Сафорат: “Моҷарои Занҷонӣ ба муносибати Теҳрону Душанбе таъсир надорад” (ВИДЕО)
Масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 28 январ бо баргузории нишасти хабарӣ гуфт, моҷарои Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, ба равобити Душанбеву Теҳрон таъсире надорад.
Занҷонӣ, ки дар авохири моҳи декабри соли гузашта дар Эрон боздошт шуд ва ҳоло дар зиндони Эвин қарор дорад, барои аз худ кардани 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон муттаҳам мешавад. Ҳарчанд ӯ гуфтааст, ин миқдор пулро тавассути Бонки Миллии Тоҷикистон ба Эрон ирсол карда, вале масъулони Бонки Миллӣ онро рад кардаву вакилони Маҷлиси Эрон ҳам санади Занҷониро дар ин бора тақаллубӣ донистаанд. Ҳоло Asian Express ва Контбонк дар Тоҷикистон ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ дониста мешаванд.
Сайидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар нишасти хабарии 28 январ сӯҳбат мекард, гуфт, “дар робита ба оқои Занҷонӣ масоиле матраҳ аст. Хеле аз шоеаҳо дар расонаҳо матраҳ мешаванд. Занҷонӣ ҳоло дар Эрон даргири масоили қазоӣ аст ва додгоҳҳои мо расидагӣ мекунанд. Он чизе, ки ҳоло матраҳ мешавад, атрофи Занҷонӣ, ин ҳадсу гумон аст. Ман наметавонам он ҳама масоилро таъйид ва ё рад кунам.” Сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе афзуд, “Занҷонӣ ҳеч нуктае манфӣ бар муносибати Эрон бо Тоҷикистон надорад. Эшон ба унвони як тоҷир фаъолият дошта, мисли онҳоест, ки дар Тоҷикистону Эрон фаъолият мекунанд.”
БАЪД АЗ ШЕЪРДӮСТ КӢ МЕОЯД?
Сайидмаҳмуди Садрӣ дар идома ба ин суол ки чаро сафорати Эрон баъд аз барканории Алиасғари Шеърдӯст то кунун сафир надорад, низ посух гуфт. Вай афзуд, “масъалаи сафир набудан матраҳ аст. Мо бо тағйири ҳукумат дар Эрон 40 сафирро барои кишварҳои дигар интихоб дорем. Ва масъалаи фиристодани сафир дар Тоҷикистон ҳам матраҳ аст. Мо бояд шахсеро интихоб бикунем ва инҷо фиристем, ки мувофиқ бошад. Ҳатман сафири ҷадид рӯйи кор хоҳад омад.”
Оқои Садрӣ илова кард, Алиасғари Шеърдӯст дар ҳоли ҳозир дар Эрон машғули кор буда, онҳо бо ӯ тамос доранд. Ӯ афзуд, “қазияи оқои Занҷонӣ ба Алиасғари Шеърдӯст ҳеч рабте надорад.”
ДАР БОРАИ НАҚБИ "ИСТИҚЛОЛ"
Сайидмаҳмуди Садрӣ дар ин нишасти хабарии худ ба масъалаи нақби “Истиқлол”, ки дар Тоҷикистон аз он бештар ба унвони “ғор” ёд мекунанд, дахл кард. Агарчӣ ин нақб чанд соли қабл сохтаву бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтааст, вале то ҳол комил нашудаву равуо тариқи он мушкил аст.
Дар ҳоле ки қаблан вакилони парлумони Тоҷикистон низ гуфта буданд, ки роҳбарияти ширкати “Собир”, масъули сохтмони “Истиқлол”, бояд ба Маҷлиси Намояндагон омадаву гузориш бидиҳанд, сарпарасти сафорати Эрон гуфт, чунин дархостеро нагирифтаанд. Дар мавриди шикояти вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон дар парлумон, ки эрониҳо сохтмони нақби “Истиқлол”-ро ба кундӣ пеш мебаранд, оқои Садрӣ гуфт, “ин аз он вобаста аст, ки чӣ гуна бояд кор кунанд.” “Барои анҷоми кори пурра масъулини ширкати “Собир” маҷбур мешаванд, роҳро бубанданд”,-гуфт ӯ.
"САНГТӮДА-2 ФАЪОЛ АСТ"
Ин масъули сафорати Эрон дар бораи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” низ сӯҳбат карда ва гуфт, ҳоло танҳо чархаи аввали ин нерӯгоҳ фаъол буда, 120 мегават нерӯи барқ тавлид мекунад. “Чун нерӯи барқи обӣ аст, инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки баъзан як муддат кор намекунад. Дар сурати фаъол кардани ҳарду чархаи нерӯгоҳ агар яке мутаваққиф шуд, дигаре ҳатман фаъол хоҳад буд”,-афзуд Сайидмаҳмуди Садрӣ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |