар пошна

Беном
И баъзе профессоро ин кадар беакландеее. То соли 90 СССР кариб, ки Шумобарин одаморо бедину бехудо карда буд. Мегуед дар Шимоли кишвар нест. Медонед барои чи? Барои он, ки таъсири СССР дар шимол нихоят зиёд буд ва то имруз маданияти бисёре аз мардуми Хучанд аз маданияти рус ягон фарке надоранд. Ва дигарон аз онхо пайрави карданд. Профессори мухтарам, зурат ба додани идгардак нарас агар, даратро кулф зада, дар ягон лаби дарё рафта 100-та -100-та кун. Кудакон хамин кадар рузи хурсанди доранд, хаминро хам аз дасташон гирифтани нашав. Бе унам аз дастат чизе намеояд.

Мо тарафдори андешаи профессор хастем. Хамин чи одат хаст, ки халтача дар даст мисли чугихо бароя як жвачкаи пур аз захри хитои дар ба дар мегарданд. Дар фарханги шахрнишини набуд ин анъана ин аз деха ба шахр омад. Ё гирифтем рузи ид пушти дар се чор кудак мебиён ака дуо хонем. Хакки дуо хондагимо як сомон бте гуфтаншона намегуен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)