Бахшҳо
23 авг 2014 13:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Худдории Tajik Air аз овардани ҷасади Почомуллоева аз Деҳлӣ ба Душанбе

Халабонҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз интиқоли ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба Ватан худдорӣ кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон Манзура Почомуллоеваи 46-сола буда, бар асари бемории “гепатити С” дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷон додааст.

Анора Самадова, духтари марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 22 август халабонҳои “Тоҷик Эйр” ҷасади модари ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ аз дохили ҳавопаймо ба замин дубора фароварда, гуфтаанд, имкони интиқоли он ба Душанберо надоранд. Ба қавли ӯ, халабонҳои “Тоҷик Эйр” далели ин иқдоми худро ба бӯй кардани ҷасади Почомуллоева ва рафтани об аз дохили он рабт додаанд.

Самадова, ки дар ин сафар модари беморашро танҳо ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, яке аз халабонҳои ин ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, капитан Нодиров, ба ӯ гуфтааст, “от запаха у меня глаза режут, возьми труп и выходи!” Самадова дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова кард, халабонҳо гуфтаанд, ҷасади модарашро дар тобути махсус ҷой кунад ва баъдан имкони интиқоли он ба Ватан вуҷуд дорад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани тобути махсус дар Ҳиндустон аз имкон дур аст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо шарти ифшо нашудани номаш ин гуфтаҳои капитан Нодировро рад карда, гуфт, шояд ба далели он ки ин амал бояд ройгон сурат мегирифт, халабонҳо аз интиқоли он худдорӣ карданд. Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, халабонҳои Тоҷик Эйр дар ҳоле аз интиқоли ҷасади шаҳрванди кишвар худдорӣ карданд, ки онҳо ҳангоми интиқоли дубораи он ба яке аз сардхонаҳои шаҳри Деҳлӣ на бӯйеро эҳсос кардаанду на рафтани оберо дидаанд.

“Мурда тибқи талабот дар кафани махсус печонида шуда буд. Ман шахсан ба сардхона (морг) рафта ба даст қапидам. Тарсидам, лекин ин корро кардам. Ҳамааш қоқ (хушк) буд, бӯй набуд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ростӣ, ба фикрам фурудгоҳи Деҳлӣ бори аввал шоҳиди ин гуна қазия шуд, чун халабонҳо ҷасади ҳамватани худро дар як кишвари бегона аз ҳавопаймо ба замин дубора мефароранду ба дасти духтари 26-солае месупоранд, ки дар он ҷо ҳеч кас надорад”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, қарор аст, шоми 23 август ҷасади Почомуллоева аввал аз Деҳлӣ ба Маскав ва баъдан ба Ватан интиқол ёбад.
Мӯҳр
Капитан Нодиров, мурдани надори? Если на "ВАШЕМ" языке сказать то будет так : Вы, капитан Нодиров, думаете что умрете дома, в уютной обстановке когда захотите? Или же не умрете вообще ??? Тебе бездушному ХАЛОПУ надо была какие та 2-3 часа не на своей спине, а в самолете, для таких слабоумных как ты НОДИРОВ повторяю САМО-лете доставить тело человека, нашего соотечественника на родину !!! КАЛЛАМУШ !!!

Бадави
Нафрат ба халабон Нодиров- агар ки Точик бошад, ва он ки аз буи миллати хеш мегурезад.

Ба Хyдо агар дар ягон кишвари димократи ин корро як халабон нисбати шаҳрвандаш мекард ва ин хабар ба гуши давлатмардон мерасид ба зудтарин фурсати нхел халабонро аз кор меронданд то сабақи ба дигар халабонҳо гардад. Мyтаасифона дар кишвар қонyн сирфy сирф болои мухолифин истофода бурда мешад

Вот это и есть наше Национальное единство - ВАХДАТИ МИЛЛИ!!! Позор такому гражданину ТАДЖИКИСТАНА!!! Его самого нельзя пускать в Таджикистан!!! Да, поддерживаю Мустафо, он наверное планирует умереть у себя в доме на мягком диване, около могилы. Е Аллох, дилхо ва чашмони моро кушода кун. Омин.

