Бахшҳо

Розиву норозиёни барномаи "Орел и решка" дар Тоҷикистон

Барномаи марбут ба Тоҷикистони “Орел и решка” баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Муаллифони ин барномаи маърифатӣ-фароғатии Украина нимаи моҳи октябр ба Тоҷикистон омаданд ва ахиран ин барнома аз тариқи шабакаи “Пятница” ба эфир баромад.

Дар интернет ҳар куҷо, ки аз ин барнома ёд мешавад, зераш шарҳи зиёде мерезад. Гуруҳе аз таҳиягарони “Орел и решка” барои сабти барнома дар Тоҷикистон ташаккур мекунанд, қисме нафрин. Дуюмиҳо, ки ба назар мерасад, бештаранд, мегӯянд, ин барнома воқеиятро нагуфтааст.

Дар як сайри кӯтоҳ ба интернет чанд шарҳи марбут ба “Орел и решка”-ро гирд овардем, ки ҳоло пешниҳоди шумо ҳам мегардад. Дар зери хабари пахши барномаи “Орел и решка”-и хабаргузории “Озодагон” як корбар - Кавол навишта, ки “намедонам маслиҳатгарҳои инҳо кӣ буданд, аммо Тоҷикистонро хеле бад нишон доданд. На ягон симои зебо, на ягон ҷои хуб, на кори хуб. Будои 12-метра, қурутобхонаҳои миллӣ бошанд, умуман ҷое ҳастанд, ки онҷо антисанитария аст! Ҳамаашро бастан даркор! Шармандагӣ! Ба мо Пётри 1 ё Ататурки худӣ лозим, ки маданӣ шавем”.

Абдулло, шарҳнависи дигар гуфта, “фақат минусро намоиш додаанд. Ин кор нодуруст мебошад!”. Аммо Бону бар ин ақида аст, ки муаллифон воқеиятро намоиш додаанд: “Бо ин тарзи давлатдорию ҳукуматдорӣ магар плюс ҳаст? Агар бошад, марҳамат нишон диҳед. Ҳама "плюс"-ҳо фалш”.

Баҳсҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳастанд. Дар “Однокласники”-ву “Вконтакте” чанд рӯз аст, бештари корбарони тоҷикистонӣ ба ин мавзӯъ дахл мекунанд. Дар Фейсбук ҳам баҳсҳо хеле гарманд. Олим Ширинов навишта, ки барномаро тамошо кард ва барои ҳарфҳои қаблан дар Фейсбук гуфтааш дар нисбати он шарм дошт ва ҳамаи гуфтаҳояшро бозпас мегираду узр мепурсад. “Барнома ХУБ аст. Ҳама чиро он гуна нишон додаанд, ки ҳаст. Гузашта аз ин барнома хотироти хуберо дар қалбам боқӣ гузошт. Дар мавриди “минусҳо”-е ки Бедняков гуфт – чӣ худи мо онҳоро намебинем ва дар Фейсбук ё дар ҳалқаи дӯстон баҳс намекунем? Мо бо даст хӯрок мехӯрем, гузаргоҳи хонаҳоямон торик, дар кӯча гӯсфандҳоро сар мезананд...” Елена Штратникова ҳам гуфта, ки бо Олим ҳамфикр аст. Марҳабо Зунунова менависад: “Дар маҷмуъ барнома ба ман писанд омад”. Аммо ба фикри Нила Назарӣ, “ба ҳар сурат имкон дошт, дастовард ва анъанаҳои дигарро намоиш диҳанд”.

Зафар Абдуллоев менависад: “Барномаҳои гузаштаи онҳоро тамошо мекунӣ, мехоҳӣ ба ҳар шаҳре, ки рафтаанд, сафар дошта бошӣ, зебо, аҷиб, романтикӣ. Душанбе дилгиркунандатарин гузориши онҳо буд. Чунин ба назар мерасад, ин ҷо онҳо танҳо ба аксгирӣ машғул шуда кор накардаанд ё аз мо сахт ранҷидаанд. Фикр мекунам, агар чанд чунин сужаи дигар таҳия кунанд, барномаи онҳоро дигар тамошо намекунанд”.

