Бахшҳо
27 янв 2014 11:35Тоҷикистон / Акс

(VIDEO) Маҳмадсаид Пиров: "Аз рафтани Барзу чизеро аз даст надодем"

Шамсиддин Орумбеков, вазири нави фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 27 январ тайи як нишасти хабарӣ дар мавриди тарки Ватан кардани Барзу Абдураззоқов -- коргардони шинохтаи театри тоҷик изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “ин ҳаққи шаҳрвандӣ ва хоҳишу интихоби худи Барзу аст.”

Орумбеков афзуд, Абдураззоқов боре ҳам барои кор ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат накарда ва дар мавриди кор бо вазир мулоқоте ҳам надоштааст. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг, илова кард, ки ӯ бо Барзу сӯҳбати тӯлонӣ дошта ва аз нияти барои кор ба хориҷа рафтанаш огоҳ будааст: “Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, ки мутахассисони хуб барои кор ба хориҷа мераванд. Мо ҳам барои ҷалби коргардонҳои маъруфи хориҷӣ маблағи кофӣ дорем. Барзу ҳам дар асоси шартнома кор мекард ва рафтан ба Бишкек ин интихоби ӯст. Барзу агар аз мост, ӯ бармегардад."



Маҳмадсаид Пиров бо зикри он ки Барзу Абдураззоқов ба Қирғизистон рафтааст, таъкид намуд, "ӯ ба ягон дунёи дигар нарафтааст". Муовини аввали вазири фарҳанг афзуд, “аз рафтани Барзу мо чизеро аз даст надодаем. Ин ҷо ягон тараф гунаҳкор нест. Рафтани Барзу Абдураззоқов ба нафъи мост, чун ӯ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад.”

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театри тоҷик, баъд аз зуҳри 26 январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард. Наздикони Барзу Абдураззоқов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ӯ барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.



Тарки Тоҷикистон кардани ин коргардони маъруф дар ҳолест, ки тавре худи вазири фарҳанг мегӯяд, феълан тақрибан нисфи кормандони соҳа маълумоти олӣ надоранд ва ин аст, ки фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. “Аз 7092 корманди соҳа 46,2 фоизи онҳо бо маълумоти миёнаи умумӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон ин нишондод ба 64,2 фоиз баробар аст”,-таъкид дошт вазири нави фарҳанги Тоҷикистон.


Дар акс: Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Дар театри Лухтак кор кардан нахост, бале ки мехохад. Аслан Барзу профи хаст, ки натавонист бо дилетантхо кор кунад. Ё чукуртар гирем хамин театр ба мардуми гуруснаи точик чи даркор аст? Дар соле ду се бор барои Чанобашон маросимхои чашни омода карда нишон медиханд, ки ин бе Барзу хам мешавад, аслан Барзу ин корро намекард хам агар меистод....

Доно
Барзу аз манеееееее.........Бармегардадееееееее!!!!
Рутон сиях ба хамин давлатдоритон. Кадра кадр накунед раваду боз гуед аз мане...бармегардад. Барои чалби хоричиён маблаги кофи доред? Барои худатон надореду барои хоричи доред? Ман мани чи даркор Пиров?

in barzuaton korgari xubam nest.chi kore xube kardaast?fakat gaibatu mutila hamshahrihoi xudasha(kulobihoya)

Изхор
И мансабдорои мо гапошона фикр намекунан, ки чи меган. О аз як хоричира даъват кардани пули хангуфта додан да ними ними хамун пула ба Барзура медоден, ки кор мекард, хам санъати точик пеш мерафт, хам кудакош гурусна намемонданд хуб набуд, Пируф!!!!????

мухлис
Кадри зарро заргар медонад. Агар тамоми магзхо баромада раванд хам шумо парво надоред. Пиров дар асри дах зиндаги карда истодааст. Менталитет кишлокииииииииииииииииии!

ozod
parvo nakuned yakeash bo shumo zistanam haif guftu raft holo boshad dar kanori prezident budanam behtar meguyad .barzu ham meoyad yak kvartirash dihed pas omadana bined

хел сиёсати хубу окилона! "мо шуморо намеронем, хамон тавр мекунем ки худатон баромада меравед".Ибрат гиред аз Киргизхо.Кайд кардед,ки шумохам метавонед хунармандони хоричиро барои кор даъват намоед, аввал хунармандони худиро бо маошу кор таъмин намоед баъд сафсатагуи кунед! Гардед филмхои бемаънои "мугамбо" ба навор гирифта.

шамс
ин пиров худаш шикамаш сер доимо дар мансаби буланд чи парвойи Барзуву дигаронро дорад ин кавм холо пояш заминро намебинад вале давидани гусола то кохдон гуфтааанд.Рузе мешавад нхо зертобейи Барзухо мешаванд.

М. Пиров шуморо хам аз паси Барзу гусел кардан лозим аст, ки камтар аз хирича хунар омузед.

Abdulloh
Pirov! Sharm ham chizi xub ast! Sharm dored ! Ba noxuni poi Barzu namearzed!

Пиров, ты кто такой, давай до свидания!

Мухтарам М.Пиров шумо набояд утоки кории коргарони вазоратро баста, онро барои худ чои истирохат,хочатхонаву душ намесохтед. Ва ба Барзу барин коргаронро ончо мешинондед ки кори фархангро пеш баранд. Вазорат чои истирохат нест. Чаро инро касе назорат намекунад.

Барзу рафт, Пиров кай мерафта бошад.

Адл
Бовар кунед вактхои охир сайтхои алохидаро кушода номи Зайд Саидро хонда кимоб хам шудем. Боз номи Барзу Абдуразоков пайдо шуд. Гуё ки ба гайр аз Барзу дигар коргардон надошта бошем. Хол он ки он кадар хам сахми у дар пешбурди кинои точик калон нест. Факат мо точикон барои камтар мувафаккият баъзехоро болобардор мекунем. Фаркаш чи аст, ки у дар куча барои Ватан хизмат мекунад. Агар дар хакикат ватандуст бошад, дар Киргизистон хам номи Точикистона боло мебардорад. Лекин агар хамту як шахрванди Точикистон шуда, ба мисли Дадачонов А., Кувватов ва гайрахо проблема эчод кардани бошад, Ватан хеч вакт уро намебахшад. Лекин аз Барзу Абдуразоков чунин умед надорем. Бигзор номаш доимо бо неки дар сахифахои рузномахо ёд шавад ва ватантарккарда набошад.

махмадтоир
Бо рафтани Барзуи саропо истеъдоди нотакрор хайсияти миллиро аз даст додем, зй мансабхохи тангназар!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)