Бахшҳо
05 июл 2013 14:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Зиёиён 200 ҳазор сомонӣ ва ҳабси амволи Тутубалинаро хостаанд

Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” худи Олга Тутубалина рӯзи 5-уми июл хабар дода, афзуд, ки даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон аризаи даъвогиро ба суд пешниҳод карда, нусхаи онро имрӯз ба идораи “Азия Плюс” овардаанд.

Даъвогарон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таъқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Қаблан Меҳмон Бахтӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз азми қавӣ барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина хабар дода, дар шарҳи он афзуд, ки “Вақте вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”

Меҳмон Бахтӣ шарт гузошта буд, ки агар Олга Тутубалина аз зиёиён узр хоҳад, онҳо ба додгоҳ муроҷиат нахоҳанд кард. Аммо Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” аз ҳеч кас маъзарат нахоҳад хост. Чун ба гуфтаи ӯ, “касеро таҳқир накардаам ва ҷое барои маъзаратхоҳӣ намебинам”.
Мӯҳр
Зиёёни мухтарам хуб фикр кунед ки боз 200 хазор доллари насупоред ОЛГА ТУТАБУЛИНАДА

Чо мекунанд худашона шарманда кардаву обруи бе ин хам надоштаашонро ба хок яксон карда...

Ба фикрам, хар нафаре ё иттиходияе, ки симои худро шинохт, даъво кард, вагарна суд чиро мухокима мекунад: онхо гух хастанд ё на? Ва ачибтараш: чи гуна ташхис ва муайян мекунад?

Шамсулло
Ба як гурух зиёиён гуфтаниям,ки дар хакикат Шумо дар байни мардум обрую эътироф надоред. Чун,ки зиёиёни точик бо халк нестанд ва факат дар фикри он хастанд,ки ба онхо Хукумат имтиёзхо медихад ё бо тухфаи киматбахо ё манзил, онхоро хушнуд мекунад.
Ба хонума Ольга бошад, дар чодаи касбаш пирузихо, хакикатгуихо,адолат
хо ,бурдборихо хохонам.

Нашрияи мӯҳтарам! Хоҳишмандам ҳамин матлаби маро чоп кунед.

Магар қазияи халабонҳои рус фаромӯш шуд, ки худатонро бо шохи гов ҷанг меандозед? Даҳ сол зиёд наша раша тамоми миллати тоҷикро таҳқиру ҳақорат кард, вале касе ба он масхарабозон ҷазоро раво надид. Акнун ғуруру нангу номӯс бедор шуд? Ҳоло ки қарори суд нест, ВАОи Руссия хомӯш аст. Замонеки суд ба зарари О.Т. қарор содир кард, тамоми онҳо ба ду пой бармехезанду "Караул, обижают русскую журналистку!" гӯён ба муҳоҷирони тоҷик дармеафтанд. Магар бо халабонҳо ҳаминтавр нашуда буд? Барои Руссия муҳим нест, ки О.Т. шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, муҳим он аст О.Т як зани миллати рус аст. Онҳо ҳамаи русҳои берун аз Руссияро низ "НАШИ СООТЕЧЕСТВЕННИКИ" мегӯянд ва таҳти ҳимояи хеш мегиранд. Ин як тарафи қазия аст.

Ҷониби дигари қазия ин аст ки, О.Т. ҳатман шаҳрвандии Руссияро дорост ( дар баробари шаҳрвандии ТҶ). Ман сад фисад бовар дорам ки дорад, зеро аз қонуни либералии "душаҳрвандӣ" дар Тоҷикистон истифода бурда, ҳамаи русҳои Т,Ҷ, кайҳо табаъияти (шаҳрвандии) Руссияро низ дарёфт кардаанд ва аз он дар Тоҷикистон ҳамчун сипар истифода мебаранд. Густохона амал кардани (узр нахостани) О.Т. низ аз ҳамин сабаб аст. Ӯ бовар дорад ки, Руссия ва русҳо дар як вақти муайян ба кӯмакаш мешитобанд ва Тоҷикистон ва тоҷикҳо ин дафъа низ шармандавор ақиб мегарданд. Аз ин лиҳоз, модоме қазияи мазкур инқадар овозаву дарвоза шуд, ҷониби Тоҷикистон БОЯД онро ба фоидаи даъвогарон ҳал намояд. Илова бар он, ҳафтаномаи "Азия +" тамоман баста шавад, зеро ин бори аввал нест, ки дар саҳифаҳои ин ҳафтанома нисбат ба миллат, ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мақолаҳои таҳқиромез нашр мегардад, ва касе ба онҳо чизе намегӯяд. Журналист О.Т. аз рӯи одати муқарарияш он мақоларо навистааст.
Агар муфаттишон, тавре "корҳои чандсолаи З. Саидовро" тафтиш карда истодаанд, ҳамин тавр шумораҳои сесолаи "Азия+"ро низ тафтиш кунанд, барои бастани ин нашрия далелҳои хеле зиёд пайдо кардан мумкин. Ин чандон кори мушкил нест. Дар китобхонаи Фирдавсӣ ҳамаи нашрияҳо маҳфузанд. Фақат ирода даркору нангу номуси миллӣ!

Ва охирин масъала. Ҳамин "душаҳрвандӣ"миёни Тоҷикистон ва Руссия барои миллати тоҷик ягон аҳамият дорад? Магар вақти он нарасидааст ки ин чиз барҳам дода шавад? Мутахассисон фикри худро мегуфтанд, хуб мешуд.

Хааа, Олгабиби! Акнун кучоянд хочахои пасипардагият, ки туро халос кунанд? Сазои ту барин зани бехаёе, ки бо фармони тангназарон дар матбуот дашноми кабех мекунад, хамин аст. Холат аз ин бадтар мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)