Масрур Саидов бар ин андеша аст, ки барнома фармоишӣ анҷом дода шудааст. Зулфия Асророва мегӯяд: “Он чиро намоиш додаанд, ки ҳаст, аммо кам. Аз ҳама асосияш чиркинӣ ва партовҳои сари вақт тозанакардаро нишон надоданд. Кӯдакони беназорати аз субҳ дар кӯчаҳо гаштугузор мекардаро нишон надоданд.”

Дар торнамои “ТОП Видео”, ки яке аз нахустинҳо шуда барномаи мазкурро дар сомонааш ҷо дод, наздики 500 шарҳ гузошта шудааст, ки ёдовар шудани чанде аз онҳоро ҳам зарур мешуморем.

“Фара49”: “Спецально ҷои безеб рафтан”.

“АС МАКС”: “Ҳақиқатро гуфтанд... Дар Тоҷикистон ҷои хушрӯ барои туризм зиёд, давлат аҳмият намедиҳад. Ҳама гапуш ростай”.

“ИССИК102”: “Э неким ҷои хушрумона нагирифтиян сёмкада шармандамо каде”.

“Сироҷиддин Аштӣ”: “Барои тамошо омадан ё барои паст задани миллати мо?”

“Панарема”: “Хай истинный Тоҷикистона нишон додан, чӣ қаҳртон кадестай, ма намефаҳмам? И мо Душанбеда кайф када зиндагӣ кадестем берун аз шаҳр ҳамин аҳволай”.

Ин ҳама шарҳу баррасиҳо беҷавоб ҳам набуд. Гуруҳи “Орел и решка” дар як баёния дар интернет навишт, ки баъд аз хондани баҳсҳо перомуни барномаашон дар Тоҷикистон натавонистаанд хомӯш бошанд. Онҳо иддаои бештари корбаронро, ки барномаро танҳо манфӣ нишон додаанд, рад мекунанд. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки онҳо бо мақсади таблиғи кадом як кишвар ба он ҷо сафар намекунанд ва барои сабти барнома аз касе ҳам пул намегиранд. Онҳо талош мекунанд, анъана ва фарҳанги ҳар кишвареро, ки онҷо сафар мекунанд, ба тамошобини худ нишон диҳанд.

Аммо ин ҳам сабаби коҳиши шарҳҳои корбарони интернет нашуда ва баҳсҳо ҳамоно зиёдтару гармтар мешаванд.
Мӯҳр
в
Ин фейсбукаш чойи бекорхучаву плефтахо будааст. Кори дигар надоранд, ки як барномаи бемаънии дешевкаро шабу руз обсуждат карда истодаанд.

А
Орел и решка дар хучанд омданаш даркор буд

БА БОНУ. Рост гуфтаи хама минус дар барнома хаст. Онхо танхо хукматро паст назадаанд ВАТАН, МИЛАТ, МАРДУМИ МОРО паст задаанд. Набояд хомуш истод! айбаст ки дар хаминхел тахкир вокуниши хукматро интизор шавем!

Умед
Ончи к4и аён жаст, жочат ба баён нест.
Барнома хакикати моро нишон дод.

Фикри шахсии ман!!! Оё инхоро дар Точикистон касоне буданд, ки пешвоз гирифтанд ба фикрам ва ба он тарафхо равон карданд. Айбдор одамони худамон, ба ин рох додаднд. Дар Россия низ хастанд чойхое, ки савора рафта наметонад! Онхоро инхо нишон намедиханд. am

ватандуст
точикистони мо ягонааст Онхо набояд инхел паст мезаданд .я бор оби чашмахои точикистона менушиданд дигар асал дар дахоншон талх метофт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)