Ин одамро ман мешиносам. Агар часади узбак ё рус мешуд меоаврд.

А разве можно так вот перевозить труп умершей от гепатита С? В чем она была, что чувствовался резкий запах? - Точно не в герметичном гробу. Капитан поступил профессионально, иначе была опасность заражения пассажиров и членов экипажа! Худованд мархумро биёмурзад ва чояшро чаннат кунад, но безопасность живых важнее!

99
Аз Деҳли аввал ба Амрико баред, пас ба Маскав, баъд ба Узбакистон ва пасон ба ватанаш.Тоҷикистони ғулому бечора ва бесоҳиб биёред!!!
Оё ин шармандагӣ нест?!
Наход, тоҷики бечора пас аз мурдан ҳам ягон зарра қадр надошта бошад!!!
Шумо барои пулу вазифа, на ин ки забону динатонро, балки инсофу обрӯятонро ҳам мефурӯшед!!!

Э шарм дор Нодиров .. одами точикистона хам миллати худата хаминхел карди. sad

Tojik
Хар як мусалмон дар пеши майити мусалмон карзе дорад, онро фаромуш набояд кард.

Ман дугонаи Самадова Анора мебошам. Аз аввал азобхои ин оилааро медонам. У мардона модарашро барои табобат бурд. Лек сад афсус бо амри такдир у модарашро дар мусофират аз даст дод. Мудати 4 шабонаруз аст ки мо бе саброна часади мархумаро дар Точикистон интизорем. Афсус ки чунин номардони но сипос ба мисли Нодиров дар руи дуне умр ба сар мебаранд. Магар Нодиров мусалмон нест? У модар надорад? Магар дилаш ба холи духтари танхое ки часади модарашро дар мулки бегона сохиби мекард, насухт? Дар ин мудат наздикони мархума бе хуша шуда рохи онхоро интизоранд. Ман шахсан худам чанд маротиба ба Хиндустон ба сафари хидмати бо ширкати Tajik Air парвоз карда будам, ба рости аз муносибати сарду бесаводонаи рохбаладхои ин ширкат ру ба ру шуда будам. Сад хайфи, ки чунин шахсон худро Точик ва Мусалмон мешуморан.

точик
ин натичаи ое аст ки точик на номуаш мондааст на обруяш. 23 сол хукумати ХХдт хамин намуд зиндагиро барои мардум омухт

Это ужасно!!! Как таких только земля носит, он не дастоин быть капитаном, ведь ты прежде всего носишь имя человека а ты хуже чем животное, буду всегда желать тебе чтоб ты попал в ситуацию которая будет хуже всего на свете, ведь ты тоже отец, у тебя тоже есть сын или дочь, да ты представил что чувствует ее мама, а мама это же светое, как ты мог ведь девочка там одна, нам известно что тебя просили люди взять их но ты подумал о своем комфорте, у людей горе они потеряли близкого человека но ты не дал чтоб она вомремя превезла свою маму чтоб похаранить ее, у тебя не мозгов не сердце,пускай эти твои глаза о которых ты думал в тот момент никогда больше не увидят не чего в жизни , ты пазор Таджикистана , ты не капитан !!!

ин аз точики худашон безоранд охир инхо точики асоси нестанд тамоми вазифахои точикистонро гайри точикон гирифтанд мисли хукуматдоро.

Надироваша аз кор холи кунонида чазоша додан лозим харомзодая!Мустафо,

Хуршед
Ана ин аст "дуст доштан"-и хаммилату хамватан! Аввал бояд дар тамоми сохахо дарси эхтиром ба миллату сокинонашро бояд омузонид ва баъдан бо 2-3 саволе, ки фахми у чи дарача ватанаш ва мардумашро мепарастад, ба кор кабул куни.
Дигар ин ки агар ин гапхо асос дошта бошад, бигзор рохбарияти СомонЭйр ин халабонро аз кор ронад ва Нодиров бояд дигар ГАЛАБОН шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)